БОБО ҲАМДАМОВ (ходими давлативу ҷамъиятӣ, нахустин Раиси Суди Олии РСС Тоҷикистон ва дуюмин Раиси шаҳри Сталинобод)

0
0

Зиндагинома

Ҳамдамов Бобо 02.12.1902 дар деҳаи Ярми ноҳияи Мастчоҳ дар оилаи камбағал таваллуд шудааст. Арбоби давлативу ҷамъиятӣ. Аз соли 1926 аъзои Ҳизби Комунистии Тоҷикистон. Тўли солҳои 1921-1922 коргари корхонаҳои гуногуни навоҳии Фарғона. Солҳои 1923-1924 ихтиёрӣ ба сафи Армияи Сурх дохил шуда, дар отряди 4-уми ихтиёрии полки савораи 12-ум Аскарони Сурх ба сифати роҳбалад ва мукташиф (разведчик) хизмат намудааст.

Солҳои 1923-1931 дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар мубориза бар зидди босмачиён, аз ҷумла дар торумор кардани дастаи Иброҳимбек иштирок намудааст. Дар давоми солҳои 1924-1925 дар вазифаи Раиси Шўрои деҳоти Палдорак ва Ланглифи ноҳияи Мастчоҳ, солҳои 1925-1926 ба ҳайси Раиси Комиҷроияи вилояти Уротеппа, солҳои 1926-1928 ба сифати Раиси суди ҳавзаи (округи) вилояти Уротеппаву Панҷакент, аз моҳи марти соли 1928 то январи соли 1929 дар вазифаи Раиси суди Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Автономии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи январи соли 1929 то моҳи августи соли 1929 ба сифати ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кўлоб, сипас то моҳи октябри соли 1929 такроран дар вазифаи  Главсуд фаъолият намудааст.

Аз 26.10.1929 Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Иттифоқӣ табдил ёфт ва главсуд ба Суди Олӣ иваз карда шуд.

Бобо Ҳамдамов нахустин Раиси Суди Олӣ ва муовини Комиссари Халқии Адлия ба қисми судӣ интихоб гардид. Дар давоми солҳои 1929-1932 Бобо Ҳамдамов дар ин мақоми баланди судӣ ҳиссаи арзандаи худро барои пойдор ва мустаҳкам намудани ҳокимияти советӣ дар Тоҷикистон гузоштааст. Бобо Ҳамдамов хамчун ташкилотчии моҳир ва роҳбари оқилу кордон дар рушди хоҷагии қишлоқ, пешрафти илму маданият, таъмини риояи адолати судӣ, пурзур намудани боварию эътимоди халқ нисбат ба давлату давлатдорӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Маҳз ҳамин боварию эътимоди мардум буд, ки дар давоми солҳои 1926-1932 Бобо Ҳамдамов вакили конференсияи дуюми вилоятии Тоҷикистони Ҳизби Комунистии (б) Узбекистон, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии шўроҳои Тоҷикистон ва Президиуми РАССТ ва РССТ интихоботи якум, дуюм, сеюм ва чорум буд.

Мавриди зикри хоса аст, ки тамоми санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ки дар солҳои аввали ҳокимияти советӣ дар Тоҷикистон қабул карда шудаанд, бевосита таҳти роҳбарӣ ва иштироки фаъолонаи Бобо Ҳамадамов қабул шудаанд.

Бобо Ҳамдамов ҳамчун намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми солҳои 1929-1930 дар таъсиси мактабҳои аввалин, сохтмони роҳҳо, ислоҳоти замин, ташкил кардани хоҷагиҳои коллективӣ ва шўроҳо дар ноҳияҳои Данғара, Кангурт, Арал, Ғозималик ва Қизил-Мазор саҳми арзанда гузоштааст. Бояд қайд намуд, ки Бобо Ҳамдамов яке аз ташаббускорони асосии ташкилшавии ноҳияи Ғозималик мебошад.

Охири солҳои 20-ум ва аввали солҳои 30-и асри гузашта Бобо Ҳамдамов барои аз Қуқанди Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон бозпас кўчонидани қисми Мастчоҳиёне, ки солҳои 40-уми асри 19 аз ҷабру ситами Мири Мастчоҳ Ботурхоҷа ба ин ҷо фирор карда, вале бо сабабҳои маълум дар манзили нав, яъне Узбекистон зиндагии чандон хуб надоштанд, бевосита ёрӣ расонидааст. Пас аз бозгашти фирориён Бобо Ҳамдамов онҳоро дар қаламрави колхозҳои ба номи Телман ва «Иҷтимоиёт»-и ноҳияи Кофарниҳон (ҳоло Ваҳдат) ҷойгир мекунад. Аз ин рў, қаламрави ин ду колхоз дар байни халқ бо номи Ҳамдамобод маъмул мебошанд.

Бобо Ҳамдамов дар солҳои 1932-1933 бо қарори КИМ Тоҷикистон вазифаи пурмасъулияти Раиси шаҳри Сталинободро иҷро мекунад. Зимни иҷрои ин вазифаи масъулиятнок (20.11.1932 с.) ба ҳайати аъзои комитети амалкунанда (мусоидати — содействия) сохтмони роҳи оҳани Сталинобод-Қурғонтеппа дохил мешавад  .

Санаи 25.03.1933 дар маҷлиси Президиуми КИМ РСС Тоҷикистон барои ташкил кардани бригадаи истиқбол гирандагони муҳоҷирони пахтакор, ки аз РСС Узбекистон ба Тоҷикистон воридшаванда, Бобо Ҳамдамов яке аз аъзоёни бригадаи мазкур интихоб мешавад.

Моҳи феврали соли 1933 Бобо Ҳамдамов бо ҳамроҳии вакилон аз шаҳри Сталинобод ба шаҳри Ленинград сафари хизматӣ анҷом дода, зимни он бо роҳбарияти шаҳр ва олимону меъморон оид ба такмили нақшаи ояндаи шаҳри Сталинобод машварат намуда, барои оғози корҳои сохтмону ободонии пойтахт гурўҳи мутахассисонро ба шаҳри Сталинобод даъват менамояд.

Санаи 12-уми марти соли 1933 бо роҳбарии  Бобо  Ҳамдамов нахустин Анҷумани колхозчиёни пешқадами ноҳияи Сталинобод баргузор гардид.

Моҳи июни соли 1933 бо дасисаи душманон, дар асоси мактубҳои беимзо гўё «барои иштирок дар созмони миллатгарои зиддиинқилобӣ» гунаҳгор карда шуда, 8 моҳ – то марти соли 1934 дар маҳбаси шаҳри Тошканд нигоҳ дошта шуд.

Пас аз исбот шудани бегуноҳӣ (1.06.1934) бо қарори КМ Ҳизби Комунистии Тоҷикистон боз ба сафи ҳизб барқарор гардида, дар давоми солҳои 1934-1937 дар вазифаҳои инструктор, муовини сардори Раёсати ғаллатайёркунӣ дар соҳаи савдо фаъолият намуд.

Солҳои таъқибот дубора ба ҳабс гирифта шуда, аз моҳи июли соли 1937 то моҳи майи соли 1939 дар маҳбаси тафтишотии НКВД-и шаҳри Сталинобод нигоҳ дошта шуд.

Баъд аз озод шудан аз маҳбас моҳи январи соли 1940 бо қарори КМ Ҳизби Комунистии Тоҷикистон боз ба сафи ҳизб барқарор карда шуд.

Новобаста аз таъқиботи беасоси душманон Бобо Ҳамдамов рўҳафтода нагардид, балки барои собит намудани бегуноҳии хеш тўли солҳои 1940-1945 дар соҳаҳои савдо, матлубот ва дар вазифаи сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ фаъолият намуда, зимни адои ин вазифа дар таъмини ғалабаи мардуми Шўравӣ бар фашизм, аз ҷумла таҳкими ақибгоҳ ва таъминоти   Фронт  бо маводу маҳсулоти зарурӣ саҳми воқеан арзанда гузоштааст.

Бобо Ҳамдамов дар давоми солҳои 1945-1949 – дар вазифаҳои Раиси колхози «Коммуна»-и ноҳияи Мастчоҳ, солҳои 1949-1951 – Раиси ҷамъияти матлуботи ноҳияи  Мастчоҳ, солҳои 1951-1954 – Раиси колхози ба номи Андрееви ноҳияи  Мастчоҳ фаъолият намудааст.

Солҳои 1954-1955 – ҳамчун намояндаи ваколатдори Вазорати маҳсулоттайёркунии Иттифоқи Шўравӣ дар ноҳияҳои Мастчоҳ ва Пролетар адои хизмат намудааст.

Пас аз қабули қарори Ҳукумати РСС Тоҷикистон дар бораи муҳоҷир намудани мардуми кўҳистон ба ноҳияҳои аз нав ободшавандаи пахтакорӣ аввалин шуда анкетаи муҳоҷиршавиро пур мекунад ва ба ноҳияи Пролетар (ҳозира Ҷаббор Расулов) кўч мебандад.

Дар давраи муҳоҷират мушкилоти басо сангинро паси сар намуда, солҳои 1955-1956 дар вазифаҳои бригадири колхози ба номи Молотов оид ба сохтмон, солҳои 1957-1959 ба ҳайси муовини раиси колхози «Ленинград»-и ноҳияи Пролетар адои вазифа менамояд.

Соли 1959 колхози навбунёди «Янги-Турмуш» (Ҳаёти нав) таъсис меёбад ва аввлин раиси ин хоҷагӣ Бобохон Ҳамдамов таъин гардида, то соли 1960 дар ҳамин вазифа фаъолият менамояд. Дар ин давра бо дастгирии Комиҷроияи ноҳияи Пролетар, таҳти роҳбариву машварати марди кордида   Бобо  Ҳамдамов ва кўмаки бевоситаи муҳоҷиршудагон дашти ноободи «Толча» барои қабули муҳоҷирони боқимондаи деҳаҳои болооби Зарафшон – Ярм, Самҷон, Худгиф бо қадри имкон обод мегардад.

Аз соли 1960 то соли 1962 Бобо Ҳамдамов ба вазифаи муовини раиси ҳамин колхоз таъин гардида, аз соли 1963 новобаста ба синни нафақа расидан, бо истифода аз таҷрибаи ҳаётӣ ба сифати мураббии беҳамто дар тарбия насли наврас саҳм мегузорад.

Нафақахури аҳамияти ҷумҳуриявӣ. Бобо Ҳамдамов дар давоми фаъолияти корӣ ва синни нафақа то дами вопасини умр тамоми нерўву тавони хешро баҳри ободу зебо гардонидани ин диёр, тарбияи мутахассисони ҷавон, сарф намудааст. Дар радифи ободкориҳои ин марди бузург метавон саҳми ўро инчунин дар баланд гардидани сатҳи некўаҳволии мардуми кўҳистон, ки ба датштҳои нообод муҳоҷир гардида буданд, тарбияи мутахассисон ва роҳбарони ҷавони ҳизбию давлатӣ, қомат афррохтани биноҳои замонавӣ, таъсиси мактабҳои нав, ҷабли духтарони кўҳистон ба таҳсил, бунёди роҳҳо, обёрии заминҳо, афзудани шумораи мутахассисон барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва ғайраро зикр намуд.

Дар радифи фаъолияти бунёдкорию барқарорсозӣ Бобо Ҳамдамов инчунин нисбат ба рушди илму маориф мароқи зиёд зоҳир намуда, бо ин мақсад пайваста бо олимони шинохта суҳбату мулоқот анҷом медод.

Саҳми ў, махсусан дар дастрас гардонидани катибаҳои рўйисанг ва дигар бозёфтҳои нодири бостоншиносии водии Зарафшон ба доираҳои илмӣ, таъкиду даъватҳои пайвастаи номбурда нисбати таҳқиқу омўзиши таърихи барпо ва мустаҳкам намудани ҳокимияти советӣ дар деҳоти болооби Зарафшон ва умуман Тоҷикистон бузург аст.

Аз кўмакҳои мустақими Бобо Ҳамдамов дар раванди омўзиши таърихи мардуми тоҷик, мардумшиноси маъруфи рус, профессор М.М. Андреев, шарқшиноси маъруфи рус профессор А.А. Семенов, доктори илмҳои таърих, проофессор М. Эркаев, доктори илмҳои таърих, профессор, академик Аҳрор Мухторов баҳраманд гардидаанд. Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор И.С. Брагинский нақл кардааст, ки ў ҳамроҳи Бобо Ҳамдамов дар ташкили намудани совхозҳои ноҳияи Данғара бевосита ширкат варзидааст.

Зимнан бояд қайд намуд, ки бисёр саҳифаҳои ҳаёту фаъолияти Бобо Хамдамов ба таҳқиқи амиқи илмӣ ниёз дошта, омўзиши он барои тарбияи насли навраси тоҷик дар рўхияи хештаншиносиву ватандўстӣ ва ифтихори миллӣ бағоят муҳим мебошад.

Бобо Ҳамадмов бо шарофати меҳнати содиқонаи худ ба нафъи халқу Ватан имрўз дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон сазовори ҳурмату эҳтироми арзандаи мардум гардидааст.

Бобо Ҳамдамов 2.12.1972 вафот мекунад. Ҷасади ўро дар қабристони деҳаи Зарафшони ноҳияи Пролетар (ҳоло Ҷаббор Расулов) ба хок супориданд.

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои чандинсола ва бенуқсони Бобо Ҳамдамовро ба назар гирифта, ўро бо мукофотҳои зерин сарфароз гардонидааст:

 

МУКОФОТҲО:

  1. Иқтибос (нусха) аз журнали №3 маҷлиси котиботи Президиуми Марказии Иҷрияи Кумитаи Шўроҳои РАССТ аз 20.07.1927, шаҳри Душанбе ,№26677:

Ба рафиқ Ҳамдамов барои муборизаи фаъол зидди босмачигарӣ аз номи Ҳукумати Советии Тоҷикистон сипоснома дода шавад. (вынести благодарность)

  1. Кумитаи Осиёмиёнагии фаъолияти осорхонаҳо, муҳофизати ёдгориҳои кўҳнаи санъат ва табиат (Средазкометарис) аз 30.10.1927, №2114 ш. Тошканд ба намояндаи главсуди вилояти Уротеппа Бобохон Ҳамдамов:

Средазкометарис ба Шумо аз сидқи дил барои ҳамкорӣ дар дастрас намудани ёдгории пурарзиши маданияти Эронӣ дар Осиёи Миёна ба мисли Сутуни қадимаи Оббурдон изҳори сипос менамояд.

Ин ёдгорӣ исботи таърихи инкишофи маданияти гузаштаи ҳазорсола дар Мастчоҳ буда, дар Осорхонаи калони Осиёимиёнагии шаҳри Тошканд ҷойгир кунонида шудааст.

  1. Нусха аз протоколи 44/3 аз маҷлиси Президиуми КИМ Шўроҳои РССТ аз 07.12.1930, оид ба «Мукофотҳо ба муносибати 13-умин солгарди Ғалабаи Инқилоби Октябр ва 10-солгаии сарнагуншавии Аморати Бухоро»:

Барои хизматҳои бешумор дар фронти сохтмони сотсиалистӣ, инчунин мувафаққиятҳои (ғолибияти) беҳисоб ҳамчун намунаи баланди шоён ва қаҳрамонӣ дар давраи мубориза ва торумор намудани босмачигарӣ ва вафодории содиқона дар фаъолияти инқилоби пролетарҳо, Президиуми КИМ Шўроҳои РСС Тоҷикистон қарор мекунад:

Мукофотонидани соат ба Ҳамдамов

Мудири котиботи Президиуми КИМ Шўроҳои РССТ Милованов.

 

  1. Нусха аз нусха:

аз протоколи маҷлиси Кумитаи ноҳиявии Ҳизб аз 30 декабри соли 1930

ш. Арал

Шунида шуд: Дар бораи захиранамоии пахта.

 

Қарор карда шуд: фаъолияти қаноатбахши ваколатдори КМ рафиқ Ҳамдамовро, ки қарорҳои Кумитаи ноҳиявии Ҳизбро оид ба маъракаи ҷамъоварии пахта зуд ва дуруст татбиқ намуда, сафарбарии оммаи деҳқононро дар колхозҳои ба ў вобаста барои захиранамоии пахта таъмин карда тавонист, рафиқ Ҳамдамов бо ҷомаи арзишаш 50-сум мукофотонида шуда, маълумот оид ба фаъолияти рафиқ Ҳамдамов ба КМ ва Шўрои Комиссарони Халқ дастрас гардонида шавад.

 

  1. Ордени «Байрақи сурхи меҳнат» (2.12.1932).
  2. Соли 1933 Бобо Ҳамдамов аз тарафи шаҳрдории шаҳри Ленинград бо соати махсус (именным) мукофотонида шудааст.
  3. Медал «Барои меҳнати шоён» дар солҳои ҶБВ 1941-1945 (6.06.1945) №82445.
  4. Грамотаи (Ифтихорномаи) КМ ПК Тоҷикистон, Президиуми Советӣ Олии Тоҷикистон ва Совети Вазирони РСС Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар кори барқарор ва мустаҳкам нумудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон ба муносибати 50-солагии Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр (аз соли 1967 №519).
  5. Медал «Барои меҳнати шоён» ба муносибати 100-солагии рўзи таваллуди В.И. Ленин (28.03.1970).

 

Ном ва хизматҳои Бобо Ҳамдамов дар китобҳои «Таърихи ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон», «Энсклопедияи Советии Сотсиалистии тоҷик», «Зарафшон», «Эҳёи Кангурт», «Дар ин дунё Мастчоҳ», «Бо номи халқ», «Родмарди ҷонфидо», «Барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон», «Энсклопедияи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр», «70- соли Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Таърихи халқи тоҷик» ва дигар китобу мақолаҳои бешумор дарҷ гадидаанд.

НОМГУЗОРӢ:

 

  1. Дар асоси қарори Комитети иҷроияи депутатҳои ноҳияи Пролетар (ҳоло Ҷаббор Расулов) аз 20.02.1991, №64 колхози съезди «22-юм партия» ба номи Бобо Ҳамдамов гузошта шуд.
  2. Мувофиқи қарори Ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов аз 3.09.1995, нимпайкараи бириҷии Бобо Ҳамдамов гузошта шуд.
  3. Кўчаи марказии деҳаи Зарафшони ноҳияи Пролетар (ҳоло Ҷаббор Расулов) ба номи Бобо Ҳамдамов номгузорӣ карда шудааст.
  4. Мувофиқи қарори Ҳукумати шаҳри Душанбе аз 1.02.1995, №72 маҳаллаи Зарафшон-2 ба номи Бобо Ҳамдамов номгузорӣ ва лавҳаи хотираи абадӣ дар яке аз биноҳои маҳалла насб карда шуд.
  5. Мувофиқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 19.08.2002, ҷашни 100 -солагии Бобо Ҳамдамов дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Кўҳистони Мастчоҳ таҷлил гардид.
  6. Яке аз кўчаҳои марказии шаҳраки Бўстони ноҳияи Мастчоҳ ба номи Бобо Ҳамдамов гузошта шудааст.
  7. Мувофиқи қарори Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов аз 12.11.2012, 110-солагии Бобо Ҳамдамов ҷашн гирифта шуд ва ба ин муносибат осорхонаи шахсии Бобохон Ҳамдамов ифтитоҳ гардид.
  8. Дар асоси қарои Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов аз 26.11.2015, №596 Осорхонаи шахсии Бобохон Ҳамдамов ба хона-осорхонаи Бобохон Ҳамдамов иваз карда шуд.
  9. Расм ва маълумоти мухтасар оид ба ҳаёту фаъолияти Бобо Ҳамдамов дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе), осорхонаҳои шаҳрҳои Данғара, Кўлоб, Хўҷанд, Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияҳои Темурмалик, Ҷаббор Расулов ҷамоати Ғулакандоз маҳфуз мебошанд.
  10. Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум аз 25.12.2014, №529 мактаби таҳсилоти асосии №30-и ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ба номи Бобохон Ҳамдамов гузошта шуд.