Қаҳрамонон намемиранд!

0
3

Дар муноқишаҳои марзӣ, ки дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби душманони бадхоҳу бадахлоқи Қирғиз рух дод, мутаасифона чанде аз афсарону сарбозони шуҷои ватан  ва мардуми бегуноҳи Тоҷик  ҷони худро аз даст дода қаҳрамонона барои дифои ватан шаҳид гардиданд. Дар қатори чанде аз соккинони кишвар мардуми Ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳ аз тири душман ду нафар афсари шуҷои ватанро аз даст доданд.   Ин шаҳидони ватан Неъматзода Содирбек сокини деҳаи Истошони ҷамоати деҳоти Лангар  ва Холзода Нурмуҳаммад. сокини деҳаи Ҳадишаҳри ҷамоати деҳоти Иван-тоҷик мебошанд. Санаи 17 уми сентябр маросими видоъ бо шаҳиди ватан Неъматзода Содирбек,  дар зодгоҳаш деҳаи Истошон баргузор гардид. Дар маросими видо Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода ва кормандони сохторҳои қудратӣ инчунин ҳамдеҳагону ёру дӯстони марҳум иштирок намуданд. Дар маросими видоъ аз шуҷоату қаҳрамонии ин афсари ҷонсупурдаи ватан ёдовари карда иброз доштанд,ки марҳум…. барои ҳифзу ҳимояи марзу буми ватан мардонавор бар зидди душман мубориза бурда ҷони худро аз даст дода бошад, ҳам шуҷоату қаҳрамонии ӯ ҳеҷ гоҳ аз ёд фаромӯш нахоҳад шуд. Ҳамчунин санаи 18уми сентябр дар деҳаи Ҳадишаҳр маросими ҷанозаи боз як афсари далеру шуҷои ватан Холзода Нурмуҳаммад, ки дар ҳимояи ватан ҷони худро аз даст дод, бо иштироки Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода  ва ҳамдеҳагонаи марҳум баргузор гардид. Дар маросими видоъ бо марҳум аз шуҷоату қаҳрамонии ин афсари сарсупурдаи ватан ёдовари намуда иброз доштанд, ки Холзода Нурмуҳаммад дар умри кӯтоҳи худ тавонист барои ҳимояи ватан аз душман нақши худро гузоштааст ва ин ҷасорату мардонагии ӯ солҳову асрҳо дар дили мардуми ноҳия боқи хоҳад монд

Кулли мардуми ноҳияи Кӯҳистони мастчоҳ аз марги бармаҳалли ин ду сарбози ҷонфидои ватан андуҳгин буда ба аҳли пайвандони маҳрумон сабри ҷамилро хоҳонанд. Шуҷоату далерии ин қаҳрамонони ватан ҳамеша барои мардуми кӯҳистон боқи хоҳад монд.

Маълумотнома:  Холзода Нурмуҳаммад 16 майи соли 1990 дар деҳаи Ҳадишаҳр, ҷамоати деҳоти Иван-тоҷик ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, дар оилаи хизматчӣ Таваллуд шудааст. Таҳсилоти мактаби миёнаро аз соли 1997 дар зодгоҳаш оғоз намуда онро соли 2008 хатм намудааст. Соли  2008 ба Колеҷи технологии  шаҳри Конибодом дохил шуда онро соли 2012 бо ихтисоси барқчӣ хатм намудааст. Худи ҳамон сол баъди хатми колеҷ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда соли 2014 баъди адои хизмати ҳарбӣ дар шуъбаи дар шаҳри Конибодомбудаи  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даромадааст. Дар баробари фаъолияти кориаш  таҳсилро дар факултаи таърих ва ҳуқуқи донишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷекент давом дода онро бо ихтисоси омӯзгори ҳуқуқ  хатм намудааст. Оиладор соҳиби ду фарзанди ноболиғ мебошад.

Маълумотнома:  Неъматзода Содирбек  лейтинанти калони  қисми ҳарбии 051056, Гвардияи Миллӣ 10 сентябри соли 1993 дар деҳаи Истошон, Ҷамоати деҳоти Лангар  ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, дар оилаи хизматчӣ Таваллуд шудааст. Аз соли 2000 ум то соли 2011 дар  Мактаби таҳсилоти миёнаи умуумии № 25  таҳсил намуда Баъди хатми мактаби деҳа соли  2012 ба колеҷи Тиббии шаҳри Қурғонтеппа дохил шуда онро  соли 2016  хатм намудаст. Баъдан таҳсилашро дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурҳонтеппа ба номи Носири Хисрав идома дода донишгоҳи мазкурро бо бо ихтисоси назорати Гумрукӣ хатм намудааст. Баъдан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда баъди як соли адои хизмат дар Гвардияи миллӣ дар дастаи таъиноти махсуси Гвардияи милллӣ,  оиди омодагии тактикаи ҳарбӣ фаъолият бурда то дами маргаш  ҳамчун  афзари нишонзан дар қисими ҳарбии 051056 барои ҳимояи марзу буми ватан  хизмат намудааст . Оиладор соҳиби як фарзанди  ноболиғ мебошад. Неъматзода Содирбек ҳамчун афсари шӯъбачаи 2-уми шӯъбачаи таъиноти махсуси қисми ҳарбии 051056 Барои иҷрои намунавии вазфаҳои хизматӣ, нишондодҳои баланд дар тайёрии ҷангию тарбияи ватандӯстӣ, ноил шудан ба дастовардҳои назаррас,  саҳмгузорӣ дар таъмини суботу оромии мардум, ҳимояи манфиатҳои давлату ҷамъият,таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати Миллӣ,иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, иҷрои сарбаландонаи хизматӣ,иҷрои вазифаи муқаддасу пуршарафи ҳифзи ватан, ҳисси баланди меҳанпарастиву эҳсоси қарзи фарзандӣ  бо сипосномаву ифтихорнома сарфароз гардонида шудааст.