АНҶУМАНИ САОДАТ ВА СӢ СОЛИ СОЗАНДАГӢ

0
1

Истиқлол неъмати бебаҳои таърих, мояи ифтихори ҳамагон, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерӯбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории тоҷикон мебошад. Аз ин хотир, муҳим будани истиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дарк намуда, ҷиҳати таҳкиму тақвият бахшидани низоми давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми ватандӯстона гузоштан қарзи шаҳрвандии ҳар сокини кишвар маҳсуб мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон таъкид менамоянд, ки «Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Аз ин лиҳоз, ин санаи сарнавиштсоз барои мо муқаддастарин ҷашн мебошад».

Мусаллам аст, ки озодиву истиқлол, тинҷиву оромӣ ва сулҳу субот барои ҳар миллат дастоварди муқаддас ба шумор мераванд. Миллати мо дар тӯли ҳазорсолаҳо бо орзую ормони давлати мустақил зиндагӣ дошт ва ҳазорон бор шукр, ки имрӯз халқ давлати миллии худро дорад ва бо азму талоши мардуми ватандӯст онро аз соле ба соле бо меҳнати созанда ва талошҳои хастанопазир обод месозад ва ба ояндаи босаодат бо умед менигарад. Вале ҳақиқати таърихӣ ба мо собит сохт, ки ҳифзи арзишҳои милливу маънавӣ ва истиқлоли давлатӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар шаҳрванд мебошад.

Таърих гувоҳ аст, соли 1992 дар мамлакат беҳокимиятӣ ва бесарусомонии сиёсӣ ҳукмрон буд. Минтақаҳои ҷануб ва пойтахти мамлакат аслан дар дасти гурӯҳҳои ғоратгари мусаллаҳ қарор доштанд. Мардуми бе сарпаноҳ ва гурусна аз хавфу хатари гурӯҳҳои мансабталош маҷбур шуд, ки манзилашро тарк карда, ба давлатҳои ҳамсоя фирор намояд. Ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ ва ин гурӯҳҳои тундрав  ҳама ҷоро вайрону валангор ва мардумро сарсону саргардон карда буд.

Дар чунин вазъияти ногувор фарзанди вафодори халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун наҷотдиҳандаи миллат ва давлат ба майдони сиëсат ворид шуданд. Маҳз, дар ҳамон рӯзҳои душвори тирамоҳи соли 1992 бо интихоб шудани фарзанди бо нангу номус ва сиëсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Сарвари давлат мамлакати мо рӯ ба беҳбудӣ овард.

Аввалин суханронии пурмӯҳтавои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихори баланди садоқату ватандӯстиву ватанхоҳӣ аз қалб садо дода, дар дили мардуми азияткашидаи Ватан шӯълаи умеду бовариро фурӯзон намуд. Аз оғози фаъолияти хеш баҳри ба даст овардани ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи комил ва расидан ба ин рӯзи босаодат мушкилиҳои зиёдеро паси сар намуданд, ки он дар саҳифаҳои таърихи Ватани азизу соҳибистиқлоламон бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд.

Ҷаҳду талошҳои бузургу нотакрори Пешвои миллат тӯли ин солҳо баҳри ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, пешрафту ободӣ ва муаррифии Тоҷикистони азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ буд, ки имрӯз Ватани маҳбуби моро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, соҳибфарҳангу соҳибтамаддун, рушдёбанда ва аз ҷиҳати амн бехатар мешиносанду арҷ мегузоранд.

Дар ин рӯзҳои хотирмон варақгардон намудани дастоварду муваффақиятҳои даврони истиқлоли давлатӣ, ки мардум бо ифтихору саодатмандӣ дар атрофи Пешвои раиятпарвару мардумсолори хеш сарҷамъу муттаҳид рӯ ба ободкориву созандагӣ ва бунёдкорӣ овардаанд, барои боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарварии насли ҷавону фардосози давлату миллат амри воқеист.

Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил кард ва омодагиро ба ҷашни 35-солагии Истиқлол барои ноил шудан ба дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ суръати нав бахшид. Сокинони вилояти овозадори Суғд низ барои амалӣ гардондани барномаҳои давлатӣ ва чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат баста дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ садоқатмандона меҳнат мекунанд ва сазовори дастовардҳои бузург мегарданд.

Ташаббусҳои ватандӯстона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бо амали созандаю бунёдкорӣ истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеаи мамлакат дастгирии ҳаматарафа ёфта, сарбаландона татбиқ карда мешаванд. То баргузории ин ҷашни бузурги миллӣ дар мамлакат садҳо иншооти нави истеҳсолӣ, муассисаҳои маориф, иҷтимоию фарҳангӣ ва садҳо километр роҳҳо сохта, садҳо гектар боғу токзори нав бунёд мегарданд. Бо ибтикори Сарвари давлат рӯ овардан ба илму маориф, нигаҳдории тандурустӣ, бахусус, аз худ кардани илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ тадбири муҳиме дар рушди устувори иқтисодиёти мамлакат ва таъмини рақобатпазирии корхонаҳои саноатӣ дар арсаи ҷаҳон маҳсуб мешавад, ки онро Пешвои миллат дар ҳар суханрониашон пайваста таъкид менамоянд.

Бо ифтихор ва қаноатмандии шоиста зикр бояд кард, ки  ҷашни муқаддасу мубораки 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо шукӯҳу дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дар солномаи таърихи ҷовидони кишвари маҳбубамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Мардуми сарбаланду тамаддунофари тоҷик таҳти роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои беназиру ҷаҳонсолоронаи сиёсатмадори барҷастаи даврон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ, руҳияи баланди хештаншиносию худогоҳии миллӣ ва заҳмати софдилона ба хотири фардои дурахшони Ватани азизамон ин ҷашни пуршукӯҳи миллӣ ва озодии кишвари маҳбубамонро дар сатҳи баланд ва саодатмандона таҷлил намуданд.

Ин даври пурбаракатро, ки як марҳилаи инкишофи таърихӣ дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ҷамъбаст намуда, халқи созандаи тоҷик барои ба даст овардани комёбиҳои калонтар ва ҷорӣ намудани технологияи навтарини ҷаҳонӣ кӯшиш ба харҷ дода, собит менамояд, ки дар арсаи олам баробари пешқадамтарин давлатҳо ба сӯи ояндаи дурухшон қадам мезанад. Дар пойтахти мамлакат маҷмааи Истиқлол бо иштироки Сарвари давлат дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд ва майдони бузурги атрофи он ба гулгашти зебои  фароғату истироҳати сокинон ва меҳмонони пойтахти азизамон — шаҳри Душанбе мубаддал гардид, ки нишони шукӯҳи соҳибихтиёрии давлати ҷавони тоҷикон мебошад.

Бояд бо ифтихори баланд тазаккур дод, ки дар ин давр меҳнаткашони вилояти Суғд зафармандона меҳнат карданд. Дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят дастовардҳои арзанда ва шоиста насиби аҳли меҳнат гардиданд. Танҳо дар давоми панҷ-шаш соли охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар қаламрави вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дода, барои ноил шудан ба комёбиҳои нав ба нав ба халқи заҳматкаш рӯҳу илҳоми тоза бахшиданд ва бо қудуми муборакашон садҳо иншооти таъиноти истеҳсолӣ, маорифу тиб, фарҳангу варзиш, хизматрасонию маиширо ифтитоҳ намуданд.

Сокинони шарафманду соҳибхиради вилоят бо шукргузории ҳамешагӣ аз фазои сулҳу суботи комил ва ваҳдату оромӣ дар партави дастуру раҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли муқаддасу мубораки 2022 – соли ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба арсаи бузурги дастовардҳои меҳнатӣ табдил доданд.

Дар Паёми навбатиашон Пешвои муаззами миллат солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон карданд. Ин ташаббуси ватанпарваронаи Сарвари давлат дар назди аҳли заҳмати вилояти Суғд, ки яке аз калонтарин минтақаҳои саноатии мамлакат мебошад, вазифаҳои бузургро гузошт.

Дастоварду муваффақияҳои сокинони кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбариву раҳнамоии Пешвои миллат ба даст омаданд, боиси ифтихору сарфарозӣ мебошанд. Бо мақсади афзун намудани устувории иқтисодиёт ва рушди соҳаҳо тамоми захираву имкониятҳо сафарбар карда шуданд. Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти вилоят, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, сохтмону алоқа, савдою хизматрасонӣ таъмин гардиданд.

Саҳми саноатчиёни вилоят дар ташаккули ҳаҷми маҳсулоти саноатии кишвар ба 57,1 фоиз расида, вобаста ба иқтидору имконият ва потенсиали вилоят иқдом дорем, ки ин нишондодро боз ҳам баланд бардорем.

Бояд қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифтааст, ки то ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ, дар доираи эълон гардидани солҳои 2022 -2026 “Солҳои рушди саноат” 705 коргоҳу корхонаҳои нав бо 14,1 ҳазор ҷойи нави корӣ бунёд намуда, барои ҳарчӣ бештар фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд. То имрӯз 130 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо 2685 ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Рушди соҳаи кишоварзӣ дар вилоят барои таъмини амнияти озуқаворӣ, пешрафти соҳаҳои саноат, таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ, беҳтар гардидани шароити зиндагӣ, фаровонии дастархони мардум ва афзудани маҳсулоти содиротӣ ва муаррифии давлату миллат мусоидат менамояд. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ва рӯёнидани ду-се ҳосил суръати миёнаи истеҳсолӣ афзуда, тибқи маълумоти оморӣ, маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии вилоят ба санаи 1-уми октябри соли равон ба 10 миллиарду 826,7 миллион сомонӣ расонида шуд, ки дар муқоиса нисбат ба нишондоди соли гузашта 1 миллиарду 159,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Бунёди боғҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ба санаи 1-уми январи соли 2022-юм 62 ҳазору 56 гектарро ташкил намуд, ки аз он 42 ҳазору 462 гектараш ҳосилдеҳ мебошад. Ҳамчунин, соли равон 845 гектар боғи нав бунёд ва 867 гектар боғи кӯҳна барқарор карда шуд. 148 гектар боғи навбунёдро боғи интенсивии замонавӣ ташкил медиҳад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи сохтмони вилоят низ дигаргуниҳои куллӣ ба миён омаданд. Сохтмончиён барои ободу зебо намудани диёрамон бо бунёди иншооти гуногун, бо тарҳу намуди зебову муосир ба симои шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳусн зам карда истодаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, якҷо бо мардуми баору баномус, соҳибкорону саховатмандон ва аҳли ҷомеаи вилоят ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо бунёд, таъмин ва тармими беш аз 8500 иншооти гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ таҷлил намуд. Имрӯз баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳо ва Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори Раиси вилоят “Дар бораи ҷашн гирифтани 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, нақшаи ҷорабиниҳо тасдиқ ва дар асоси он сохтмон, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими беш аз 12 ҳазор иншооти таъиноташон гуногун, аз қабили корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ, сохтмон, таъмиру тармими биноҳои  муассисаи таҳсилоти миёна ва кӯдакистон, беморхона, бунгоҳи тиббӣ, варзишгоҳ ва майдончаву толорҳои варзишӣ, иншооти соҳаи фарҳанг, таъмиру таҷдиди роҳу пулҳо ва ғайра дар назар аст.

Соли равон ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи сарнавиштсоз силсилаи нақшаҳои бунёдӣ ба анҷом расида, корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” дар ноҳияи Айнӣ, корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик-Ян — 2”, Коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хишти аълосифат” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, Корхонаи парандапарварӣ ва истеҳсоли тухми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Амина-К”, коркарди санги хоро ва мармари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хорои Суғд”, коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Амина К”, корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён Пак” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, коргоҳи истеҳсолии “Хуҷанд-Могилёвлифтмаш” дар шаҳри Хуҷанд, коргоҳи пойафзолбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Базеб”, коргоҳи қаннодии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баракат-Исфара” дар шаҳри Исфара, корхонаи истеҳсолии коғазҳои рангаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дурахшон Бӯстон”, коргоҳи дӯзандагӣ ва  қолинбофии корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон, Корхонаи бисёрсоҳавии саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шарафи рӯз”, корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нури Истаравшан» дар шаҳри Истаравшан, Коргоҳи коркарди меваи хушки Ҷаъмияти саҳомии кушодаи “Конибодом”,  фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Конибодом паранда” дар шаҳри Конибодом, майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ дар шаҳрҳои Панҷакент ва Исфара, бо мақсади дастгирии мутахассисони соҳаҳои гуногун бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд ва даҳҳо муассисаҳои таълимиву томактабӣ, фарҳангиву тандурустиву варзишӣ, марказҳои хизматрасонӣ бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, садҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд.

Соҳаҳои маорифу нигаҳдории тандурустӣ, маънавиёту фарҳанг дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун самтҳои калидиву афзалиятнок ва ҳаётан муҳими сиёсати иҷтимоӣ эълон гардида, Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини рушди босуботи ин соҳаҳо тамоми тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят имрӯз барои ободонии Муассисаи таърихиву бостонии “Қалъаи Хуҷанд” чора андешида, дар даромадгоҳи асосии Қасри таърихии Арбоб сохтмони Боғи фароғатию фарҳангиро ба роҳ мондааст, ки дар рӯзҳои ҷашни 30 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон мавриди истифода қарор дода мешавад. Мо ба соҳаи фарҳанг, ки ҳастӣ ва муаррифгари миллат маҳсуб меёбад, таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем.

 Бовар дорам, ки мардуми соҳибмаърифату соҳибтамаддуни вилоят барои таҳкими дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ минбаъд низ саъю талош намуда, дар раванди бунёдкориву созандагӣ, пешрафт ва ободии Ватани маҳбубамон саҳми шоиста мегузоранд. Зеро марҳилаи нави тараққиёти давлати ҷавони тоҷикон водор менамояд, ки барои расидан ба ҳадафҳои бузурги стратегӣ аҳолона амал намоем ва мамлакатамонро ба кишвари шукуфон табдил диҳем.

Раҷаббой Аҳмадзода,
Раиси вилояти Суғд,
муовини
 якуми
Раиси Маҷлиси
 миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон