Натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳа

0
15

Санаи 07 октябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маҷлиси ҷамъбастӣ доир ба натиҷаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2022  баргузор гардид. Дар кори ҷаласа  раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Давлаталӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд, муовини сардори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал дар вилоят Насриддинов Тоҷиддин, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони кумитаи маҳал, имомхатибон  ва сардорони ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд.

Нахуст муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар нуҳ моҳаи соли 2022 ҳисобот дода, иброз дошт,ки нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар  нуҳ моҳи соли 2022 (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) 4795,4 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷроиши он 5150,6 ҳазор сомонӣ таъмин карда шудааст, ки  ин рақам аз нақша 355,2 ҳазор сомонӣ зиёд ё худ 107,4 фоиз таъмин гардидааст.

Нақшаи  қисми хароҷоти буҷети ноҳия бошад 23201,3 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки иҷроиши он 23075,3 ҳазор сомонӣ ё 99,4 фисадро дар бар мегирад. Нақшаи мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 1714,1 ҳазор сомонӣ, иҷроиши он 1690,3 ҳазор сомонӣ ё худ 98,3 фоиз иҷро гардидааст. Дар соҳаи мудофиа нақша 93,2 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 93,2 ҳазор сомонӣ ё 100,0 фоизро дарбар мегирад. Дар соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақша 15,07 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 15,07 ҳазор сомонӣ ё 100 фоизро ташкил медиҳад. Соҳаи маориф 15863,3 ҳазор сомонӣ, иҷроиши он 15796,0 ҳазор сомонӣ, ё худ 99,5 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 4139,4 ҳазор сомонӣ, иҷроиши он 4118,6 ҳазор сомонӣ, ё худ 99,5 фоиз иҷро гардидааст. Суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ тибқи нақша 171,6 ҳазор сомонӣ  иҷроиши он 169,2 ҳазор сомонӣ ё худ 98,6 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ нақша 417,2 ҳазор сомонӣ иҷроиши он 412,9 ҳазор сомонӣ  ё худ 99,0 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Соҳаи фарҳанг ва варзиш нақша 474,3 ҳазор сомонӣ иҷроиш 470,2 ё 99,0 фоизро дар бар мегирад. Дар соҳаи кишоварзӣ нақша 149,6 ҳазор сомонӣ  иҷроиши он 145,6 ҳазор сомонӣ ё 97,7 фоиз иҷро гардидааст. Ба буҷети маҳаллӣ бошад, дар давраи ҳисоботӣ 8687 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки он 110,6 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Дар ин давра ба буҷети ноҳия нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 833 ҳазор сомонӣ маблағ зиёд ворид гардидааст.

Маблағи қарзи андоз дар ноҳия 181,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба аввали соли равон 6,5 ҳазор сомонӣ  кам гардидааст.  Нақшаи андози суғуртаи иҷтимоӣ 196,3 ҳазор сомониро ташкил дода, таъминоти он ба маблағи 201,9 ҳазор  сомонӣ иҷро карда шуд, ки 103,0 фоизи нақшаро  дар бар мегирад.

Нақшаи андози иҷтимоӣ 3798,8 ҳазор  сомониро ташкил дода, иҷроиши он 4062,5 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки 106,9 фоизро дар бар мегирад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия музди миёнаи меҳнат 945,87 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 86,85 сомонӣ ё 10,1 фисад зиёд мебошад.

Номбурда ҳамчунин оид ба таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ. Маълумот дода иброз дошт,ки        Дар ноҳия 88 нафар соҳибкорон 18 нафар бо патент,  38 нафар бо шаҳодатномаҳои шартии махсус, 32 нафар бо шаҳодатномаҳои дар низоми махсусбуда фаъолият мебаранд, ки  дар қайди равзанаи ягона мебошанд. Аз ин шумора 12 нафарашонро  занон ташкил  медиҳанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 нафар зиёд мебошад.Дар давраи ҳисоботӣ 5 нафар соҳибкор бо патент, 4 нафар соҳибкор бо шаҳодатнома, 12 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар нуҳмоҳаи соли равон аз ҳисоби бахши ноҳиявии бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”  дар ноҳия ба 131 нафар соҳибкорон маблағ ҷудо гардид, ки аз ин шумора 11 нафарашонро занон ва 72 нафарро ҷавонон, 48 нафар дигар табақаи аҳолӣ қарзҳо барои рушди соҳибкорӣ дода шудааст.. Маблағи умумии қарзӣ 1843,5 ҳазор сомониро  ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 1587 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин дар ноҳия корхонаҳои саноатии ҶДММ “Қудрат 2010”, ҶДММ “Оби Ғулуч” фаъолият доранд. ҶДММ “Қудрат 2010” дар ин давра 70550 тонна ангишт истихроҷ намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  23850 тонна ё 1,5 баробар зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҷмўи маҳсулоти саноатӣ дар давраи ҳисоботӣ 10225 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 баробар   ё 2067 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар   нуҳмоҳаи соли ҷорӣ ҳисобгиракҳои электронии каммасраф 173 адад  насб гардидааст, ки дар сарфаи нерўи барқ аҳамияти калон доранд. Пардохти маблағи ҳаққи истифодаи қувваи барқ 822,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 72,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.  Соли ҷорӣ  дар деҳаҳои Арнохун ва Сурхкати  Ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик,  корҳои сохтмонии хатти баландшиддати барқ оғоз гардида, зерпояҳо ва симчубҳо пурра насб гардиданд. Инчунин хонаҳои истиқоматии аҳолӣ барои гирифтани барқ аз хатти баландшиддат пурра омода карда шудаанд. Лоиҳаи иншооти сохтмонӣ аз тарафи корхонаи лоиҳакашии ҶДММ “Энергосетпроэкт”идома дода шуда истодааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 6172,5  ҳазор квт соат қувваи барқ қабул гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1033 ҳазор  квт соат зиёд мебошад.

Ҳаҷми талафоти нерўи барқ дар ноҳия 33,4 фоизро дар бар мегирад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз  зиёд мебошад.

Бо маблағгузории Олмон тариқи лоиҳаи “Рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тавассути барқтаъминкунии деҳаҳои дурдасти Кўҳистон дар Тоҷикистон” дар деҳаҳои Ярм, Самҷон, Худгифи Боло, Ланглиф нерўгоҳҳои хурд аз 30 то 70 кВт сохта шуд, ки чароғонкунӣ дар ин деҳаҳо минбаъд хуб мегардад. Дар ин замина барои беҳтар намудани чароғонкунии деҳаи Падрох ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ як адад трансфарматор аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия харидорӣ карда шуд.

Корбарӣ дар ноҳия ҷиҳати кам кардани талафоти нерўи барқ дар байни аҳолӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Оиди таъмини амнияти озуқаворӣ дар ноҳия то ин дам корҳои назаррас ба сомон расонида шуда тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 октябри соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ тухм 518  ҳазор дона, шир  6480 тонна, гўшт 1041,4 тонна, пашм 166,3 тоннаро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тухм 1 ҳазор дона, гўшт 20,9 тонна, шир 120 тонна, пашм 2,1 тонна зиёд мебошад.

Тибқи дурнамо соли ҷорӣ дар ноҳия кишти картошка дар майдони 2851 га ба нақша гирифта шудааст, ки иҷроиши он 102,6 фисад таъмин карда шуд. Кишоварзони ноҳия дар майдони 2927 гектар дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ кишти картошкаро ба роҳ мондаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат соли гузашта 86 га зиёд мебошад.  Дар ин давра дар ноҳия 51938,9 тонна картошка истеҳсол карда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2178,4 тонна зиёд мебошад.  Саршумори чорвои майда дар ноҳия 126829 сарро ташкил медиҳад. Чорвои калони шохдор 16147 сарро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100,1 фисадро ташкил медиҳад. Саршумори парранда дар ин давра 7881 сарро ташкил намуд.

Барқароркунии боғҳои куҳна дар ноҳия 38 гектарро ташкил дода, 12 га боғи нав бунёд карда шуд.  Кишоварзони ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар нуҳ моҳи соли равон зиёда аз 22800 бех дарахтони мевадиҳандаю ороишию сояафкан шинониданд, ки ба рушди соҳа таъсири мусбии худро бевосита мерасонад.

Рафти корҳои  сохтмонию амеъморӣ  дар ноҳия хуб ба роҳ монда шуда то ин дам дар ноҳия 4580 метри муррабаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1467 метри мураббаъ зиёд мебошад. Муроҷиатҳои шаҳрвандон оиди гирифтани қитъаи замини назди ҳавлигӣ аз ҷониби масъулин саривақт баррасӣ мегарданд ва оилаҳои эҳтиёҷманд дар асоси хулосаи комиссия таъмин карда мешаванд. Ҳаҷми сармояҳои асосии иҷрошуда дар давраи ҳисоботӣ 9642,9 ҳазор сомонӣ, корҳои сохтмонию васлгирӣ 9188,6 ҳазор сомонӣ, фондҳои асосӣ 15973,6 ҳазор сомониро ташкил намуд. Сохтмони муассисаи таълимии замонавӣ дар деҳаи Дашт аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурра ба итмом расонида шуд. Сохтмони муассисаи таълимӣ дар деҳаи Палдорак аз тарафи идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, фақат корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ёрирасон идома доранд. Сохтмони муассисаи таълимӣ дар   деҳаи Валиғонд аз тарафи мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ пурра ба охир расонида шуд.Ҳамчунин номбурда оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар дигар муассаҳои таълимиву тандурустӣ ва дигар инҳоотҳои хоҷагии халқ инчунин оид ба таъмиру бунёди боғу ҷӯйборҳо, таъмири роҳҳо,  рушди  инфрасохтор ва нақлиёт, рушди соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, вусъати шуғли пурмаҳсул, рушди соҳаи маорифу тандурустӣ, фарҳанг, таъмини аҳолӣ бо оби тоза, беҳдошт ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ, таъмини устувори экологӣ ва рушди устувор, соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди  сайёҳӣ,хизматрасониҳои пулакӣ ва ҳолатҳои пешгирии ҷинояткорӣ ва коррупсия ва рафти  иҷрои вазифаҳои Нақшаи чорабиниҳои сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар баён доштаанд,мадумоти муфассал дода иброз дошт, ки  баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни  35 солагии Истиқлоли меҳани азизамон, ки мояи ифтихору сарфарозӣ, нангу номуси миллӣ маҳсуб меёбад, мардуми сарбаланди  ноҳия тамоми қувавқ нерӯи худро сарф намуда ҳисси арзишманди хешро барои ободонии кишвари азизамон мегузоранд.

Сипас  намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифзода Давлаталӣ  оид  иҷрои дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва қарорҳои ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои барнома оид ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои 2022-2025 омодагӣ ва ба роҳ мондани корҳои ободонӣ бахшида ба 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҷалби кадрҳои кордону лаёқатманд ба соҳаҳо, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ба роҳ мондани имкониятҳои сайёҳӣ дар ноҳия, иҷрои  саривақтӣ ба даъвати ҷавонон ба  сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сухан ронда аз масъулин даъват намуд, ки  дар ин самт корбарӣ намуда ҳисси арзишманди худро барои пешрафти кишвари азизамон гузоранд.

Дар охир  аз ҷониби  Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода масъулини чанде аз бахшу шуъбаҳо оид ба фаъолияти кориашон дар 9- моҳи соли 2022 пурсиш ба амал оварда шуда аз масъулин оиди бартара намудани камбудиҳо супоришҳои мушахас дода шуд.Ҳамчунин доир ба омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ҷалби мутахассисони лаёқатманд дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳо, таъмири муассисаҳои маориф дастурҳои мушахас дода шуд. Ба ҷамоатҳои деҳоти ноҳия супориш дода шуд,ки ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ, иҷрои саривақтии даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарбаркунии аҳолӣ барои ҷамоварии беталафи ҳосил чораҳои мушаххас андешанд. Ва аз ҳамаи масъулин даъват ба амал оварда шуд,ки  вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намудани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия кор баранд.