Санъати мондагори халқи тоҷик

0
16

Дар Тоҷикистон 15 сол инҷониб Рӯзи фалак бо шукӯҳу шаҳомати хоса  таҷлил мегардад. Ин санъати мондагори мусиқии халқи тоҷик имрӯз ба қатори мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО сабти ном гардидааст, ки фарҳангпарвару санъатдӯст будани мардуми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ  менамояд.

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 2007 ҳамасола 10 октябр  Рӯзи фалак ҷашн гирифта мешавад. Ба гуфти фарҳангшиносон, жанри фалак дар асри X ё пештар аз он низ аз ҷониби ҳунармандони он замон иҷро мегардид.

Инчунин, дар деворҳои шаҳраки қадимии Ҳулбук нақшҳое ёфт шудаанд, ки дар онҳо занҳо дар даст думбураву камонча ва ғижжак доранд. Яъне, муаррихон мегӯянд, ки чун ин занону мардон дар даст асбоб доранду менавозанд, пас маълум аст, ки аз ҳамон давраҳо ва боз ҳам пештар аз он сурудхонию фалаксароӣ мавҷуд будааст. Ё ин ки дар баъзе суратдеворҳо анъанаи даст дар гӯш мондани одамон нақш ёфтааст, ки ин ҳам далели санъати таърихии миллати мо будани фалак мебошад.

Тамоми вижагиҳои ин санъати асили тоҷикро ба назар гирифта, 15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж тариқи онлайн баргузор гардид, номинаи «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шуд.

Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон зикр намуд, ки дар ду сол як маротиба аз ҷониби ЮНЕКСО анъанаи миллии ягон давлат қабул мегардад. Қабул гардидани номинаи фалак дар замони  30-солагии Истиқлолияти давлатӣ муждаи фарҳангӣ буда, фарҳангпарвару санъатдӯст будани мардуми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.

Фалак мусиқии суннатии касбии мардуми тоҷик мебошад, ки тӯли асрҳо ҳамчун розу ниёз, талабу хостаҳои мардумӣ иҷрои вазифа кардааст. Он жанри мусиқии қадимии шифоҳӣ буда, дар тӯли садсолаҳо аз гӯш ба гӯш, аз забон ба забон, аз дил ба дил ба тарзи мактаби «устод–шогирд» то ба имрӯз расидааст.

Бояд гуфт, ки бо мурури замон рушди ҳунари фалакхонӣ ба ташаккули мактабҳои ҳунарии авлодӣ мусоидат намуд. Ин мактабҳои авлодӣ зимни услуби тадрисии устод–шогирд рушди бештар ёфтанд. Дар асри ХХ онҳо ба ҳайси ансамблҳои оилавӣ расман пазируфта шуданд. Дар роҳи таърихии фалак вазифаи эҳё, нигаҳдорӣ ва ба насли дигар омӯзонидани ҳунари фалакхониро ҳамин мактабҳои устод-шогирд дар доираи авлод таъмин намудаанд. Фалакхонӣ тавассути ин мактабҳои суннатӣ густариш ёфта, то ба замони муосир сабки худро ҳифз намудааст.