ТАВАҶӮҲ, ТАВАҶҶӮҲ, ТАВАҶҶУҲ!!!

0
22

ТТЭ ҲНИ дар қаламрави Федератсияи Россия ҳамчун созмони террористӣ эътироф гардид

Ба таваҷҷуҳи сокинон ва муҳоҷирони кории дар Федератсияи Россия қарор доштаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ расонида мешавад, ки аз 14-сентябри соли 2022, Суди Олии Федератсияи Россия дархости Прокуратураи генералии Федератсияи Россияро дар бораи эътироф кардани Ҳизби дар Тоҷикистон мануъи наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамчун созмони террористӣ қонеъ карда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвараш мамнуъ эълон кард.

Аз ин сана баъд ТТЭ ҲНИ дар қаламрави Федератсияи Россия ҳамчун созмони террористи эътироф гардида, фаъолияти он дар Россия низ қатъиян манъ карда шуд. Бинобар ин аз муҳоҷирони кории зодагони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар хориҷи кишвар аз ҷумла дар Россияи қарор доранд, хоҳиш карда мешавад, ки дар ин бобат эҳтиёткор бошанд. Зеро, фаъолияти ТТЭ ҲНИТ ҳануз соли 2015 дар қаламрави Тоҷикистон мамнуъ эълон гардида буд ва ниҳоят, масъулини баландпояи Федератсияи Россия низ ин мафкура ва ҳадафҳои нопоки ин ҳизби бадхоҳро  пай бурда, онро соли ҷорӣ ҳамчун созмони террористӣ эътироф ва фаъолияти онро дар қаламрави Россия мамнуъ эълон кард.

Ҳамагон огаҳи дорем, ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи Наҳзати Исломӣ дар оғози солҳои соҳибистиқлолии мамлакат чӣ кору чинақшаҳои шуме баолои миллати тоҷик пиёда карда, бо чӣ роҳу равиш ҳадафҳои нопоки хешро пиёда карда буд. Хушбахтона давлат ва ҳукумати Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин кирдорҳои наҳси наҳзатиҳо саривақт пайбурда фаъолияти  ин созмони террористиро соли 2015 дар мамлкат қатъиян манъ кард. Билохира бо гузашти замон давлатҳои хориҷӣ ва ҳампаймонҳои Тоҷикистон аз кирдорҳои нохалафонаи ин ҳизби машруъ пайбурда ба хусус Федератсияи Россия инро хуб дар карда, онро ҳамчун созмони террористӣ эътироф кард. Аз ин ба баъд ҳамкорӣ ё ҳаммовозӣ ба ин созмони террористӣ дар қаламрави Федератсияи Россия ва аз соли 2015 инҷониб дар Тоҷикистон  низ мамнуъ ва ҷиноят мебошад.