Вохӯрии вакил бо интихобкунандагон дар Кӯҳистон

0
4

Санаи 17-уми октябри соли 2022 дар шаҳраки Меҳрон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон доир гардид. Ин дидор дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо иштироки Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ғиёсиддин ва фаъолону интихобкунандагон ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Нахуст вакили Маҷлиси намояндагон Шарифзода Ғиёсиддин ба сухан баромада доир баИҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30-соли пеш дар шаҳри бостонии Хуҷанд шуда гузашт муфассал ҳарф зад. Номбурда аснои суханронӣ таъкид кард, ки – Пойдевории асосии давлатдории навини тоҷикон маҳз дар ҳамин Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ гузошта шуд ва дар ин Иҷлосияи таърихи Роҳбари кордону оқиле интихоб шуда мамлакати моро, ки дар як вартаи нобуди қарор дошт, ба даст гирифта давоми беш аз 30-соли соҳибистиқлолии мамлкат ба як кишвари ободу зебо табдил дод. Ин шахсияти бузург ва таърихи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо ҷаҳду талош ва сиёсати оқилонаи хеш дар рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ҳиссаи арзандае гузоштааст. Ҳамчунин доир ба нақшу корнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду ободонии мамлакат, таъмини сулҳу субот, созандагиву бунёдкорӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ изҳори назар карда шуд. Пас аз суханрони миёни вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ғиёсиддин ва фаъолону интихобкунандагон суҳбати ошкоро ва саволу ҷавоб сурат гирифт. Дар рафти суҳбат интихобкунандагон аз вакили мардуми доир ба суолҳои пешниҳоднамудаи хеш посухи мушаххас гирифта, инчунин дархосту пешниҳодҳои хешро ба вакил баён намуданд.

Саидвоҳиди Қосим