Албом – эстафета башоратдиҳандаи сулҳу ваҳдати комил дар таҳкими дӯстии ҷавонон

0
21

Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баҳри арҷгузорӣ ба заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтатам Эмомалӣ Раҳмон сани 21 — уми сентябри соли ҷорӣ ҳамоиши бузурги Албом – эстафета таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  баргузор гардид.

Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  Имомаҳмад Наврӯззода, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, собиқадорону  сокинони  ноҳия ва омӯзгорону хонандагон муассисаҳои таълимӣ бо рӯҳияи идона гарму самимӣ истиқбол намуданд. Албом – эстафетаро дар вазъияти тантанавӣ аз масъулини ноҳияи Шаҳристон бо иштироки раиси ноҳияи Шаҳристон Акрамзода Баҳодур Исмоил ва кормандону собиқадорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон  қабул намуданд.

Сипас дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамоиши илмиву фарҳангии Албом – эстафета таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” баргузор гардид.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.Нахуст раиси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Навруззода Имоммаҳмад  чорабиниро ифтитоҳ намуда иброз дошт,ки баргузории чунин ҳамоиш баҳри ифтихор аз дастовардҳои ватан ва қадршиносии заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пойдории сулҳ ва бунёди давлати озоду сулҳофар роҳандозӣ гардидааст. Ва имрӯз,ки мо дар фазои сулҳу оромӣ кору зиндагӣ дорем бояд ба қадри ин неъмати арзишманд бирасем. Сипас Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода оид ба нақш ва мақоми  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими бунёди давлатдории тоҷикон сухан ронда иброз дошт,ки , Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи руйдодҳои сарнавиштсоз аст, ки  барои раҳоии давлати нав баистиқлолрасидаи мо аз оташи ҷанги харобиовар ва ҳамчунин барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард маҳз ҳамин Иҷлосия сарнавишти миллати тоҷикро дар як давраи бисёр ҳассоси таърихӣ муайян намуда давлати моро аз хатари аз байн рафтан ва миллатамонро аз пароканда шудан наҷот бахшид. Насли имрӯз бояд дарк намояд, ки маҳз бо шарофати ин Иҷлосия ва матонату хиради созандаю бунёдкоронаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои сохтори мукаммали идорӣ, ҳукумати фаъол, Артиши миллӣ, ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рамзҳои давлатӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдорӣ гардид. Ҳамчунин дар ин ҳамоиш барномаи рангини консертии аҳли фарҳанги ноҳия пешкаши ҳозирин гардонида шуд,ки ҳунармандон бо сароидани сурудҳо дар васфи ватан,  ба ҳамоиши идона шукӯҳи хоса бахшиданд.

Ёдовар мешавем, ки аксияи албом  – эстафета аз Қасри овозадори Арбоб, ба номи Саидхӯҷа Урунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, оғоз гардида то ҷашни 30 солагии Иҷлосияи XVI — уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки ин қасри мазкур роҳкушои роҳи ояндаи босаодат барои миллати тоҷик гарда буд, ҷамъбасти он низ баъди давр задани Албом дар 67 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба осорхонаи Қасри таърихии Арбоб тақдим карда мешавад, ки оянда меҳмонону сайёҳоне,ки аз ин осорхона дидан мекунанд аз меҳру муҳаббат, садоқат ва пайрави Пешвои миллат будани насли ҷавони имрӯз огоҳ мегарданд.