Парчами миллӣ, таҷассумгари ояндаи дурахшони миллат.

0
7

Номаи шодбошии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Ҳамдиёрони азиз!

 Ҳамасола 24 – уми ноябр тамоми сокинони шарафманди кишвари азизамон ҷашни таърихӣ, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Бо камоли ифтихор кулли сокинони шарафманди ноҳияро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки яке аз рамзҳои муҳими давлатдории миллии мо маҳсуб ёфта, мояи сарбаландии ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпараст ба ҳисоб меравад, самимона табрик менамоям.

  Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми тоҷикистониён соли равон ҷашни 31 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари худро бо як рӯҳияи бузург ҷашн гирифтанд.   Имрӯз бошад мо Рӯзи яке аз рамзҳои асосии давлатамон Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн мегирем.

Дар таърихи ҳар миллату давлат воқеаҳо ва руйдодҳое ҳастанд, ки омӯзишу баррасии онҳо барои имрӯзиёну ояндагон чун сабақеву панде хизмат карда, дар шинохти асолати миллӣ, баҳамоиву худогоҳӣ сарчашмаи боэътимод ба шумор мераванд. Аз ин рӯ дар баробари Суруди Миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ Парчами давлатӣ низ барои мардум муқаддас аст. Агар забон қалби миллат бошад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Чунки ҳар чо Парчам афрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад.

Аз ин рӯ Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд, ки «Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони Тоҷикон гардиданд. Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ ин нишони Истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути Парчами он муаррифи мегардад».

Парчами озодӣ ва соҳибдавлатии халқи тоҷик дар Иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва баъдан, 24 ноябри соли 2009 Рӯзи Парчами давлатӣ эълон шуд, имсол ба ин санаи муҳим 13 — сол пур мешавад. Қабули Парчами давлатӣ ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид. Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳими арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд.  Имрӯзҳо мардуми сарбаланди ноҳия нишони садоқатро баланд бардошта, аз дурахши рангу ҷилои зебои он ифтихор мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: Имрӯзҳо хурду бузурги мамлакат эътимоди комил доранд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва мояи ифтихори халқи соҳибдавлати тоҷик то ҷовидон парафшон хоҳад буд.

Далелҳои таърихӣ собит менамоянд, ки яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон аз қадим маҳз Парчам мебошад. Дар таърихи қадимии рамзҳо Парчам ба рамзи пирӯзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар шахсе ба қудрат мерасид, Парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт. Шоҳ Фаридун Парчами худро ба сангҳои қиматбаҳо ва тасвири ситораи чоргӯшаи тиллоӣ ва шилшилаҳои сурх, зард ва бунафш оро дода, онро Дирафши ковиёнӣ номид.

Имрӯз  Парчами миллии мо дар қатори Парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад. Мо бояд аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати бебаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътиборашро ба фарзандони худ талқин намоем.

 

Парчами давлатӣ нишонаи бақои миллат, давлату давлатдорӣ, ваҳдат ва ҳуввияти миллӣ, ҳамзамон беҳтарин василаи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон маҳсуб меёбад.

Хушбахтона баъди сад солаҳо мардуми тоҷик ба шарофати истиқлоли сиёсӣ соҳиби парчами миллӣ — рамзи давлатӣ мустақилу соҳибихтиёр гардид.

Парчами миллӣ дар миёни мардум бояд баробарии дигар рамзҳои миллиамон азизу гиромӣ ва муқаддас бошад. Ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Нишон, Парчам ва Суруди миллии он дар ҷаҳон муаррифӣ мегардад, зеро ин рамзҳои Истиқлолият ва нишонаи асосии давлатдорӣ ба шумор меравад.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодакунандаи орзӯву ормонҳои чандинасраи ин миллати тамаддунсоз мебошад. Парчами давлатии мо аз се ранг иборат буда, ҳар ранги он ба худ маънии хос дорад. Ранги сурх муборизаву ҷоннисориҳо баҳри ба даст овардани истиқлолият ҳифзи марзу бум ва ҳимояи Ватан аз душман аст. Ранги сафед бахту иқбол ва маънои покиву озадагиро дорад. Ранги сабз бошад ин сарсабзиву ободӣ ва шукуфоии сарзамини аҷдодии моро таҷассум мекунад. Ҳафт ситора, ки дар қисми асосии парчам ҷойгиранд рамзи ҳафт табақаи осмон, ҳафт ситора шумораи рӯзҳои ҳафтаро дорад.

Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони азизамон ҳамчун рамзи озодӣ ва саодати абадӣ халқамонро ба қуллаҳои мурод расонад.

Бори дигар Рӯзи Парчами давлатиро ба тамоми сокинони ноҳия табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар як фарди ноҳия бахту иқбол, амнияту осоиш ва файзу баракатро орзу менамоям.

  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамдиёрони азиз!