АЛБОМ- ЭСТАФЕТАИ » 30- СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ» БА НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ РАСИД

0
2

Санаи  21 сентябри соли 2022 дар даромадгоҳи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо роҳбарии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Наврӯззода Имоммаҳмад ва ҷонибдорону фаъолони ҲХДТ  Албом- эстафетаи «30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат»-ро аз раиси ноҳияи Шаҳристон Акрамзода Баҳодур бо тантана ва самимияти хос қабул намуданд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   кумиҷроияҳои вилоятиву ноҳиявӣ дар ҳамкори бо мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аксияи ҷумҳуриявии Албом-эстафета таҳти унвони “З0 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳандозӣ карда шудааст.

Ҳадафи баргузории аксияи ҷумҳурияви Албом-эстафета «30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат», тақвияти  эҳсоси ватандӯстӣ,  тарбияи маънавӣ,  баланд бардоштани  ифтихори миллӣ,  эҳтирому арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва муаррифии дастовардҳои  даврони соҳибистиқлолии  мамлакат мебошад.