Зиндаву ҷовид монд, ҳарки накуном зист………..

0
19

3-октябр  рӯзи мавлуди  яке аз шоир, адиб ва рӯзноманигори шинохтаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ устод  Абдулло  Фозил мебошад. Агар умр вафо мекард,  шоир дар ин рӯзи мавлуд ба синни мубораки 70 мерасид. Афсус, ки умр вафо накардаву бо амри тақдир Шоми 4-уми майи соли 2022 қалби яке аз рӯзноманигор ва адиби тавоно устод Абдулло Фозил аз тапидан боз монд.

Абдулло Фозил 03-октябри соли 1952 дар деҳаи Пакшифи ноҳияи Кӯҳистони Матсчоҳ таваллуд шудааст. Соли 1978 Донишгоҳи давлатии омузгории шаҳри Хуҷанд (ҳоло ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров) – ро бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик хамт карда зиёда аз 40 сол ҳамчун рӯзноманигор дар Васоити ахбори оммаи дохилӣ кор кардааст. Дар Кӯҳистони Мастчоҳ аз оғози таъсисёбии ноҳия шуруъ аз соли 1997 то соли 2015 дар рӯзномаи ноҳиявии “Паёми Кӯҳистон” аз муҳаррир то ба ба ҳайси сармуҳаррири рӯзнома фаъолият бурда номбурда дар фаъолияти корияш ҳамчун рӯзноманигори муваффақ , нависанда ва адиби тавоно шуҳрат ёфта,  муаллифи чандин китобҳои шеърӣ ва насри мебошад. Осори эҷодии ӯ бо номи  “Кафсанҷ”, “Санги зӯр”, “Дарси гузашта”, “Дидадаро” ва чандеи дигар байни хонандагон эътибори шоиста доранд.

 

Гаҳе марди раҳ будию гаҳе дарвеш,

Ба қоғаз бурда будӣ хат аз ҳама беш.

Тамоми умр адолат ҷустӣ аз ҳақ,

Рафти зи ҷаҳон хунин ҷигар бо дили реш.

*****************

Чу дунёи аламҳоят фузун буд,

Ба чашмат гӯиё олам нагун буд.

Чу медиди касон дӯр аз адолат,

Зи ин каҷи дилат ғарқоби хун буд.

Файзуллои Холмаҳмад

ДАР СУГИ УСТОД АБДУЛЛО ФОЗИЛ

БА МАРГАТ ХУН ГИРИСТ ДИЛ

Ба марги ногаҳонат хун гирист дил,

Барои аҳду паймонат гирист дил.

Буди соҳибқалам соҳибирода,

Барои ҳусни рафторат гирист дил.

Буди соҳибқалам аз шеъру қисса,

Навишти қиссаҳо аз  ҳаҷру ҳисса.

Мудом дар фикри гуфтору навиштан,

Туро парвона буд рӯзгору пайса,

Зи касби хеш буди устоди моҳир,

Зи побанди қалам худ кардаи пир.

Кунун омад туро даври амонӣ,

Зи хушбахти дами пири биронӣ.

Вале аз дасти қисмат ҷон раҳо нест,

Бирафти ногаҳон бар дорӣ фонӣ.

Ҳама дасткутаҳем аз панҷаи марг,

Агарчи мекунад рӯзгор камранг.

Ҳама андар дуъоем то зи уқбо,

Биҳишти Дӯст бошад бар ту маъво.

Худованди Кариму ҳайю-қайюм,

Туро андар биҳишт созад маскун.

Саидвоҳиди Қосим