Ёдбуди шоир ва рӯзноманигор Абдулло Фозил

0
0

Рӯзи 24-уми ноябри соли 2022 дар мактаб-парваришгоҳи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ифтихори 70-солагии шоир ва рӯзноманигор Абдулло Фозил маҳфили ёдбуди доир гардид, ки дар он адибон ва дӯсторони осори у ва ҳамкорони марҳум Абдулло Фозил  ҷамъ омада, шеъру осори уро баррасӣ, инчунин  хислату атвор ва ахлоқи марҳумро ҳамчун як қаламкаши моҳир  баён карда ёди уро гироми доштанд. Маҳфили ёдбудӣ дар китобхонаи мактаб-парваришгоҳ сурат гирифт. Китобхона бо акс ва китобҳои шоир оро дода шуда, инчунин аз дуру наздик ҷамъомадани пиру барно аз маҳбубияти ин қаламкаши варзида дарак медод.

Маҳфили ёдбудиро муовини Раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова оғоз карда таъкид кард, ки Абдулло Фозил шоир нависанда ва рӯзноманигори варзидае буд, ки бо қаламкашии хеш миёни пиру барнои ноҳия ва ҳатто берун аз он маҳбубият дошт. Агар умр вафо мекард ин қаламшкаши тавоно имсол ба синни мубораки 70-мерасид. Вале қисмат уро аз дида бадилҳо бурд. Номбурда солҳои зиёд дар рӯзномаи ноҳиявии “Паёми Кӯҳистон” кор карда, дар инъикоси ҳаёти воқеъии мардум басо моҳирона қаламкаши карда байни ҷомеа маҳбубият пайдо кардааст. Агарчи у рафта бошад ҳам, шеъру осори дилчаспи Абдулло Фозил ёди уро дар дилу дидаҳо ҷовидона нигоҳ медорад. Сипас адибон ва ҳамкорони адиб доир ба рӯзгор ва эҷодиёти шоир, инчунин хислату атвори у қисса карданд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки Абдулло Фозил дар кору пайкор басо сахтгиру серталаб ва кунҷкову моҳир буд. Маҳз ҳамин хислатҳои у буданд, ки чун рӯзноманигори варзидае шинохта шуд.  У дар қаламкаши пайваста ҳақиқатҷуй буду инчунин дар иҷрои рисолати касбии хеш хеле моҳиронаю боҷуръатона амал мекард. Инчунин ҳамкорону ҳамкасбон ва шогирдони шодравон доир ба тарзи кору пайкор ва хислатҳои нотакрори адиб сухан карда доир ба осори мондагори у ибрози назар карданд. Сипас хонандагони мактаб-парваришгоҳ ва наберагони худи шоир аз осори у шеърҳо қироат намуданд. Ҳамчунин дар ин маросими ёдбуди дустдорони шеъри Абдулло Фозил, собиқ мудири бахши фарҳанги ноҳия Саидумрон, инчунин Саиданвар, Абдуҷаббори Шоҳ, ки шеърҳои уро ба оҳанг даровардаанд, баромад карда маҳфили ёдбудиро гарму самими намуданд.

Дар охир аз ҷониби аҳли абад қаламкашон ва рӯзноманигорони ноҳия пешниҳод шуд, ки бо назардошти корурпайкор ва шеъру осори марҳум Абдулло Фозил мактаби зодгоҳаш деҳаи Пакшиф ба номи у гузошта шавад.

Абдулло Фозил 03-октябри соли 1952 дар деҳаи Пакшифи ноҳияи Кӯҳистони Матсчоҳ таваллуд шудааст. Соли 1978 Донишгоҳи давлатии омузгории шаҳри Хуҷанд (ҳоло ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров) – ро бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик хамт кардааст.  Бояд гуфт, ки Устод Абдулло Фозил аз соли 1997 то соли 2015 дар рӯзномаи ноҳиявии “Паёми Кӯҳистон” ба ҳайси сармуҳаррир кор кардааст. Риштаи умри у  5-майи соли 2022 канда шуд. Номбурда дар фаъолияти корияш ҳамчун рӯзноманигори муваффақ , нависанда ва адиби тавоно шуҳрат ёфта,  муаллифи чандин китобҳои шеърӣ ва насри мебошад. Шеърҳо ва китобҳои ба табъ расидаи Абдулло Фозил бешак бо маънои баланди худ ба дили хонандаи заки роҳ ёфтаанд ва ҳоло мо шеърҳое аз устод нашр мекунем, ки дар охири дам иншо кардаанд ва дар ҷойе маҷаллае чоп нашудаанд ва нахуст шуда нашр мекунем.

ҲАЗЁНИ ПИРӢ

Дар кафи андеша аз ҳасрат сабу дорад дигар,

Кӯргиреҳ аз нолаҳо андар гулӯ дорад дигар.

Сарфи роҳи зиндагӣ шуд ҳарчи Ҳақ тақдир кард,

Колбад аз ниру тиҳӣ, берангу бӯ дорад дигар.

Дидаи носерамаш мафтуни ҳусн асту бас,

Бим аз ин беғайратӣ дар феълу хӯ дорад дигар.

Хомияш дар шохи нахли умр қувват будааст,

Пири пухта ваҳшати афтодан андар роҳу рӯ дорад дигар.

Мебарад раҳ сӯйи гӯристону по раг мекашад,

Худ ба худ аз ин фаҷеъат пурсуҷӯ дорад дигар.

Пургунаҳ берун шуда аз дору гири зиндагӣ,

Бо таҳорат бо ибодат шустушӯ дорад дигар.

Ҳамдаму ҳамсолу ҳампеша намондаш вой,вой,

Аз алам бо сояи худ гуфтугӯ дорад дигар.

КАТИБА

Модар, модаро дасти расо доштаме,

Ин тоба зи гури ту бибардоштаме.

Сар бар сари ту ниҳода то рӯзи ҳисоб,

Танҳот ба зери хок нагзоштаме.

Модар, меҳри ту як ояте дар дили мост,

Ёди ту,  абад, офияти манзили мост,

Рафти зи ҷаҳон пайи қадамҳоят боз,

Як шаҳ-раги умр дарин манзили мост.

ДУБАЙТИҲО

Табибон мафҳуми “Раддӣ балоянд”,

Ба дарду иллати инсон давоянд.

Хато дар набзу ҷони мо зананд хат,

Табибон дасти таҳрири Худоянд.

Чӣ давроне тамаллуқ “Ифтихор”аст,

Ғарӣ “Касб”-у тамаҷӯйи шиор аст.

Ба бозори пур аз молу манолаш,

Адолат “Шири мурғу пойи мор” аст.

Фалак аз дасти гулчинат шикоят,

Зи чашми песи пуркинат муборак.

Барӣ дарёдилонро гоҳу ногаҳ,

Аз ин, бадхӯ, бадойинат муборак.

Таяммум нест ҳоҷат, гар бувад об,

Чӣ ҷойи булфузулӣ пеши асҳоб.

Худо болои сар бошад ба бовар,

Чаро ҷӯйемаш аз саҳрои аъроб.

Чӣ суд аз он камон тираш набошад,

Чӣ ҳаз з-он пир тадбираш набошад.

Аз он пайгири мо дар  ҷодаи умр,

Чӣ суд ар чашми пайбинаш набошад.