Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосили картошка идома дорад

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳия шинос гардид.

Роҳбари вилоят аз ҷумла бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Валиғонд» таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо деҳқонону кишоварзон суҳбат намуд. Аснои суҳбат иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ айни замон ҷамъоварии ҳосили картошка идома дошта, кишоварзон нақша доранд, ки 105 ҳазор тонна картошка истеҳсол намоянд.

Хоҷагии деҳқонии «Валиғонд» дорои 194 гектар замин буда, дар 70 гектари он навъҳои «Романсо», «Пикассо», «Нурӣ» ва «Тоҷикистон» кишт гардида, истеҳсоли 2400 тонна картошка ба нақша гирифта шудааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қайд намуд, ки иқлими ноҳия барои парвариши картошка хело мусоид буда, саҳми кишоварзони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар таъмини амнияти озуқаворӣ, махсусан таъмини бозори истеъмолӣ бо картошка назаррас мебошад. Тавсия дода шуд, ки дар шароити куҳистон бояд ҳар порча замин самаранок истифода гардида, бо истифода аз тухмиҳои босифат ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд