ҶАЛАСАИ ШАРИКОНИ РУШД ДАР КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

0
34

Таҳти унвониБарномаи рушди деҳот II”

Санаи 30-юми сентябри соли 2022 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таҳти унвониБарномаи рушди деҳот 2” доир ба муаррифии лоиҳаиИдоракунии ҳамгироишудаи захираҳои табии дар водии Зарафшон барои рушди одилона ва устувор” (ё худ лоиҳаи INVEST) ҷаласа доир гардид. Дар кори ҷаласа Раиси ноҳия, Бобозода Хайрулло, намояндагони лоиҳаи INVEST, раисони ҷамаотҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фаъолон иштирок намуданд.

Ҷаласаро Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло ифтитоҳ намуд. Сипас намояндаи Фонди Оғохон ва дигар намояндагони шарикони амаликунандаи лоиҳа баромад карда, мақсад, ҳадаф ва барномаи кории хешро барои 5-соли оянда муаррифӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи INVEST бо 90-фисад маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва 10-фисад Фонди Оғохон ва шарикони рушд амалӣ карда мешавад. Амаликунандагони лоиҳаи мазкур дар ҳавзаи водии Зарафшон, Фонди Оғохон (роҳбар), Агентии Оғохон оид ба муҳити зист, Хадамоти тандурустии Оғохон, Кооперативӣ ғайритиҷоратии Сароб ва Барномаи ҷонибдории инкишофи манотиқи кӯҳистон мебошанд, ки ҳадафҳои пешбининамудаи лоиҳаро 5-соли оянда дар шаҳри  Панҷакент, ноҳияҳои  Айнӣ ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ амали менамоянд. Ҳадафи умумии лоиҳа амнияти озуқаворӣ, ғизои солим, воситаи зиндагӣ ва устувории ҷомеа тавассути таҳкими идоракунии устувор ва ҳифзи захираҳои табии дар водии Зарафшон арзёби карда шуд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки муҳлати татбиқи лоиҳа аз 1-августи соли 2022 то 31-июли соли 2027 мебошад. Намояндагон ё худ шарикони амаликунадаи лоиҳа қайд карданд, ки нахуст онҳо дар ҳавзаи водии Зарафшон, Панҷакент,Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ҷаласа ва корҳои омӯзиширо ба роҳ монда, дар маҳал аз наздик бо мушкилотҳои мавҷуда шинос гардида, сипас дар заминаи ҳадафҳои пешбининамудаи лоиҳа аз ҷумла ҷиҳати тақвияти соҳаи тандурустӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрас намудани кишоварзон бо тухмиҳои хушсифат, истифодаи захираҳои табии, дастраси ба ғизои солим ва дигар ҳадафҳои пешбинишуда корҳои амлиро оғоз менамоянд. Шарикони рушд ё худ амаликунандагони лоиҳа таъкид карданд, ки ҳангоми амалӣ намудани лоиҳа кӯшиш менамоянд, ки 49-фисади баҳрабарандагон аз лоиҳа занон бошанд, бинобар ин дар татбиқи амалии лоиҳа дар ҳавзаи мадди назар иштирок ва фаъолии занон муҳим мебошад.

Пас аз муаррифии ҳадаф ва мақсадҳои лоиҳаи INVEST миёни намонядагони лоиҳа ва иштирокчиён саволу ҷавоби озод сурат гирифт. Дар охир Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло низ суханрони намуда, ҳадаф ва мақсадҳои пешбинӣ намудани лоиҳаро муҳиму саривақтӣ хонда таъкид намуд, ки бо ташаббусҳо ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди манотиқи Кӯҳистон ҳамаҷониба дастгирҳои назаррас шуда истодааст. Аз ҷумла ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз сад иншооти таъиноти гуногунро ба нақша гирифтем, ки марҳила ба марҳила сохта мешаванд. Дар баробари ин тибқи роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода чунин лоиҳаи афзалиятнок маҳз дар водии Зарафшон амали мегардад, ки бешак дар панҷсолаи оянда дар доираи ҳадафҳои пешбинишуда, баҳри рушди деҳот ба хусус манотиқи кӯҳистон саҳми арзанда мегузорад.

Саидвоҳиди Қосим