Ифтитоҳи бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

0
28

Санаи 13 октябр бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Валиғонди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ба истифода дода шуд.

Бинои муассиса аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ сохта шуда, барои 240 нафар хонанда дар як баст сохта шудааст.

Бино аз 8 синфхонаи таълимӣ, 1 хонаи омўзгорон ва  1 утоқи корӣ иборат буда, кабинети технологияи иттилоотӣ ва кабинети фанни физика бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шудааст.

Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии ноҳия ва пудратчӣ ҶДММ “Сохтмон”-и ноҳияи Мастчоҳ мебошад.

Дар бинои дуошёнаи  таълимӣ 160 хонанда ба таҳсил фаро гирифта, 22 нафар омӯзгорон фаъолият мекунанд.

Сохтмони бинои муассисаи таълимӣ соли 2019 оғоз ёфта, моҳи октябри соли 2022 ба итмом расонида шуд. Барои бунёди бинои муассисаи таълимӣ зиёда аз  4,7 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Раиси вилоят ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро туҳфаи арзанда дар арафаи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, аз устодону омӯзгорон даъват кард, ки барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия аз имкониятҳои мавҷуда пурсамар истифода баранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд