ТАЪРИХИ ПАРЧАМЕ, КИ ДАР ИҶЛОСИЯИ ШЎРОИ ОЛӢ ҲАМАРО САРҶАМЪ НАМУД.

0
3

Онро Комбинати абрешими шаҳри Хуҷанд омода карда буд

30 сол пеш аввалин Парчами давлатӣ 24 ноябри соли 1992 дар Комбинати абрешими шаҳри Хуҷанд аз соати 16:00-и бегоҳ то 03:00-и саҳар аз ҷониби бофандагон ва ҳунармандони ин комбинат омода гардид ва 25 ноябр он ба толори Қасри Арбоб ворид карда шуд. Баъдан Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои Шӯрои Олӣ ин Парчами давлатиро бӯса намуда, бо он савганд ёд намуданд, ки дар он солҳои тақдирсози миллат барои қабули Нишон ва Парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун эълон карда шуд, ки роҳбарии онро академик Муҳаммад Осимӣ ба уҳда дошт. Кори комиссия ба таври пӯшида ҷараён гирифт. Ба озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешниҳод шуда буданд, ки ҳар кадоми онро комиссия мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Ҳамин тавр, комиссия лоиҳаи Парчами давлатиро, ки аз ҷониби рассомон Зуҳур Ҳабибуллоев ва Александр Заневский пешниҳод гардида буд, интихоб мекунад.

Рассом Зуҳур Ҳабибуллоев дар хотираҳои худ навиштааст, ки «ҳангоми омода намудан ва тарҳрезии парчам мо аз маслиҳат ва машварати олимони соҳаи фарҳангшиносӣ, аз қабили Лариса Додхудоева, Н. Игнатушина ва М. Сайдалиев истифода намудем».

Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қарор оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қарор оид ба Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуданд, ки дар асоси онҳо ба моддаҳои 169 ва 170 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардиданд. Мувофиқи он «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ, иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад».

Рангҳои Парчами аввалини давлатии Тоҷикистон рамз ва решаҳои қадимии суннатӣ доранд. Ранги сурх- рамзи мубориза, шуҷоат, шараф ва ҷоннисорӣ дар роҳи меҳан, сарзамин, мардум, ғояҳои олӣ; ранги сафед- рамзи рӯҳи тавоно, покӣ, муқаддасот ва хушбахтӣ; ранги сабз- рамзи зиндагӣ, ҷавонӣ ва шукуфоӣ мебошанд. Тоҷ рамзи истиқлолу озодии мамлакат мебошад.

Тавре академик Муҳаммад Осимӣ дар муаррифии тарҳи Парчами давлатӣ 24 ноябри соли 1992 гуфта буд, «ҳафт ситора- ин рамзи ҳафт макони таърихии зебоманзари ватанамон ба ҳисоб мераванд, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон».

Сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷазода иброз дошт, ки ин парчам бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли 2007 дар рӯзҳои таҷлили 15-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд.

Парчами аввалин бо андозаи 145 ба 85 см дар шуъбаи таърихи нав ва навтарини толори «Истиқлолият»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон манзури тамошобинон гардидааст. Ҳар як ёдгорӣ дар осорхона санаи қайд ва рақами махсуси худро дорад ва ин парчам таҳти№ 128-23/2 ба қайд гирифта шудааст.

Парчами давлатии мамлакат симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори ватандорӣ, балки рамзи ватандӯстию худшиносиву худогоҳӣ, андешаву асолати миллӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳувияти миллии мардуми тамаддунофарамон маҳсуб мешавад. Парчам ҳамчун ахтари тобон раҳнамо ва ҳидоятгар ба сӯи фардо ва ояндаи дурахшон аст.

Ҷурабек ИСОМИДДИНОВ.номзади илмҳои таърихи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров