Иҷрои нақшаи даъват

0
6

Тибқи иттилои Комиссияи давлатии ноҳиявӣ оид ба даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбиро пурра иҷро кардааст. Ҳамасола ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар миёни шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва бо дастгирии ҷавонони ғаюр ва ватандӯсту ватанпарварӣ ноҳия нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сарбаланди иҷро менамояд. Қобили зикр аст ки солҳои охир ҷавонон чун анъана ба таври ихтиёри ҳозир шуда, довталабона ба хидмати ҳарбӣ раҳсипор мешаванд. Ин омил дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ ҳувияту миллӣ, дӯстдоштани Модар-Ватан инчунин дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия ёфтани ҷавнони ғаюри Кӯҳистони Мастчоҳ дарак медиҳад. Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар панҷсоли охир дар миёни 18-шаҳру навоҳии вилояти Суғд чун анъана нақшаи даъватро пештар иҷро кардааст. Соли гузашта низ ноҳия нақшаи даъватро дар миёни шаҳру ноҳияҳо вилоят дуюмин шуда иҷро карда буд. Имсол низ бо як рӯҳияи баланд ва ифтихори миллию меҳанпарастӣ нақшаи даъватро саривақт иҷро кард. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҳамаи ҷавонону волидайн ва масъулоне ки ҷиҳати саривақт иҷро намудани нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ саҳм гузоштаанд изҳори сипос менамояд.