Санаи муқаддас.

0
3

Дар саҳфаҳои парокандаи таърихи давлатдории чандинҳазораи тоҷикон, басе номи қаҳрамонони миллатро метавон пайдо намуд, ки дар размгоҳи ҳастию нестӣ, озодию ғуломӣ, ҷон ба каф гирифта, баҳри ҳуввияти милли, бунёди давлати озоду обод, сулҳпешаву тавоно…ки ҷавобгӯи мақсаду мароми мардуми он бошад, ҷонбозиҳо карда, давлату миллатро аз ҳуҷуми пай дар пайи ғосибони аҷнаби ва душманони дохили эмин нигоҳ дошта бошанд.

Аммо боиси таассуфи аст, ки бо ин ҳама ҷоҳу ҷалол, қудрату тавоноие, ки рӯзгор насибамон гардонида буд, Империяи бузурги форс барҳам зад, ва миллат дигар тавони истодагари пешорӯи тундбоди ҳастикуши сарнавиштро надошт. Билохир баъди чандин асрҳои бедавлатию беҳуқӯқи, таҳқирию зулму ситам, хонадони Сомониён тавонистанд, давлати тоҷиконро бунёд гузоранд ва муддати як аср, миллатро сарҷамъ созанд, соҳибдавлат бошанд. Аммо ҳаводисҳои сарбасар фоҷиабори рӯзгор имкон надод, ки давлатро то ба охир комилу устувор ва пойдор нигаҳ доранд, чунки душман аз соддаги ва таҳаммулпазирии мардуми мо хеле хуб истифода бурда, ҷое бо макру ҳиял, ҷое ба зулму истибдод, дар забону фарҳанги мо фарҳангу забону маданияти худро ворид карданд ва оҳиста- оҳиста моро аз асли худ дур сохта, ба маҳалгароиву бегонапарастӣ, худситезию беҷуръати оварда, маърифату раванди сиёсати давлатдории моро ба сарҳади нобуди расонданд. Вале бо вуҷуди ин ҳама нобасомониҳо, зулму шиканҷаҳое, ки чархи каҷрафтор бо дасти оғушта ба хуни ғосибон ба сари миллати тоҷик овард, ифтихор аз он бояд дошт, ки миллати сарбаланди тоҷик, дар тӯли роҳи дарози пур аз сангарҳову заминканҳои торих пешпо назад, ба вартаи ҷоҳилият наафтод, хешро гум накард ва бо ҳисороти зиёди ҷониву молӣ, тахту тоҷ, шаҳрҳои бузурги илмию фарҳангӣ… нангу номуси худро гум накарда, забону фарҳанги миллатро ҳифз намуд ва баръакс, бо нерӯ ва ҷасорати бештар, алорағми душман биҷангид, то истиқлолияти аз даст рафтаро боз соҳиб шавад. Ҳазорон ҳазор сипоҳиён, зиёиену рушанфикрон, мардуми огоҳдили миллат дар даҳсолаи пеш аз охири асри 20 ба ҳам омада, аз ҳастии миллати тамаддунофар, аз истиқлолияти давлат, ҳуввияти миллӣ, садо баланд карда, ва миллатро баргаштан ба асли хеш:- соҳибмақом, соҳибикром, тамаддунофар, соҳибзабон… даъват менамуданд.

Ниҳоят, аввалҳои соли 90- уми асри гузашта ба тоҷикон муяссар гардид, ки Истиқлолият ба даст оваранд ва ҳамчун як давлати соҳибихтиёру озод дар харитаи ҷаҳон сабти ном шаванд. Аммо бо чи қимате…

Дар рӯзҳои аввали эълон доштани Истиқлолият, пешорӯи ин миллати озодидӯст, лак- лак душманони хориҷию дохилӣ камин гирифта, ба ҳар роҳе кӯшиши барҳам задани истиқлолияти давлатро доштанд, то он, ки давлате бо номи Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳон ном ва мақом надошта бошад.То андозае мақсад ва ҳадафҳои ҳасудони давр амалӣ гардид. Мардуми бехабар аз шаҳди озоди зидди ҳам шӯрид, миллат ба маҳал, маҳал ба авлод, авлод ба дин, дин ба мазҳаб… тақсим шуда, ба ҳам дарафтод, ҷонҳои ҳамдигар дарид, хонаҳо сӯхт ва дуди он ба фалак печид. Тифли навзоди Истиқлол миёни оташи ҳастисӯз, танҳо, бе ҳимоят монда, гом навбатии ӯ ба чоҳи жарфи нобӯди , ба фаношавии миллату давлат мебуд, агар мардони воқеии миллат, бо баҳои ҷон аз ӯ ҳимоят намекарданд, ва дар ин миён, пешгом- ҷавонмарди ғаюру далер, марди бо нангу номӯс, Эмомали Раҳмон намебуд..

Бо даъвати ҷавонмардони сарсупӯрдаи миллат, ки оқибати ин ҷанги худкуширо дар маҳви як давлати озод, як миллати бутун ва фарҳангсолору қадим медиданд, Иҷлосияи навбатии Шӯрои Олӣ дар Қасри Асбоби шаҳри Хуҷанд, 16-уми ноябри соли 1992 баргузор гардид. Ва дар ин ҷаласа намояндагони тамоми гурӯҳҳои мухолиф ба ҳам омада, роҳу раванди ояндаи Тоҷикистонро ҳаллу фасл менамуданд. Мардуми ҷангзада, аз хурд то бузург, аз ин машварат умеди пешгирии ҷанг ва сулҳу салоҳ доштанд. Дар ин баҳсу ҷадалҳои гурӯҳҳои мутақобил, мардум кишвар аввалин бор ба чеҳраи нав дар арсаи сиёсат, Эмомали Раҳмон, ошно гардид. Вақте, ки ӯ аз минбари баланд, бо азму ҷазм ва ирода қави ва бовари аз миллату давлат ҳимоят мекард ва мардумро ба сулҳу салоҳ даъват менамуд ва барои бунёд ва пойдории Давлати навини Тоҷикистони соҳибистиқлол масъалагузорӣ менамуд, ҳамаги ба он бовар шуданд,. ки миллати тоҷик билохир, баъди ҳазорсолаҳои бедавлати соҳибдарак ва ҳомии воқеии худро пайдо намуд. Ва замоне, ки ӯ бо забони фасеҳу рӯшан ва бовари аз хешу мардуми кишвар, ваъда дод, ки дар сарзамини Тоҷикистон сулҳ барқарор мекунад, миллатро бо ҳам меоварад,. гурезаҳоро ба ватан бармегардонад ва кишварро ба як давлати муқтадир, ободу пойдор ва мардуми онро озоду хушҳол месозад, шӯълаи умед ба фардои нек аз нав дар дили мардум фурӯзон гашт. Интихоби ӯ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,дар иҷлосияи 16- ум,.арзишмандтарин амали неки намояндагони халқ дар таърихи ҳазорсола роҳи бедавлатии тоҷикон ва оғози давлатдории навини тоҷикон буда,. Иҷлосия ҳамчун иҷлосияи сарнавиштсоз ва санаи муқаддас дар саҳифаи таърихи миллат, бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.

Инак,. 30 сол ин тараф, миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистони азиз, зери парчами ҳамешапаравшони сулҳу ваҳдату Озодӣ, дар фазои беғубори осмони давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқӯқбунёд ва озод, бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззам и миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат,. Қаҳрамони асил, Президенти Тоҷикистон, ба сӯи ояндаи дурахшон гоми устувор мезананд.

Дар гулистон зи азал чеҳраи гул ранг надошт,

Булбул аз хуни ҷигар омада рангинаш кард.

Барҳақ, метавон ин мисраҳои пурарзишро ба шахсияти Пешвои миллат муносиб донист,. ки ӯ бо истифода аз ақлу заковати Худодод ва сиёсати хирадмандона, на танҳо тоҷиконро ҳамчун миллати қадим, тамаддунофар, фарҳангсолор, созандаву ободгаро, ҳамзамон давлати Тоҷикистонро чун кишвари рушдкунанда, устувор, тавоно ва ояндадор муаррифӣ карда бошад. Дар ин муддати кӯтоҳ Тоҷикистонро беш аз 180 давлати дунё ба расмият шинохта, бо боварии том ва рағбати беш бо Тоҷикистон ҳамкории иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ

доранд.

Кӯшишу талошҳои ҳамешагии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири бунёди як давлати воқеан озод, демократи, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки ҷавобгӯи ҳама меъёрҳои зиндагии орому осоишта , озодии сухан, ҳуқуқи шаҳрвандӣ, интихоби озоди дину мазҳаб, донишомӯзию касбандузӣ, тиҷорат, ҳифзи саломатӣ …ва ғ. бошад, имрӯз ҳама медонему мебинем ва ифтихор аз Пешво дорем. Агар 30 сол пеш, замони навистиқлолӣ, тоҷикон ва Тоҷикистон дар оинаи рӯнамои таърихи башар, ҳамчун як миллати ҷангзада, вайронкор, камсавод, кӯчак ва беоянда падидор мешуданд, аммо, имрӯз бо роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, мардуми он бо ҳам омада, дар ободу зебо гардонидани сарзамини худ, ҳимояти марзу буми он, рушди иқтисод, илму фарҳанг, таълиму тарбияи насли наврас, ҳимояти забон ва расму русуми арзишноки аҷдодӣ ҳама донишу маърифати ҷаҳонсозии худро сарф карда, Тоҷикистони азиз ва мардуми онро дар нигоҳи ҷаҳониён, ҳамчун миллати сулҳпеша, ҳамдил, ваҳдатофар, фарҳангсолор, озод, созандаву ободгаро, хайрхоҳу меҳнатдӯст ва давлатро, давлати рушдкунанда, пуриқтидор, устувору пойдор нишон доданд.

Моро мебояд, ҳар куҷо ифтихор аз Пешвои миллат дошта бошем, ки давлатро аз сифр бунёд карда, ба ин рӯзи хуррами расонд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро мебояд ба қадри заҳматҳои ӯ бирасад, андешаҳои носолимро аз худ дур афканад, аз таассубу нотавонбин дури гузинад, дасти бародари ба ҳам бигирад ва ба хотири боз ҳам бештар ободу зебо гардонидани кишвар бикӯшад ва эҳтиром ба муқаддасоти миллат дошта бошад.

Иҷлосияи сарнавиштсоз ва Рӯзи Президент ба кули тоҷикон ва ҳамзабонон хуҷаставу фархунда бод!

Раиси бахши суғдии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд»