Номаи шодбошии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло ба муносибати Иди касбии омӯзгорон

0
13

Омӯзгорони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати рӯзи омӯзгорон самимона табрик гуфта ба Шумо дар таълиму тарбияи насли наврас дастоварду комёбиҳо таманно дорам.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеъа ва махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори авалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Дар Паёми Сарвари давлат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қайд гардид, ки дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар навбати аввал аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад. Аз ҳамин нигоҳ вуҷуди устод муаллим ва омӯзгор, ки машъали илму донишро дар пайкари зиндагӣ фурӯзон менамояд, болотар аз пиндор ва дурахшонтар аз таҷлили хуршед аст.

Касби омӯзгорӣ муқаддастарин пеша ва асоси ободии ҷомеа буда, маҳз ӯ ба инсон зиндагӣ кардан, дӯст доштан, эҳёгарӣ, эҷодкорӣ ва шинохти оламу одамро меомӯзад.

Дар ноҳия 38 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад, ки аз онҳо 27 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва 1 мактаб-интернат 2 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 5664 нафар хонандагон ба кори таълиму тарбия машғул мебошанд.

Соли равон 396 нафар хонандагон муассисаҳои таълимии ноҳияро хатм намуда, 19 нафарашон тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии касбии кишвар дохил гардида 264 нафарашон ба маркази миллии тестӣ ҳуҷҷатҳои худро супориданд ва аз ин шумора 176 нафарашон ба муассисаҳои олии кишвар дохил гардиданд, ки ин нишондиҳанда нисбати соли сипаришуда 13 нафар зиёд мебошад.

Омӯзгорони азиз! Ҳамаи Шумо аз таҳаввулоту равандҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир огоҳӣ доред ва хуб дарк мекунед, ки рушди ин ё он давлатро пеш аз ҳама пешрафту инкишофи илму маориф, сатҳи тарбияву маърифатнокии аҳолӣ ва дар амал тадбиқ намудани дастовардҳои навини техникаву технологияи муосир муайян мекунад.

Таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерӯи тавонои зеҳнӣ ба шумор меравад, бинобар ин дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад. Барои расидан ба ин ҳадаф ба шумо омӯзгорон пирузиву комёбиҳо орзу менамоям.

Омӯзгорони азиз, имрӯзҳо дар сар то сари кишвари азизамон маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Боварии комил дорем, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи Шумо низ мо дар инҷода пешсафиро аз даст надода, дар қатори беҳтарин шаҳру ноҳияҳои кишвар бо сарбаландӣ аз иҷрои нақшаи даъват мебароем. Дар ин самт мо бояд содиқонаю софдилона ва холисона фаъолиятро пурзӯр намоем. Ин нишондиҳанда низ аз тарбияи дурусти ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳимояи марзу буми кишвар дарак медиҳад.

Умед дорем ки Шумо омӯзгорону устодон, рисолати хешро минбаъд низ софдилона ва содиқона ба ҷо оварда дар иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат ватандӯстиву ватанпарастӣ саҳми муносиб мегузоред.

Рӯзи касбии омӯзгорон муборак бошад!