РОҲПАЙМОӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

0
7

Ба ифтихори Рӯзи Прачами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз 24-ноябри соли 2022 дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон роҳпаймои доир карда шуд. Дар ин роҳпаймоии идона масъулин, фаъолон, ҷавонон ва дигар сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ширкат доштанд. Ҷамъомадагон Парчамро ҳамчун муқаддасот ва рамзи муҳими давлатдории номида, парафшонии онро чун нишони озодиву соҳибистиқлолии мамлакат ва рамзи давлатдории навини тоҷикон маънидод намуданд. Онҳо дар даст Парчам бардошта дар роҳи марказии шаҳраки Меҳрон то боғи Парчами назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия роҳпаймои намуданд.