10 ДЕКАБР- РӮЗИ ТАЪСИСИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

0
10

10 ДЕКАБР- РӮЗИ ТАЪСИСИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ   ТОҶИКИСТОН

 

 10 декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рушди устувори Тоҷикистони соҳиб истиқ лол, ободу пешрафта ва аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ босубот мебошанд.

Бунёди ҳар ҳизби сиёсӣ тақозои замон аст. Агар аз ин нуқтаи назар мо ба таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нигоҳ кунем, воқеан он дар даврае амалӣ гардид, ки Тоҷикистон  дар марҳилаи душвортарини таърихи худ қарор дошт. Ин давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва пайдо шудани зиддияту барҳам хӯрдани манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни аҳолии кишвар буд.

Давраи асосии ташаккули ҲХДТ аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон маншаъ мегирад. Иҷлосияе, ки дарвоқеъ барои мардуми Тоҷикистон тақдирсоз буд, чунки тақдири халқи Тоҷикистонро барои давраҳои минбаъда муайян намуд. Қарорҳои ин иҷлосия оид ба барқарор намудани ҳукумати конститутсионии кишвар таҳти сарварии роҳбари ҷавону дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи ояндаи Тоҷикистони навин нақши ҳалкунанда доштанд.

Охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри XX дар Тоҷикистон давраи таҳаввулоти бузурге буд, ки ҷомеаи моро тадриҷан ба бархӯрдҳои ҳамватанӣ ва низоъҳои минтақавӣ расонид. Ҳизби коммунистӣ, ки тӯли 70 соли мавҷудияти давлати Шӯравӣ ҳизби ҳукмрон буд, аллакай зимоми қудратро аз даст дода, нуфузу эътиборашро дар байни мардум гум карда буд. Сабаби асосӣ он буд, ки ин ҳизб баъд аз сар задани нооромиҳо дар ҷумҳурӣ пеши роҳи тафриқаву низоъро дар ҷомеа гирифта натавонист. Бо аз байн рафтани қудрату нуфузи Ҳизби коммунистӣ дар Тоҷикистон фазои холии сиёсӣ ба вуҷуд омад, ки боиси дар муддати кӯтоҳ пайдо шудани якчанд ҳизбҳои нави сиёсии ба ном «демократӣ» гардид.

Мардум умед доштанд, ки ин падидаи нав сохтори сиёсие мешавад, ки дар бунёди давлати демократӣ дар Тоҷикистон саҳми худро гузошта метавонад. Лекин, мутаассифона, фаъолияти ин гуна ҳизбҳои тозабунёди ба ном «демократӣ» барои Тоҷикистон оқибати харобиовар дошт, ки мардуми кишвар шоҳиди он гаштанд: тезу тундшавии зиддият миёни онҳо, барҳам хӯрдани ақидаву манфиатҳо, зиддияту хушунат дар байни аҳолӣ ва ниҳоят ҷанги шаҳрвандӣ. Ҳамин буд як сабаби асосии қатъ шудани фаъолияти баъзе ҳизбҳо бо қарори Суди Олии Тоҷикистон.

Инак, ҲХДТ чӣ тавр таъсис ёфт? Корҳои ташкиливу таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз моҳҳои апрел-майи соли 1993 оғоз шуда буданд. Дар ин маврид бояд як чизро хотиррасон намоем, ки ҳамон давра дар якчанд давлатҳои собиқ Шӯравӣ Ҳизби коммунистиро тағйири ном карда, Ҳизби халқӣ-демократӣ ном монда, гӯё бо ҳамин ба эъмори ҷомеаи нав шурӯъ карда буданд. Вале Роҳбари давлати Тоҷикистон аз ин роҳ даст кашиданд ва дастур доданд, ки мо бояд ҳизби комилан нав созмон диҳем. Ҳамин тавр, Тоҷикистон дар фазои собиқ Шӯравӣ ягона кишваре шуд, ки аз сифр шурӯъ карда, ҳизби комилан нав бунёд намуд.

Вақте ки сухан аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократӣ меравад, пеш аз ҳама, бояд мавқеи устувору дурандешонаи Роҳбари давлати Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро пеши назар биёрем, ки он роҳи баъдинаи давлати моро муайян ва мушаххас намуд. Ташаббускор ва бунёдгузори ҳизбе, ки ба тозагӣ ташкил мешуд, шахсан худи Роҳбари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд.Тибқи супориши Роҳбари давлат, бояд ҳизбе созмон дода мешуд, ки ҷомеаи моро сарварӣ намояд ва онро ба ояндаи ободу осуда ҳидоят диҳад. Бо ҳамин мақсад, вақте ки ин роҳ мушаххас гардид ва барои ташкили чунин ҳизб шароит фароҳам омад, аз ҷониби Сарвари давлат ба ҳамонвақта роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президент Султон Мирзошоев ва ман, ки ҳамон вақт мушовири Роҳбари давлат будам, супориш дода шуд, ки Оиннома ва Барномаи ҳизбро таҳия намоем. Мо, пеш аз ҳама, зарур донистем, ки бо оинномаю барномаи аҳзоби сиёсии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Ҳизби сотсиал-демократии Олмон, Ҳизби демократии ИМА, Ҳизби халқии Россия ва ғайра шинос шавем ва аз онҳо ҷиҳати сохтани Оиннома ва фаъолияти ҳизбамон истифода барем.

Бо кӯшишҳои зиёд оинномаҳо ва барномаҳои ин ҳизбҳоро дастрас кардем, бо онҳо шинос шудем ва бо назардошти хусусияти таърихию фарҳангӣ, диниву этникии халқи Тоҷикистон то миёнаҳои июни соли 1993 нусхаи нахустини санадҳои заруриро тайёр карда, ба Сарвари давлат пешниҳод намудем. Ҷаноби Олӣ бо он шинос шуданд ва тавсия доданд, ки дар таҳияи ҳуҷҷатҳои мазкур, пеш аз ҳама, ба ҷанбаи иҷтимоӣ, моҳияти иҷтимоӣ доштани давлати мо такя намоем. Барои он кӯшиш намоем, ки дар ҳамин давраи мушкилу мураккаб манфиатҳои иҷтимоии мардум дар мадди аввал бошанд.

Сипас, бо дастури Роҳбари давлат дар Шӯрои Олии ҳамонвақта бо иштироки муовини аввали Раиси Шӯрои Олӣ Абдулмаҷид Достиев ҷаласа оростем ва ин Оинномаро ҳамаҷониба муҳокима карда, ба кумитаи тадорукоти ҳизб пешниҳод намудем.

Бояд гуфт, ки анҷоми ҳамаи ин корҳо ба осонӣ муяссар нашуд. Баъзе шахсоне, ки мехостем ҷалбашон намоем, дудила мешуданд, мавқеи устувор надоштанд, гоҳҳо маҷлисҳоро тарк мегуфтанд, гоҳҳо халалдор месохтанд. Борҳо ба мо — ташкилотчиёниҳизб таҳдидҳо низ карда буданд. Вале, сарфи назар аз чунин монеаҳо, мо — аъзои кумитаи тадорукоти ҳизб корҳои ташкилиамонро анҷом дода, моҳи августи соли 1993 дар матбуот эълон кардем, ки кумитаи ташкилии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Баъд аз таъсис ҳам, азбаски мо аз моликияти Ҳизби коммунистӣ даст кашида будем, ҳамаи корҳои ташкилию хоҷагии ҳизбро аз ҳисоби дастгирии ҷонибдорони ҳизб ба сомон мерасонидем.

Дар аввал номи ҳизби мо «Халқӣ» буд, чунки бо мардум, бо халқ робитаи наздик доштан ҳадафи аслии он буд. Пеш аз Анҷумани муассисони ҳизб шумораи ҷонибдорони ҳизб хеле афзуд. Аммо ҷавҳари асосии ҳизб ҳамон нафароне буданд, ки моҳи июни соли 1993 ҷамъ омада, дар пайи эҷоди чунин ташкилоти сиёсӣ шуданд. Ин иқдоми мо дар ҷомеа вокуниши зиёде ба амал овард. Нафароне ҳам буданд, ки аз тариқи матбуот ҳар гуна кинояву сангпартоиҳо мекарданд. Хусусан намояндаҳои ҳизби коммунист ба ин иқдоми мо муросо кардан намехостанд. Онҳо медонистанд, ки дар кишварҳои ҳамсояамон ҳамон ҳизбҳои коммунистиро бо дастгоҳу кормандонаш ба Ҳизби Халқии Демократӣ табдил медоданду бо ҳамин гӯё ба демократисозии ҷомеа мепардохтанд. Вале тавре зикр карда шуд, Роҳбари давлати Тоҷикистон ба ин гуна кор розӣ набуданд ва мехостанд, ки як ҳизби комилан нав Тоҷикистони навинро ба сӯи ҷомеаи демократӣ ҳидоят кунад.

Бо назардошти ҳамаи ин мо тасмим гирифтем, ки аъзои кумитаи тадорукоти ҳизб аз тариқи матбуот баромад кунанд ва ба ҳамаи саволҳо ҷавоб гӯянд. Мо, як гурӯҳ аъзои кумитаи тадорукоти ҳизб- Д.Давлатов, Қ.Расулов, С.Сафаров, Ҷ. Тағоев, Н.Асадуллоев тавассути рӯзномаҳо ва радиову телевизиони ҷумҳурӣ баромад карда, ба мардум мефаҳмондем, ки ҳадафи мо низоъ андохтан не, балки бо роҳи демократӣ пеш бурдани ҷомеа мебошад.

Аслан ҳадафу мақсади таъсиси ҳизби мо он буд, ки барои мардум дар мавриди эъмори ҷомеаи демократӣ парчами сиёсӣ бошем. Моро зарур буд, ки бо ҷомеаи ҷаҳонӣ наздик бошем, арзишҳои волои ҷомеаи башарӣ ва мутамаддинро бипазирем ва барои пешрафти иқтисоду иҷтимоиёти Тоҷикистони азизамон истифода барем. Аз ин дида, роҳи беҳтар вуҷуд надорад.

Дар ҳамин даврае, ки мо ба созмон додани ҳизби тозабунёд машғул будем, дар ҷумҳурӣ комиссия оид ба таҳияи лоиҳаи нави Конститутсияи Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Азбаски ҳар як ҳизбу созмон дар доираи меъёрҳои Конститутсия амал мекунад, мо ҳам зарур донистем, ки то қабули Конститутсияи нав таъхир кунем, сипас Оинномаи ҳизбро бори дигар бо Конститусияи нав мувофиқа карда, танҳо баъд аз он ҳизбро сабти ном кунем. Ана ҳамин шуд як сабаби асосии ба таъхир афтодани сабти номи ҳизб ва баргузории Анҷумани муассисон. Танҳо моҳи декабри соли 1994, баъд аз қабули Конститутсияи нав ба мо муяссар гардид, ки Анҷумани нахустинро гузаронем.

Бояд дар назар дошт, ки дар он замон дар бисёр ноҳияҳои шарқӣ ва ҷанубии кишвар ҷанги шаҳрвандӣ бошиддат идома дошт. Дар чунин вазъияти ниҳоят душвору мураккаб Ҳизби Халқии Демократӣ ташаккул ва обутоб меёфт. Бо мурури замон ҲХДТ ба яке аз пурқудраттарин қувваи сиёсии кишвар мубаддал гардид, ки назар ба ҳар гуна неруи дигари сиёсӣ нуфузу эътибори хеле бештар дошта, аз ҷонибдории оммаи васеи мардуми кишвар бархурдор мебошад.

Воқеияти таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамин аст. Лекин аз чӣ сабаб бошад, ки имрӯз баъзеҳо, ҳатто аъзои ҳизб ҳамин ҳақиқати таърихиро зери суол монда, дар мавриди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фарзияҳои бебунёдро дар миён гузошта истодаанд. Гӯё моро дар вақташ ташкилоти байналхалқӣ ва ҳатто Россия фишор оварда бошанд, ки ин ҳизбро ташкил диҳем. Вале ягон ақида, сохтор болои халқе ё миллате таҳмил карда намешавад. Агар иҷборан анҷом диҳанд, беоқибат аст. Ҳизби мо давоми солҳои фаъолияташ тавонист, ки миёни мардум маҳбубияти зиёд касб намояд, даҳҳо ҳазор нафар ғайриҳизбиро аз ақиби худ барад ва ба кори давлатдорӣ ҷалб намояд.

Мо, тоҷикон халқе ҳастем, ки таърихи хеле пурфоҷиаву мудҳиштаринро аз сар гузаронидем. Ҳеҷ як халқи дигари ҷаҳон чунин таърихро аз сар нагузаронидааст. Вале халқи куҳанбунёду қавииродаи тоҷик ҳамаи он шебу фарозҳои таърихро аз сар гузаронида, дар оташи он обутоб ёфта, имрӯзҳо дар радифи халқҳои дигари Осиёи Марказӣ ба сӯи ҷомеаи мутамаддин равон аст.

Вақте дар баъзе расонаҳо сатҳи тараққиёти иқтисодию иҷтимоии имрӯзаи Тоҷикистонро бо кишварҳои дигари собиқ Шӯравӣ муқоиса мекунанд, як падидаи муҳимро ба эътибор намегиранд. Дар аксари ҳолатҳо дар кадом вазъият қарор доштани кишвари мову кишварҳои дигари Осиёи Миёна дар замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ аз мадди назар дур мемонад. Агар аз рӯи адлу инсоф муқоиса карданӣ бошем, бояд ҳатман ба назар гирем, ки солҳои 70-80-уми асри XX дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаи Шӯравӣ якчанд конҳои бузурги истихроҷи газу нафт кашф шуда, қубурҳои интиқоли он ба бозорҳои ҷаҳонӣ низ ба кор даромада буданд. Ин қубурҳо гази Туркманистону Узбекистон ва газу нафти Қазоқистонро ба хориҷи кишвар ба фурӯш мебурданд. Аз рӯзе, ки ин кишварҳо соҳиби истиқлолият шуданд, аз ҳисоби фурӯши газу нафт ба хазинаи онхо даҳҳо миллиард доллар маблағ ворид мешуд. Чунин маблағҳои афсонавиро онҳо ҳатто орзу карда наметавонистанд. Дар Қирғизистон ҳам яке аз калонтарин конҳои тиллои Шӯравӣ бо номи Қумтор сохта шуда буд, ки соле даҳҳо тонна тилло истихроҷ мекард.

Акнун муқоиса кунед бо вазъи Тоҷикистон – мо на танҳо аз газу нафт маҳрум будем, балки дар замони бесарусомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳар чизе ки арзиш дошт, аз ҷумҳурӣ ба ғорат бурда шуд. Мо бо ҷангу ҷидоли дохилӣ овора, ҳатто аз тақсими мероси Шӯравӣ ҳам маҳрум мондем. Ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Миёна мисли ҷумҳуриҳои дигари собиқ Шӯравӣ, ба истиснои Тоҷикистон, ҳамон вақт соҳиби миқдори зиёди техникаи ҳарбии Шӯравӣ, аз ҷумла танкҳову самолётҳои ҷангӣ, ки қимати онҳо садҳо миллион долларро ташкил медод, шуда буданд.

Лекин бо вуҷуди ин ҳама мо имрӯз шукр мекунем, ки ҳолати иқтисодии мо аз ҳамсояҳо беҳтар набошад ҳам, бадтар нест. Ҳол он ки ҳар як сомонии ба хазинаи давлати Тоҷикистон воридшуда на аз ҳисоби даромади манбаъҳои табиӣ, балки бо заҳмату арақи ҷабини халқи меҳнатдӯсти мо пайдо шудааст.

Ба шарофати талошҳои пай дар пайи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем ягонагии давлатамонро нигоҳ дорем ва ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшему барои ободию зебогии ватани азизамон кӯшишҳо ба харҷ диҳем. Бузургтарин хизмати Президенти Тоҷикистон дар он буд, ки дар майдони холӣ тавонистанд аз сифр шурӯъ карда, давлати соҳибистиқлоли моро созанд. Замони ҷангу ҷидоли дохилӣ ними ин давлат сӯхтаву валангор шуда буд, мардум аз зағораву донаи ҷорӯб орд карда, нон мехӯрданд, лекин Пешвои миллат тавонистанд сулҳу ваҳдатро пойдор, сӯхтаҳоро бартараф, мардумро муттаҳид, дастархони халқро обод ва шиками мардумро сер намоянд. Воқеияти таърихи Тоҷикистони навин ҳамин аст.

Он рӯзҳо ин ободиву фаровоние, ки мо имрӯз дорем, мардум ҳатто тасаввур намекарданд, ки ба чунин рӯзҳо мерасанд. Имрӯз давлати мо чӣ қадар зебову обод гашта, ба яке аз марказҳои муҳими сиёсати байналмилалӣ мубаддал гардидааст.

Вале дастовардҳои Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати муқтадиру муосир боз баъзеҳоро ба таҳлука овардааст ва тавре маълум аст, онҳо кӯшиш карда истодаанд, ки вазъи сарҳади Тоҷикистонро ноором созанд. Тавре маълум аст, кафили устувории давлат ваҳдати миллӣ мебошад. Барои пеши роҳи ин иғвогариҳоро гирифтан роҳи асосӣ — якдилию муттаҳидии мардум дар атрофи Пешвои миллат, хусусан якдилию муттаҳидии нухбагони сиёсии кишвар ва садоқату самимияти онҳо дар атрофи Президенти Тоҷикистон мебошад.

Агар мо муттаҳид бошем, ба халқу давлат ва манфиатҳои миллӣ содиқ бошем, ягон нафар ҷуръат намекунад, ки нисбат ба мо фитнаву дасиса ангезад.

Давлаталӣ ДАВЛАТЗОДА,
собиқадори ҳизб