Ҷамъоварии ҳосили картошка идома дорад

0
11

Имрӯзҳо дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷамъварии ҳосили картошка ба маром ҷараён дорад.  Бо ин мақсад  санаи  2-юми октябри соли 2022 Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло аз рафти ҷамъоварии ҳосили картошка аз хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ҷамоати деҳоти Лангар дидан кард.

Бояд гуфт, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз зумраи ноҳияҳоест, ки дар павариш ва истеҳсоли картошка дар миқёси мамлакат намоён буда, ҳамзамон барои парвариши картошка иқлими басо мусоид дорад. Аҳли замҳмат ва деҳқонони ноҳия дар  парвариши ин навъи зироат таҷрибаи бой дошта, ҳамасола бо дастранҷи хеш бозори кишварро бо картошкаи хушсифат таъмин менамоянд. Ҳамчунин  картошкаи хуштамъи Кӯҳистони Мастчоҳ дар бозорҳои ҷумҳурӣ харидорони бештар дошта, ин ҳолат завқи аҳли заҳматро дучанд карда ҳамасола истеҳсоли ин навъи маҳсулот дар ноҳия бештар карда мешавад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имконятҳо ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҳамасола барои деҳқонон ва заҳматкашони ноҳия тухмиҳои хушсифат дастрас гардида, инчунин майдони кишти картошка  низ зиёд карда мешавад.  Агар ба омори солҳои қабли назар афканем майдони кишти картошка 1700 га буд ва истеҳсоли картошка  80-85-ҳазор тоннаро ташкил дода бошад Бо мурури замон ва дастрас гардонидани тухмии хушсифат ба деҳқонон инчунин зиёд намудани майдони кишт истеҳсоли картошка дар ноҳия то 100-ҳазор тонна расонида шуд. Имсол тибқи дурнамои кишт барои соли 2022 дар ҳудуди ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 2851-га кишти картошка ба роҳ монда шуд.  Тибқи мушоҳидаҳо имсол нашъу намои картошка дар ноҳия хуб буда ҳосилноки низ мувофиқи мақсад мебошад.

Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло   аз рафти ҷамъварии картошка аз хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати Лангар аз ҷумла деҳаҳои Истошон, Валиғонд,   Пакшиф, Палдорак ва  Роғ аз наздик шинос шуда, аз нашъу намои картошка ва ҳосили ба дастомада изҳори қаноъатманди кард. Ҳангоми боздид бо деҳқонон ва аҳли заҳмат суҳбат карда, таъкид кард, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҳарчӣ зудтар дастранҷи хешро беталаф ҷамъвари намуда, дар баробари ба фуруш баровардани картошка,  барои давраи зимистон, инчунин барои фасли баҳор тухмии хушсифат захира намоянд.

Раиси ноҳия ба деҳқонон гуфт, ки тибқи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, дар ҳамкори бо шарикони рушд, ба ноҳия тухмии хушсифати картошка  ворид менамояд. Аҳли заҳмат  аз чунин иқдом изҳори хушнуди карда, ваъда доданд, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҳарчӣ зудтар ҳосили ба дастомадаро беталаф ҷамъварӣ карда, ҷиҳати дар оянда баланд бардоштани ҳосилнокӣ заминро саривақт коркарду омода менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи дурнамо соли ҷорӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар майдони 2851 га пешбини гардида буд, ки тибқи маълумоти бахши кишоварзии ноҳия нақшаи кишти картошка дар майдони пешбинишуда пурра ба роҳ монда шуд. Тибқи иттилои масъулин то ба имрӯз аҳли заҳмат беш аз 50-ҳазор тонна картошкаро ҷамъовари кардаанд.  Имрӯзҳо аҳли заҳмат ва пиру барно ба ҷамъварии картошка ба саҳро баромада азм доранд  пеш аз омадани сардиҳо ҳосилро беталаф ҷамъварӣ намоянд. Масъулин ва аҳли заҳмати ноҳия умед  доранд, ки имсол бо ҳосили фаровони ба дастомада, аз майдони кишти картошка беш аз сад-ҳазор тонна картошка ҷамъовари намоянд.                                                        Саидвоҳиди Қосим