Номаи шодбошии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода бахшида 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
3

Ҳамдиёрони азиз!

   Бо камоли эҳтиром ва самимияти хоса 30-умин солгарди Иҷлосияи таърихиро ба Шумо ва дар шахсияти Шумо ба кулли сокинони ноҳия, ки дар роҳи ҳифзи давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу суботваҳдат ва худшиносиву худогоҳӣ саҳми бузург гузоштаанд, самимона табрику муборакбод гуфта, ба Шумо ва ба ҳар як сокини ноҳия муваффақияту комёбиҳои беназирро орзумандам.

Дар таърихи ҳар миллат руйдодҳое ба вуқуъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда доранд. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи ҳамин гуна руйдодҳои сарнавиштсоз аст, ки барои раҳоии давлати нав баистиқлолрасидаи мо аз оташи ҷанги харобиовар ва ҳамчунин барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард.

Ифтихор аз он аст, ки маҳз ҳамин Иҷлосия сарнавишти миллати тоҷикро дар як давраи бисёр ҳассосу нобасомон, ру ба беҳбуди  оварда инчунин давлат ва миллати моро аз вартаи нобуди наҷот бахшид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон барҳақ фармудаанд: «Сарфи назар аз шароити вазнини сиёсии ба амал омада, қувваҳои солими ҷомеа, нерӯҳои сулҳҷӯй, ашхоси худогоҳу ватандӯст ва некхоҳи ҷомеа, зарурати ҳарчи зудтар даъват намудани Иҷлосияи навбатиро бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ нисбат ба тақдири   минбаъдаи насли имрӯзу фардои Тоҷикистон ба хуби эҳсос менамуданд».

Бинобар ин Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд, дар Қасри Арбоб, ки минтақаи нисбатан ороми кишвар буд, доир гардид ва аз ҳамин ҷо иқдомҳои аввалин ҷиҳати барқарорсозии сулҳ ва ҳокимияти Конститутсионӣ бо роҳбарияти нави кишвар оғоз гардид.

Бо шарофату иродаи созандаи Пешвои муаззами миллат ва аҳолии кишвар дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ягонагии Тоҷикистон, таъмин ва пойтахти кишвари маҳбубамон шаҳри Душанбе аз маркази муноқишаҳои сиёсиву муқовимати шаҳрвандӣ ба гаҳвораи ташаккули ваҳдати миллӣ, дӯстию рафоқат, бародариву ҳамдигарфаҳмӣ мубаддал гардид.

Насли имрӯз бояд дарк намояд, ки маҳз бо шарофати ин Иҷлосия ва матонату хиради созандаю бунёдкоронаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои сохтори мукаммали идорӣ, ҳукумати фаъол, Артиши миллӣ, ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рамзҳои давлатӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдорӣ гардид.

Вакилони мардумӣ дар ҷараёни Иҷлосияи тақдирсоз бо дарки баланди ватандӯстӣ манфиатҳои миллиро дар мадди аввал гузошта, барои ҳимояи онҳо талош ва заҳмати содиқона намудаанд.

Ҳамин буд, ки дар маҷмуъ дар ин Иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул карда шуд, ки нақши онҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар дар он солҳо хело бузург ва фаромӯшнашаванда аст.

Ба ҳамин хотир, ҳар як фарди бонангу номус, ки Истиқлолият ва озоди барояш муқаддасу гиромист, ин санаи фархундаро ҷашни бузургу муборак медонад. Саҳми арзандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хело баланд мебошад.

Барҳақ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз парокандагӣ ва кишварро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшиданд. Пас аз он бо хоксорӣ, бо хиради азалӣ ва ифтихор иброз доштанд, ки ин бузургтарин дастовардҳо, пеш аз ҳама, хизмати бузурги мардуми сарбаланд ва хирадманди тоҷик аст.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як давлати воҳид табдил ёфта, сулҳу субот, тинҷию оромӣ ва Истиқлолияти комил пойдор мебошад.

Ҳамаи мо аз таърихи пурифтихори халқамон хуб медонем, ки андешаи Истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, талоши расидан ба давлатдории мустақили миллӣ ва орзуву ормони озодандешӣ дар зеҳни миллати истиқлолхоҳи мо ва фарзандони некному хирадманди он дар тули садсолаҳо зинда буд.

Солҳо мегузаранд, аммо аҳамияти таърихӣ ва тақдирсози Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олӣ дар таърихи халқи мо абадан боқи хоҳад монд.

Имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф кардааст, ба мақоми он арҷ мегузорад ва ташаббусҳои созандаашро ба хотири ҳаллу фасли масоилу мушкилоти гуногуни сайёра дастгирӣ менамояд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо ҳамдиёрони арҷмандро ба ифтихори 30-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, бароятон тансиҳатӣ, хонаободиро орзу менамоям.

Саодатманду сарбаланд бошед  ҳамдиёрони азиз!