ҶАШНИ ОФТОБИ ЗИМИСТОН.

0
8

Шаби Ялдо ба Рӯйхати репрезентативии мероси  фарҳангии ғайримоддии UNESCO ворид карда шуд

Ҷашни қадимии мардумони ориёӣ-Шаби Ялдо бо пешниҳоди Эрон ва Афғонистон ба Рӯйхати репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддии UNESCO ворид карда шуд.

Шаби Ялдо дарозтарин шаби аввали моҳи дай, ҷашни қадимии мардумони ориёист, ки ба муносибати зодрӯзи эзади Меҳр ё Митра баргузор мешуд. Мувофиқи тақвими эронӣ, шаби 30-юми моҳи Озар (22 декабр) рӯзи таваллуди Меҳр мебошад, зеро аз ҳамин вақт сар карда, рӯзҳо дарозтар ва тобиши Офтоб бештар мегардад.

Муовини Директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фирӯза Раҳматуллоева мегӯяд, ки Офтоб яке аз ситораҳои азимтарине дар коинот буда, дар низоми худ 9 сайёраро идора месозад. Сайёраи Замин- мавҷудаи тамоми ҳаёти зиндаи мост, ки дар он ҳаёт вуҷуд дорад.

Сайёраи Замин доимо дар харакат аст, ӯ дар атрофи Офтоб ва меҳвари худ давр мезанад. Меҳвари Замин хати хаёлӣ мебошад, ки аз Шимол ба қутби ҷанубӣ кашида шудааст (ҳангоми гардиш онҳо беҳаракат мемонанд) ва нисбат ба ҳамвории Замин кунҷи 66 дараҷаю 33 сонияро ташкил медиҳад. Инсоният лаҳзаи гардишро пайхас карда наметавонад, зеро ҳамаи ҷирмҳо мувозӣ ҳаракат мекунанд ва суръати онҳо ба назар як хел аст.

Як гардиши пурра дар атрофи меҳвар давоми як шабонарӯзи ситоравӣ ба анҷом мерасад, ки аз 23 соату 56 дақиқаю 4 сония иборат аст. Дар ин фосила аввал як тарафи сайёра, баъд тарафи дигари сайёра ба сӯи Офтоб табдил ёфта, аз он ба миқдори гуногун гармӣ ва нур мегирад.

Фирӯза Раҳматуллоева иброз дошт, ки «дар ҳаракати Замин 4 нуқтаи муҳим вуҷуд дорад. 2 нуқтаи онро эъдидоли баҳорӣ ва тирамоҳӣ меноманд, ки 21-22 март ва 22-23 сентябр рух медиҳанд. 2 нуқтаи дигар инқилоби тобистона ва зимистона номида мешаванд, ки 20-21 июн ва 21-22 декабр ба вуқӯъ меоянд. Инқилоби зимистона лаҳзаест, ки Офтоб ба нимкураи шимолӣ аз ҷанубтарин нуқтаи эклиптика ё дар нимкураи ҷанубӣ аз шимолтарин мегузарад. Таҳқиқи ин маврид нишон медиҳад, ки баландии Офтоб аз рӯзҳои инқилоби зимистона сар карда, яъне баъди 21 декабр то ба инқилоби тобистона рӯз аз рӯз меафзояд ва аз инқилоби тобистона, яъне баъди 21 июн то ба инқилоби зимистона рӯз аз рӯз кам мешавад».

Шаби Ялдо-Шаби Чилла –ҷашнвораи ориёист, ки дар «дарозтарин ва ториктарин шаби сол» таҷлил мешавад. Ялдо ҷашни Офтоби зимистон, яъне шаби Офтоби зимистон дар нимкураи шимолӣ мебошад. Аз рӯи тақвим, ин ба шаби 20-21 декабр (±1) мувофиқи тақвими григорианӣ ва шаби байни рӯзи охири моҳи нуҳум (азор) ва рӯзи аввали моҳи даҳум (рӯз) рост меояд. Шаби Ялдоро аз нигоҳи астрономӣ инқилоби зимистонаи Офтоб меноманд. Офтоб дар ин вақт аз нуқтаи ҷанубтарини эклиптика (бо майли 23027) мегузарад ва рӯзи аз ҳама кӯтоҳу шаби аз ҳама дароз ба вуҷуд меоянд. Ориёниҳо бахшида ба ҳамин сана шабнишиниҳо барпо менамоянд.

«Дар ин шаби тӯлонтарин ва тиратарини сол аз қадим маъмул аст, ки аҳли хонавода ҷамъ меоянд. Одатан нишастаниро дар рамзи меваю чормағз, махсусан анору тарбуз дида, онҳоро дар рӯи дастархон мегузоранд. Ранги сурхи ин меваҳо рамзи тобишҳои арғувонии субҳ ва равшании ҳаёт аст, яъне рӯй ба тобиши Офтоб меоранд.

Дар минтақаи Тоҷикистон инқилоби зимистонаи Офтоб 22 декабри соли 2022, соати 02:48 дақиқаи шаб фаро мерасад»,-гуфт Фирӯза Раҳматуллоева.

Раъно НУСРАТУЛЛОЗОДА,
АМИТ «Ховар»