Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот ширкат варзид.
Бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ, маҳсулоти хоҷагии ҷангал ва инчунин коргоҳи дӯзандагӣ сохта шуда, барои анҷоми корҳо 700 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст.
Бо ташкили коргоҳҳои нав беш аз 20 нафар сокинони ноҳия соҳиби ҷойи корӣ гардиданд.
Раиси вилоят аснои шиносоӣ иброз дошт, ки дар ноҳия бояд ба ташкили корхонаҳои хурди истеҳсолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда шуда, барои ташкили ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ чораҷӯӣ карда шавад. Дар ноҳия имкониятҳо барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал фаровон буда, бо ҷалби сармоягузорон метавон тарҳҳои навро амалӣ намуд.
Сипас, роҳбари вилоят толори варзишии ноҳияро мавриди истифода қарор дод.
Фармоишгари иншооти варзишӣ Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, пудратчӣ ҶДММ “Шарора”-и шаҳри Панҷакент мебошад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд