Номаи шодбошии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
1

Ҳамдиёрони азиз!

    Бисту ҳашт сол муқаддам мардуми шарафманд ва сарбаланди тоҷик ба хотири ояндаи неки дурахшони давлату миллат, бо масъулияти баланди шаҳрвандию инсонӣ Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуданд.

Қабули ин санади олии ҳуқуқӣ, ки низоми давлатдории навини моро муайяну мушаххас сохт, дар давраи басо мушкил ба миён омад. Бояд дар ёддошт, ки дар таҳияи лоиҳаи Конститутсия ва қабули он дар таърихи 6–уми ноябри соли 1994 нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр барҷаставу мондагор аст. Комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии бевосита ва пешниҳоди таклифҳои судманди Сарвари давлат фаъолият намуда, арзишҳои пазируфташудаи башарӣ, аз ҷумла эъмори давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, сарчашмаи ҳокимият будани халқ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунии сиёсӣ ва мафкуравӣ, идораи парлумонӣ, низоми ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф ва сабт намуд.

Шояд фарогирии чунин арзишҳо буд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби як зумра мутахассисони кишварҳои ҷаҳон, назири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Федератсияи Россия, коршиносони Созмони Миллали Муттаҳид, Шӯрои амният ва ҳамкории Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ сазовори баҳои баланд гардид.

Имрӯз ба санаи таърихии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон 28 сол пур мешавад. Тамоми мардуми заҳматкаши ноҳияро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди ноҳия оромию осудагӣ сиҳатмандии, комил ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

6-уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории мо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар тариқи раъйпурсӣ қабул карда шудааст. Ҳар як пешрафти ба дастомада, пеш аз ҳама таъмини волоияти қонун, натиҷаи хирад ва заковати фитрии халқи Тоҷикистон мебошад.

Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократи, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳар як шаҳрванд мебошад. Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандон нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии мардум гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун яке аз беҳтарин санадҳои олии ҳуқуқи эътироф шуда, дар он ҷанбаи башардӯстӣ мавқеи аввалиндараҷа ва асос дорад ва ҳимояи инсон ҳуқуқу озодиҳои фитрии ӯ мақсади асосӣ эълон шудааст.

Чуноне, ки дар моддаи якуми он омадааст: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шарити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Маҳз бо ҳамин сабабҳо,  дар муддати басо кӯтоҳ Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шинохта шуда, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз 5 Конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътироф гардид.

28 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеаи мо аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифа ба арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид.

Натиҷаи ҳамин дастовардҳои коститутсионист, ки имрӯз дар ҷомеа сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлол машғул аст.

Ба Конститутсияи мамлакат тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо мазмуну мӯҳтавои конститутсияро ташкил дода, хислати демократии онро таҳким бахшиданд. Бо дар назардошти дастовардҳои нав ба нави ҷомеа зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои навбатӣ 22 — уми июни соли 2003 ба Конститутсияи Тоҷикистон ба миён омад.

Дар натиҷаи ду ислоҳоти конститутсионӣ аввалин маротиба дар таърихи сиёсии кишвар Парламенти ду палатагии доимоамалкунанда, такмили мақомоти иҷроия ва сохтори иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳи мустақилияти мақомоти судӣ, эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ ва ниҳоду андешаҳои демократӣ ба Конститутсия ворид гардиданд.

22-уми майи соли 2016 бошад, бо назардошти талаботи замон ба якчанд моддаҳои Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Дар маҷмӯъ ҳама навовариҳои конститутсионӣ барои пойдору устувор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳои бахшидани кишвар ва саноатикунонии босуръати мамлакат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудааст.

Ба шарофати Конститутсия ҷаҳониён, тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушод ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд.

Воқеан Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ буда, ҳамчун ҳуҷҷати зинда ва стратегӣ инъикосгари равандҳо ва дигаргуниҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад. Ин санади олӣ моро ба сӯйи дигаргуниҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ раҳнамун месозад. Аз ин рӯ, бояд дар заминаи меъёрҳои Конститутсия зиндагӣ ва фаъолият карданро рисолати худ дониста, дар партави нишондодҳои он амал намоем ва ба пешрафту тараққиёт ва саодати бештар даст ёбем.

Ҳисси ифтихору ватандӯстӣ ва ватанпарастии миллати тоҷик аст, ки дар давоми ин солҳо ба дастовардҳои муҳим шарафёб гашт. Имрӯз месазад, ки ҳар як шаҳрванди ноҳия ба Конститутсия эҳтиром оварда баҳри рушди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳмгузор бошанд.

Бо чунин ниятҳои нек кулли сокинони ноҳияро ба ифтихори 28 – умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди ноҳия сулҳу оромӣ, бахту иқболи нек ва ба кишвари азизамон пешрафту шукуфоӣ орзу менамоям.