Таҷлили Рӯзи Конститутсия ва Милитсия

0
37

Сана 4-уми ноябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи бинои Шӯъбаи вазорати корҳои дохили дар  ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бахшида ба 28-солагии Рӯзи қабули Конститутсия ва Рӯзи Милитсияи тоҷик чорабинии идона доир гардид.

Дар ин чорабини Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Нодирӣ Шермуҳаммад, Сардори Шӯъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия подполковники милитсия Насимзода Қосим, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ ва фаъолон иштирок намуданд.

Нахуст Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло ба сухан баромада номаи табрикии хешро ба муносибати Рӯзи Конститутсия ва Милитсияи тоҷик ироа кард.

Зимни суханронӣ Раиси ноҳия аз ҷумла таъкид кард, ки — Бисту ҳашт сол муқаддам мардуми шарафманд ва сарбаланди тоҷик ба хотири ояндаи неки дурахшони давлату миллат, бо масъулияти баланди шаҳрвандию инсонӣ Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуданд.

6-уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории мо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар тариқи раъйпурсӣ қабул карда шудааст. Ҳамчунин дар ҷараёни суханрони Раиси ноҳия доир ба моҳияти Конститутсия ҳамчун санади муҳим ва бахтномаи миллат ҳарф зада, иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли олии давлатдории демократиро таҷассум кардааст. Ҳамин аст, ки Конститутсияи мо аз ҷониби мутахассисони ҷаҳонӣ ва давлатҳои абарқудрат ҳамчун Конститутсияи беҳтарин эътироф карда шудааст. Дар идомаи ироаи паёми табрикоти Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло кормандони Шӯъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияро ба Иди касбӣ яъне Рӯзи Милитсияи тоҷик табрик намуда иброз дошт,ки ҷашни таъсисёбии мақомоти милитсияи тоҷик дар замоне таҷлил мегардад, ки кишвари мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол муддати 31 сол дар арсаи байналмилалӣ арзи ҳастӣ дорад. Дар ин давра бо кӯшишҳои пайвастаи якҷоя аҳкоми давлатдорӣ пойдор гардида, ҳаёти мардуми кишварамон дар муҳити орому осоишта ва рушди босубот идома дорад. Кормандони милитсия дар давраи соҳибистиқлолии давлатамон санҷишҳои талхи таърихиро паси сар намуда, дар таъмини амнияти давлату миллат саҳми арзанда гузошта, борҳо исбот намудаанд, ки барои онҳо арзишҳои Ватан, Истиқлолият, Ваҳдат волою муқаддасанд.

Сипос Сардори ШВКД -и ноҳия подполковники милитсия Насимзода Қосим баромад карда кормандони корҳои дохилиро ба Иди касбӣ табрик намуда, доир ба нақш ва корнамоиҳои кормандони милитсия дар таъмини суботи ҷомеа арзишҳои миллӣ, эъмори давлати навини тоҷик ҳарф зада инчунин оиди ҷоннисориҳои ин мақомоти қудратӣ ибрози назар кард.

Бояд гуфт ки солҳои ахир бо ташаббус ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди кори ба кормандони корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои амали роҳандозӣ карда шудаанд. Солҳои пеш кормандони корҳои дохилии ноҳия дар як бинои фарсуда ифои вазифа мекарданд. Хушбахтона бо дастгирии Роҳбарияти Олии мамлакат дар маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон бинои Шӯъбаи вазорати корҳои дохили дар ноҳия  иборат аз ду ошёна сохта шуда ва соли 2019 бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳамчунин дар ҷараёни чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Милитсияи тоҷик чанде аз кормандони корҳои дохилӣ ва собиқадорони соҳа бо сипоснома ва тӯҳфаҳои пули қадрдонӣ карда шуданд.

Дар охир дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи консертии худ баромад намуда, чорабиниро гуворо намуданд.