Гусели наваскарон ба хидмати ҳарбӣ

0
13

Санаи 1-уми октябри соли 2022 дар шаҳраки Меҳрон, маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маросими гусели наваскарон доир гардид. Ин маросим дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сурат гирифт, ки дар он Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, кормандони комиссариати ҳарбӣ, наваскарон, раисони ҷамоатҳо ва волидайни наваскарон ҷамъ омада буданд.

Нахуст дар чорабинии тантанавии гусели наваскарон Раиси ноҳия суханрони намуда таъкид кард- ки хизмати Ватан  мактаби бузурги мардонагӣ ва обу тоби ҳаёт барои ҳар як ҷавон  буда,қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди боору номус ва ҷавони зираку ҳушёр мебошад. Зеро, хизмат ба ватан ин ҳимояи марзу буми кишвар, ҳимояи модару хоҳар ва ҳар як афроди сарзамини хеш мебошад.

Бо дастгириҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шароити хизмат дар қисмҳои низомии мамлакат беҳтару хубтар гаштааст. Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо моҳияти ин мактаби мардонагиро амиқан дарк карда баҳри ҳимояи модар-ватан довталабона ҳозир мешаванд.

Дар идомаи суханрони иброз дошт, ки дилхоҳ давлат бидуни артиши қавию содиқ устувор буда наметавонад. Ба хусус вазъи мураккаби замони имрӯз, ки ҷанҷолу хархашаҳо, аксар давлатҳои дунёро ба гирдоби худ печидаву вазъи сиёсиву иқтисодии онҳоро сангинтар кардааст. Дар баробари ин барои ҳар як давлат суботу оромӣ басо муҳим буда, пойдории амнияту суботи давлатию миллӣ ба Артиши мамлакат вобастагии зич дорад. Бинобар ин ҷавонони азиз дар ин замина масъулиятшинос бошед ва дарк кунед, ки ҳар яки шумо ҳимоятгари модар-ватани хеш ҳастед гуфт Бобозода Хайрулло раиси ноҳия. Дар фарҷоми суханрони аз ҳамаи ҷавононе, ки довталабона барои хизмати модар-ватан ҳозир шуданд, инчунин падару модароне, ки фарзандони хешро дар руҳияи ватадӯстӣ тарбия кардаанд изҳори сипос намуд.

Сипас падари даъватшавада, Муллоҷонов Таваккалҷон сокини деҳаи Пастиғави ноҳия ба сухан баромада иброз дошт,ки  дар оилааш  6-писар дорад- то имрӯз панҷ писараш дар сафи Артиши миллӣ адои хизмат кардаанд. Ва имрӯз писари 6-умамашро, ки чун бародаронаш довталабона ба хизмат раҳсипор аст гусел мекунад. Номбурда зикр намуд,ки ман ҳамаи писаронамро чун ин писари охиронам довталабона ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда будам. Борҳо ҳангоми дар хизмат будани фарзандонам ба қисмҳои низомӣ хабаргирӣ рафтаам. Шароити қисмҳои низомӣ хеле муносиб мебошад. Мо дар замони ҳукмронии Шӯравӣ дар Россия адои хизмат кардем. Ҷавонони мо бошанд танҳо дар кишвари азизи худамон хизмат мекунанд. Аз ҳамаи падару модарон хоҳиш менамоям, ки фарзандони худро барои дифои ватану миллат омода намоянд.

Дар идомаи маросими гусели наваскарон, Раиси ноҳия ба хотири довталабона раҳсипор шудан ба хизмати ҳарбӣ ба наваскарон туҳфаҳо тақдим намуд. Дар охир дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи консертии худ, ки фарогири сурудҳои ватандӯстона буданд баромад карда, чорабинии тантанавиро гуворо намуданд.

Паёми Кӯҳистон