ЗОДРӮЗ МУБОРАК ПЕШВОИ МИЛЛАТ

0
2

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо мардуми меҳнатқарини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо самимият ва ихлоси беандоза Шуморо ба зодрӯзи накуятон сидқан табрик намуда ба Шумо саодату сарбаландӣ тансиҳатӣ ва комёбиҳои беназирро таманно менамоем.

Маҳз дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон зери Роҳбарии хирадмандонаи Шумо ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таъсис дода шуд. Шумо ҳамчун Роҳбари давлат ва сарпарасти ин ноҳияи Кӯҳистони дурдаст чаҳор маротиба ташриф оварда бо қудуми муборакатон дар инҷо файзу баракат ва ободониву созандагиҳои беназиреро роҳандозӣ намудед.

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун иттиҳодияи гусфандпарварӣ буд. Аммо бо ташаббус ва ибтикори созандаи Шумо ҳамчун ноҳия таъсис ёфта имрӯзҳо рушд карда, рӯз аз рӯз ободу зебо шуда истодааст.

Мардуми сарбаланди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чун дигар сокинони Тоҷикистон сиёсати давлатдории Шуморо ҳамеша ҷонибдори намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ин мулкии аҷдоди хеш Тоҷикистони биҳиштосо дар пайравии Шумо содиқона корбарӣ намуда баҳри ободонии кишвари азизамон саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Ҳафтодумин солгарди баҳори умратон мубораку фархунда бод, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бо эҳтиром мардумии меҳанпарастӣ ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ