Даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»ҷамъбаст гардид

0
7

Санаи 2 -уми ноябр дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.

Дар асоси Низомномаи озмун давоми моҳҳои апрел ва майи соли равон даври якум ва дуюми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуда, дар он 38 ҳазору 523 нафар хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорону намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, ба даври вилоятии озмун 900 нафар роҳхат гирифтанд. Дар қатори дигар шаҳру навоҳии вилоят, 117 нафар  хонандагону омӯзгорон ва дигар сокинони касбу кори гуногун дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”аз рӯи 5 номинатсия: адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назму наср иштирок карда 31 нафарашон ба даври

вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳхат гирифтанд. Боиси хушнудист, ки дар даври сеюми озмун се нафар хонандагону омӯзгорони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ,Рахматзода шоира хонандаи синфи 11, аз номинатсияи адабиёти классик сазовори чойи 3 юм, ва  Файзигул Дустов хонандаи синфи 11, аз  номинатсияи адабиёти муосир сазовори чойи сеюм гаштанд, ки инҳо хонандагони муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23мебошанд Ҳамчунин омӯзгори аз муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3, Мирзо Давлатов  аз рӯи номинатсияи эчоди назм сазоври ҷои ифтихорӣ гардид.

Ёдовар мешавем,ки тайи 4 сол аст,ки   бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илм), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гузаронида мешавад.

Соли ҷорӣ низ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, №АП-156 ба тасвиб расид.

Дар баробари баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон  – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” ҳамчунин бо мақсади  баланд бардоштани  шавқу завқи  ҷавонон ба  омӯхтани  илму дониш, аз ҷумла  илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, кашфиёту навоварӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидааст. дар соли 2023бошад бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” ба нақша гирифта шудааст.Ин ҳама дастгириву сиёсати маорифпар варонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳи саводу маърифат нокии аҳли ҷомеа, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯ стиву ватанпарварӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар буда ҳар фарди худогоҳ новобаста аз сину сол бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки бо донишу маҳорати баланди касбӣ барои ободонии Ватан ҳисси арзишманди хешро гузорад.