МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ ДОИР КАРДА ШУД

Санаи  22 уми сентябри соли 2022 дар шаҳраки Меҳрон маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  Иҷлосияи  дувоздаҳум даъвати шашуми  Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода,  намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят, Шарифиён Маъруфҷон Маҳмудзода, вакилон, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, шўъбаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, имомхатибон, роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия  ва шахсони дигари ба масъалаҳои  иҷлосияи имрўза дахлдор иштирок намуданд. Иҷлосия бо таъини котиботи маҷлис ва садо додани суруди миллӣ ба кори худ шуруъ намуда нахуст раиси ноҳия Хайрулло Бобозода  ҳозиринро ба рӯзномаи иҷлосия шинос намуд.  Дар Иҷлосия  7   масъалаҳо; рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2022, №133 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» дар ноҳия. Ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия «Оид ба масъалаҳои маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон». Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Валиғонд» №24, Аминов Амин оид ба иҷрои ваколати вакилӣ. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар ҳавзаи интихоботии «Сабағ», №23. Дар бораи таин намудани интихобот ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ (даъвати шашум). Дар бораи ташкил намудани комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоби вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ (даъвати шашум). Дар бораи тасдиқ намудани нақша чорабинӣ оид ба ҷараёни иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №311 «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва  тасдиқи қарорҳои қабулнамудаи раиси ноҳия иборат буда оиди масъалаи якум, рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2022, №133 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳвҳои  иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ  барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» дар ноҳия Кӯҳистони Мастчоҳ муовини раиси ноҳия вакил аз ҳавзаи интихоботии № 9 Вазирова Гулҷаҳон баромад намуда  иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар давраи муайянгардида баҳри амалишавии қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои расмию коргузорӣ ва амалиро дар ин раванд таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, мувофиқи маълумотҳои пешниҳодгардидаи масъулини соҳаҳои дахлдори ноҳия  ба ҳолати 20 сентябри соли равон оид ба масъалаи мазкур 4 маротиба Ситоди омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 бо иштироки васеи ҳайати ситод баргузор карда шуда, баҳри сари вақт таъмин намудани иҷрои нақшаҳои пешбинигардида дар ин самт ба масъулини соҳаҳои  дахлдор дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуда, раванди татбиқи минбаъдаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилояти Суғд  таҳти назорати доимӣ қарор дода шудааст.

Дар ин радиф, зимни баргузории ҷаласаҳои ҳайати ситод ҳамаи норасоиҳо  ва мушкилотҳое, ки дар ин самт ҷой доштанд, муайян карда шуда, ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Барои самарбахш гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 дар ноҳия ҳамагӣ 624 тонна ангиштсанг, 169,5 м3 ҳезум, 123, 5 м2 шишабандӣ, 2 тонна сузишвории дизелӣ, 204 м3 қум, 1,5 тонна намак ва 40 ҳазор тонна хошоки дурушт ба нақша гирифта шуда буд, ки иҷроиши нақшаҳо сари вақт таъмин карда шудаанд.

Дар асоси қарори раиси ноҳия дар соҳаи маорифи ноҳия тибқи нақша 435 тонна ангиштсанг пешбинӣ гардида буд, ки таъминоти он то ба имрӯз 100 фисад иҷро карда шуд.  Ҳезуми тагсӯз бошад тибқи нақша 108 м3 буда, захираи он бошад 100,0 фисад таъмин карда шудааст ва таъмири ҷорӣ дар 35 муассисаҳои таълимии ноҳия пурра гузаронида шудааст.

Дар соҳаи тандурустии ноҳия тибқи нақша 110 тонна ангиштсанг  ва 35 м3 ҳезум ба нақша гирифта шуда, иҷроиши нақшаҳои пешбинигардида сари вақт таъмин гардиданд.   Таъмири ҷорӣ бошад дар муассисаҳои тиббии ноҳия пурра гузаронида шудааст.

Дар соҳаи фарҳанги ноҳия тибқи нақша 15 тонна ангиштсанг, 8 м3 ҳезум пешбинӣ гардидааст нақшаҳои тасдиқгардида пурра таъмин карда шуданд, инчунин таъмири ҷорӣ дар муассисаҳои фарҳанг сари вақт гузаронида шудааст.

   Дар муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 4 тонна ангиштсанг, 4 м3 ҳезум, 200 м3 маводи зиддилағжиш нақша гирифта шуда, то ба имрӯз иҷроиши нақшаҳои пешбинигардида 100 фисад таъмин карда шудааст.

Дар корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия тибқи маълумотҳои пешбинигардида 2 м3       қум, 1,5 тонна намак, 2 м3  ҳезум ба нақша гирифта шуда, иҷроиши онҳо 100 фисад таъмин карда шудааст.

Ҳамзамон, бо мақсади беталаф баровардани чорво дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, деҳқонони ноҳия корбариро дар сатҳи хуб ба роҳ мондаанд, ки зихираи хошоки дурушт аз рӯи нақшаи пешбинигардида пурра таъмин карда шуд.

Мувофиқи нақша дар ду ҷамоатҳои деҳоти ноҳия 8 тонна, мутаносибан 4 тоннагӣ ангиштсанг пешбини гардидааст, ки иҷроиши он сад фисад таъмин карда шудааст. Ҳезуми тагсуз бошад дар ҷамоатҳои деҳот дар асоси нақша 5  м3 буда, иҷроиш сад фисад таъмин гардидааст.

Сипас аз рӯи масъалаи дуюм, раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ оид ба масъалаҳои маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии № 16  Одинаев Маҳмадшариф сухан ронда иброз дош,ки сиёсати ҷавонон ва ҷалби онҳо ба  таҳсил ва варзиш дар мадди назари бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта дар ҳама самтҳо  ғамхорӣ ба ин қишри ҷомеа ба назар мерасад,ки инро мо дар ноҳия аз бунёди муассисаҳои наву замонави ва ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ дар деҳот инчунин ҷалби онҳо  барои таълиму тарбия дар донишгоҳҳои олии кишвар мебинем.Маҳз ҳамин сиёсати маорифпарваронаву ғамхоронаи Пешвои миллат аст,ки имрӯз дар дурдастарин манотиқи кишвар барои ҷавонон шароитҳои мусоид фароҳам оварада шудааст.  Баъдан аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома  вакил  аз ҳавзаи интихоботии  “Валиғонд”, №24 Аминов Амин оид  ба иҷрои ваколати вакилӣ, мунтазам доир намудани вохӯриҳо бо интихобкунандагон, доир ба  қабули шаҳрвандон, дастгирии оилаҳои камбизоат, маъюбу бепарастор, вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву ободонӣ баҳри сазовор истиқбол намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин  оид ба рафти иҷрои барномаҳои пешазинтихоботии худ ва қарорҳои қабулнамудаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия  маълумот дод.

Дар идомаи иҷлосия оид ба дигар масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия  раиси ноҳия сухан ронда масъалаҳои пешниҳодгардида  аз ҷониби вакилони халқи ноҳия якдилона қабул карда шуданд.

Ҳамчунин дар иҷлосия намояндаи Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят, Шарифиён Маъруфҷон оид ба омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, насби шиору овезаҳо бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16уми Шӯрои олӣ натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ сухан ронда иброз дошт,ки бояд тамоми муассисаву бахшҳои ноҳия барои беталаф ҷамоварии ҳосил,  омодагӣ барои зимистонгузаронӣ ва ба роҳ мондани корҳои ободониву созандагӣ дар маҳал камари ҳиммат баста саҳми худро дар ободонии ватан гузоранд.

Дар охир аз ҷониби раиси ноҳия баҳри иҷрои саривақтии ҷавонон ба даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон , иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва ноҳияви дастуру супоришҳо дода шуда аз   ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки ҳар як сокини ноҳия баҳри ободиву пешрафти самтҳои хоҷагии халқ камари ҳиммат баста дар ободонии ватану диёри худ саҳми арзишманди худро гузорад.

Иҷлосияи  дувоздаҳум даъвати шашуми  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия бо садо додани  Суруди Миллӣ  хотима ёфт.