Меҳргон иди мардумӣ

0
15

Табрикоти раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло бахшида ба Иди Меҳргон

Ҳамдиёрони азиз!

Дар Тоҷикистон 13 сол инҷониб якшанбеи сеюми моҳи октябр Иди Меҳргон таҷлил карда мешавад. Имсол ин ҷашни ниёгон ба 16 октябр рост омадааст. Ҳамасола Меҳргон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бо баргузории барномаи фарҳангӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад. Меҳргон яке аз идҳои қадимии мардуми ориёинажод буда, маҳз ба туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ибтикори фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё карда шуд. Моҳияти таҷлили ин ҷашни бузург маънои ҷамъбасти кори кишоварзон, бурду бохти онҳо дар натиҷагирии ҳосилот, омодагии мардум ба фасли зимистон ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

Меҳргон дар қатори Садаю Наврӯзу Тиргон яке аз ҳалқаҳоест дар силсилаидҳои марбут ба тамаддуни кишоварзии аҷдодонамон, ки онро деҳқонон дар давраи баробарии шабу рӯз дар тирамоҳ барои ҷамъбасти ҳосили бо ранҷ парваридаи хеш таҷлил менамоянд. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар қатори дигар ҷашну идҳо Меҳргон ҳамчун иди миллии кишвар шинохта шудааст. Фалсафаи Иди Меҳргон ин робитаи дӯстию меҳр ва арҷгузорӣ ба заҳмати деҳқонон дониста мешавад. Маҳз заҳмати марди деҳқон аст, ки ҳамеша хони мардум доимо саршор аз неъматҳои фаровон аст.

Имсол мардуми сарбаланди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар баробари дигар сокинон ва аҳли заҳмати кишвари азизамон Тоҷикистон содиқонаю самимона заҳмат кашида, бо меҳнати ҳалол ва арақи ҷабин дар замини сахти кӯҳистон ҳосили фаровон ба даст оварданд. Аз ҷумла дар мевагиҳо аз қабили зардолу, себ ҳосили дилхоҳ гирифтанд. Ҳамчунин ба ҳамагон маълум аст, ки иқлими Кӯҳистони Мастчоҳ барои парвариши картошка хеле мусоид буда, инчунин картошкаи Кӯҳистон дар бозори кишвар маълуму машҳур мебошад. Дар соли равон аҳли заҳмати ноҳия низ кишти картошкаро тибқи нақша дар майдони 2851 га ба роҳ монданд. Имрӯзҳо дар ноҳия ҷамъоварии ҳосили картошка бомаром идома дорад. Кишварзон ва аҳли заҳмати ноҳия ният доранд соли равон беш аз 100-ҳазор тонна картошка истеҳсол ва ба бозори кишвар бароранд, ки рафти ҷамъоварӣ ва нишододи ҳосили картошка барои иҷрои нақша умедворкунанда мебошад.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба хусус аҳли заҳматро ба Иди бостонии Меҳргон, иди ҷамъовари ҳосил ва фаровонии неъматҳои бебаҳо самимона табрик намуда, бароятон тани сихату умри дароз, ризқи равону хони пур аз нозу неъматро таманно дорам.

Иди Меҳргон муборак ҳамдиёрони азиз!