ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ — АДОЛАТ АЗ МОСТ! БА МО ЯГОН ВАҶАБ ЗАМИНИ БЕГОНАГОН ЛОЗИМ НЕСТ АММО ЯК ВАҶАБ ЗАМИНАМОНРО БА ҲЕҶ КАС НАМЕДИҲЕМ!

0
1

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи сулҳпарвари он ҳамеша тарафдори бо роҳи одилона ва мусолиҳатомез, бар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳал намудани муаммои сарҳадӣ мебошад. Ин нукта дар мақолаи сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо вобаста ба моҳият ва асосҳои ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғиристон ва мақолаи таҳлилии «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Тоҷикистон давлати таҷовузгар нест?» иброз доштааст. Мо санадҳои ҳуқуқӣ – ҳуҷҷати муайянкунандаи сарҳади давлатӣ дорем ва адолати таърихӣ дар тарафи мо мебошад.

Дар мақола таъкид гардидааст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯриҳои худ пайваста ба ҷавонон иброз медоранд, ки ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар, пеш аз ҳама, ба зиммаи ҷавонони баору ғаюр ва далеру шуҷои Ватан вогузор шудааст. Ҷавонон бояд Ватанро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст доранд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Инчунин қайд гардидааст, ки дар тӯли таърих миллати тоҷик дар ҳеҷ замоне ба хоки дигаре лашкар накашидааст ва дар ин радиф коршинос ба бисёре аз масъалаҳои ниҳонии низои марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон равшанӣ андохта, бори дигар собит сохтааст, ки дар ин масъала Тоҷикистон ва мардуми шарифи он аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва таърихӣ ҳақ мебошанд. Аз ин сабаб, дар баҳси сарҳадӣ Тоҷикистон дар ягон маврид кишвари таҷовузкор яъне (агрессор) нест ва буда наметавонад ва баракс айни замон 211.000 гектар замини қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 90 сол дар ихтиёри Қирғизистон қарор дошта кишвари ҳамсоя тӯли ин солҳо бе ягон ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ истифода намуда истодааст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар тамоми давраи мавҷудияти Тоҷикистон ва Қирғизистон, танҳо ҳуҷҷатҳои тақсимоти миллӣ-ҳудудии солҳои 1924-1927 ва соли 1932 тамоми расмиёти талабкардаи Конститутсияи ИҶШС аз соли 1924-ро гузаштаанд ва танҳо ҳамин ҳуҷҷатҳо ҳамчун ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи сарҳади давлатӣ байни ин ду ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд.

Ва ҷониби Тоҷикистон танҳо ҳамин ҳуҷҷатҳои қонуниро ба эътибор мегирад ва ба мо ягон ваҷаб замини бегонагон лозим нест аммо як ваҷаб заминамонро ба ҳеҷ кас намедиҳем!

Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос