Таҷлили Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ

0
4

Санаи 07 октябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо иштироки раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, мудирони шуъбаву бахшҳо, ва устодону хонандагони муассиаҳои таълимии ноҳия, сардорони ташкилоту муассисаҳо бахшида ба Рӯзи  омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамомади тантанавӣ доир гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Нахуст  Раиси ноҳия кулли омӯзгорон ва сокинони ноҳияро ба Рӯзи  омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта қайд намуд,ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеъа ва махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори авалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Касби омӯзгорӣ муқаддастарин пеша ва асоси ободии ҷомеа буда, маҳз ӯ ба инсон зиндагӣ кардан, дӯст доштан, эҳёгарӣ, эҷодкорӣ ва шинохти оламу одамро меомӯзад.

Дар ноҳия 38 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад, ки аз онҳо 27 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва 1 мактаб-интернат 2 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 5664 нафар хонандагон ба кори таълиму тарбия машғул мебошанд.

Соли равон 396 нафар хонандагон муассисаҳои таълимии ноҳияро хатм намуда, 19 нафарашон тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии касбии кишвар дохил гардида 264 нафарашон ба маркази миллии тестӣ ҳуҷҷатҳои худро супориданд ва аз ин шумора 176 нафарашон ба муассисаҳои олии кишвар дохил гардиданд, ки ин нишондиҳанда нисбати соли сипаришуда 13 нафар зиёд мебошад.Ҳамчунин Раиси ноҳия аз омузгорон даъват ба амал овард,ки омӯзгорону устодон, рисолати хешро минбаъд низ софдилона ва содиқона ба ҷо оварда дар иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат ватандӯстиву ватанпарастӣ саҳми муносиби хешро мегузоранд. Номбурда дар идомаи суханронии худ оидба нақши забони давлатӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон ёдоварӣ намуда иброз дошт,ки Забони давлатӣ дар ҳама давру замонҳо забони давлатдорӣ буда, яке аз падидаҳои тамаддунофари даврони истиқлолият низ маҳсуб ёфта, ҳамчун як рукни асосии давлатдорӣ дар пойдории давлату миллати бузурги куҳанбунёд нақши муҳим мебозад. Ва бо сиёсати фарҳангпарваронаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму маориф, фарҳанг, қонунгузорӣ ва робитаи дипломатӣ қарор гирифта, ҳамчун рамзи ҳамбастагӣ ва нишони ҳамдилии тамоми миллати тоҷик шинохта шудааст. Забону фарҳанги мо оинаест, ки роҳи бисёр тулонии дар масири таърих паймудаи тоҷиконро бо ҳама саҳифаҳои гоҳо дурахшон ва гоҳе парешон, бо ҳама нишебу фарозҳои таърих дар худ инъикос кардааст. Барои аҷдодони бонангу номуси мо мафҳумҳои Модар, Ватан, Истиқлол, Забон ва Фарҳанг ҳамеша ҳаммаъно будаанд.

Баъдан дар фазои тантанавӣ ба чанд  нафар собиқадорону кормандони соҳаи маорифи ноҳия барои саҳми арзишмандашон дар пешрафти илму тарбияи насли наврас ва омода намудани мутахассисони болаёқату кордон туҳфаву ифтихорнома тақдим карда шуд.

Барномаи фарҳангии омодакардашудаи ҳунармандони аҳли фарҳанги  ноҳия ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хоса бахшид.

Саидмаҳмад Шодиев