ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КӮҲИСТОН

0
6

Санаи 24-ноябри соли 2022 дар шаҳраки Меҳрон маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанви доир гардид. Дар чорабинии идона Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Сулаймон Қосимзода, масъулин, фаъолон ва намояндагони касбукори гуногун ширкат доштанд. Ҷамъомади идона дар боғи Парчами маркази ноҳия бо садо додани суруди миллӣ шуруъ шуд. Нахуст раиси ноҳия Бобозода Хайрулло ба сухан баромада номаи табрикотии хешро ба муносибати Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа кард. Зимни сухани табрики раиси ноҳия Парчамро рамзи муҳими давлатдори ва нишони соҳибдавлатию соҳибихтиёрии давлатдори унвон карда иброз дошт,ки ҳамасола 24 – уми ноябр тамоми сокинони шарафманди кишвари азизамон ҷашни таърихӣ, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Рӯзи Парчами давлатӣ, ки яке аз рамзҳои муҳими давлатдории миллии мо мебошад, мояи сарбаландии ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпараст ба ҳисоб меравад. Парчами озодӣ ва соҳибдавлатии халқи тоҷик дар Иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва баъдан, 24 ноябри соли 2009 Рӯзи Парчами давлатӣ эълон шуд, имсол ба ин санаи муҳим 13 — сол пур мешавад. Қабули Парчами давлатӣ ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид. Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳими арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд. Имрӯзҳо мардуми сарбаланди ноҳия нишони садоқатро баланд бардошта, аз дурахши рангу ҷилои зебои он ифтихор мекунанд гуфт мавсуф.

Сипас намояндаи  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  вилояти Суғд Сулаймон Қосимзода паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонид.

Баъдан дар фазои тантанавӣ ба ғолибони мусобиқаи  футбол,ки миёни дастаҳои футболбозони деҳаҳои ноҳия доир гардида буд, ғолибони мусобиқа дар ин рӯз аз ҷониби Раиси ноҳия қадрдони карда шуданд. Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқаи идонаи варзиши дастаи футболбозони деҳаи Виткон ҷойи аввал ва дастаи деҳаи Падрох ҷойи дуюмро соҳиб гардида буданд.

Дар охир дастаи ҳафаскорони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи консертии худ баромад намуда, чорабинии идонаро гуворо намуданд.

Саидвоҳиди Қосим