ЗАБОН РУКНИ ҲАСТИИ МИЛЛАТАСТ

0
18

Табрикоти Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯз дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил карда мешавад. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 2009, баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ин сана ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар кишвари мо ботантана таҷлил карда мешавад.

Забони давлатӣ дар ҳама давру замонҳо забони давлатдорӣ буда, яке аз падидаҳои тамаддунофари даврони истиқлолият низ маҳсуб ёфта, ҳамчун як рукни асосии давлатдорӣ дар пойдории давлату миллати бузурги куҳанбунёд нақши муҳим мебозад.

Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар партави сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму маориф, фарҳанг, қонунгузорӣ ва робитаи дипломатӣ қарор гирифта, ҳамчун рамзи ҳамбастагӣ ва нишони ҳамдилии тамоми миллати тоҷик шинохта шудааст. Донистани забони давлатӣ далели эҳтиром ба миллат, арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангии хеш аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони Истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд.

Набояд фаромӯш кард, ки забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ имрӯз на танҳо дар коргузорӣ ва муоширати дохилӣ, балки дар робитаҳои хориҷии мо низ истифода мешавад.

Забону фарҳанги мо оинаест, ки роҳи бисёр тулонии дар масири таърих паймудаи тоҷиконро бо ҳама саҳифаҳои гоҳо дурахшон ва гоҳе парешон, бо ҳама нишебу фарозҳои таърих дар худ инъикос кардааст. Барои аҷдодони бонангу номуси мо мафҳумҳои Модар, Ватан, Истиқлол, Забон ва Фарҳанг ҳамеша ҳаммаъно будаанд.

Таърихи ташаккули давраи нави забони мо, ки аз асрҳои ҳаштум ва нуҳуми мелод оғоз меёбад, аз ҳамон давр ҳамчун омили пайвандгари ҳама мардумони ин қаламрави бузург қарор гирифтааст. Забони мо дар мақоми забони давлатӣ ва расмӣ пеш аз замони Сомониён низ собиқаи бисёр тӯлонӣ ва таърихӣ дорад. Гузаштаи он дар се давраи таърихи ташаккулаш бо давлатҳои мутамаддини Ҳахоманишиён, Сосониён ва Сомониён марбут аст. Моро дар таърих маҳз тавассути забон, осор ва фарҳангамон мешиносанд ва эътироф мекунанд. Аз ин рӯ, забони мо ва таърихи гузаштаи он дар ҳама давру замон мояи ифтихор ва омили асоси ҳамбастагии миллати мо мебошад.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи Шуморо ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, бароятон сиҳату саломатӣ, сарбаландӣ, осудагӣ ва рӯзгори хушу босаодатро орзу менамоям.

Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад ҳамдиёрони азиз!