Номаи шодбошии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода ба муносибати 31 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
1

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯз мову Шумо дар арафаи таҷлили ҷашни муқаддасу мӯътабар 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.

Ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҳамаи мардуми шарифи ноҳияро самимона ва сидқан табрик мегӯям.

Сию як сол муқаддам дар кишвари азизу маҳбуби мо руйдоди таърихие ба вуқуъ омад, ки он дар тақдири мардуми сарзамини куҳанбунёд ва аҷдодии мо таҳаввулоти куллӣ ва бунёдӣ ба вуҷуд овард. Нуҳуми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон боз як давлати ҷавон –Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибихтиёр арзи вуҷуд намуд, ин руйдоди таърихӣ башорати оғози марҳилаи наву тоза дар ҳаёти миллати тоҷик гардид.

Истиқлолият неъмати бебаҳои таърих буда, он бо талошу заҳматхои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи шарафманди тоҷик ба даст омада ҳар яки моро зарур аст, ки аз ин неъмати бебаҳо моҳирона истифода бурда, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Дар давраи истиқлолияти давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳамаи мо пеш бурдани корҳои ободонию созандагӣ паст кардани сатҳи камбизоатӣ, гузаштан ба технологияи нави ҳозиразамон, пойдор намудани сулҳу оромӣ мебошад. Ҳар як шаҳрванди бонангу номусе, ки ояндаи давлат ва миллатро азиз медонад бояд аз имконияту омилҳои аҳлонӣ ва моддии кишварамон такя карда, ба умеди дигарон нашуда, барои ободии ватани азизамон саъю талош ва заҳматҳои шабонарӯзӣ намояд.

Имрӯз ҳамаи мо шоҳидем, ки аз баракати ин неъмати бебаҳо кишвари соҳибихтиёри мо дар масири се даҳсолаи охир пайгирона то ба зинаи давлатдории муосир расид ва ҳоло ба сӯйи марҳилаи тозаи инкишофи хеш, таҳкиму тақвияти аркони давлатдории мустақили худ ва беҳтар намудани зиндагии сокинони меҳани азизамон бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф карда ба мақоми он арҷ мегузорад ва ташаббусҳои созандаашро ба хотири ҳаллу фасли масоилу мушкилоти гуногуни сайёра дастгирӣ менамояд.

Вақте мо доир ба нақши сарнавиштсози Истиқлолият дар ҳаёти ҷомеа ва давлат сухан мегӯем, бояд масъалаи сарҷамъиву иттиҳод, Ваҳдати миллӣ, инчунин аҳамият ва зарурати ҳифзи ин неъмати ниҳоят муқаддаси халқамонро ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур насозем.

Бақои миллат ва иқтидори давлат аз пойдориву устувории сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву Ваҳдати миллӣ вобаста аст. Дарки ҳамин арзиши ҳаёти миллати бостонии моро дар раванди руйдодҳои фоҷиабори ибтидои давраи соҳибистиқлолӣ аз парокандагиву пошхӯрӣ эмин нигоҳ дошт.

Ҳамзамон ба ин нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тундравӣ ва таассубу таҳрибкорӣ ба тафаккури мардуми мо бахусус наврасону ҷавонон нуфуз пайдо кунанд, зеро сарҷамъии миллат сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ аз ҷумлаи шоҳсутунҳои кохи муҳташами Истиқлол сарчашмаи бахту иқболи халқи тоҷик ва кафолати рушди мунтазаму устувори давлати тоҷикон мебошад.

Имрӯз Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти давраи ҷаҳонишавӣ ба марҳилаи сифатан нави тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии худ ворид гардидааст, ки пайгирона вусъат бахшидани ислоҳот, таъмин намудани самаранокии татбиқи он, рушди устувори иқтисодӣ ва бо ҳамин роҳ зина ба зина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва фароҳам овардани шароит барои рӯзгори шоистаи шаҳрвандони мамлакат вазифаҳои асосии ин давраи рушд мебошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти ҳамаҷонибаи соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоиро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои зарӯриро амалӣ гардонида омад.

Имрӯз ба таърихи сию як солагии навини хеш назар андӯхта, бо ифтихору сарфарозӣ гуфта метавонем, ки мо дар ин муддат бо татбиқи нақшаву барномаҳои созандаамон дар роҳи эъмори Тоҷикистони нав давлати ҷаҳонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон боз ҳам бештар заҳмат кашем, аз захираву имкониятҳои дар ихтиёр доштаамон оқилонаву самаранок истифода намоем, сарфаю сариштакор бошем, насли наврас ва ҷавононро дар руҳияи дӯст доштани илму дониш, худогоҳӣ, худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия намоем.

Дар ин даврон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат пешравиҳои назаррас ба миён омаданд, ки моро бори дигар дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ намуданд, мо дар тӯли 31-соли соҳибистиқлолӣ заминаҳои давлатдории навини худро гузошта, соҳиби Истиқлолияти воқеъии сиёсӣ гардидем ва ҳамчунин субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ эълон гардидем.

Чор ҳадафе, ки дар назди Ҳукумати кишвар дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ гузошта шуда буд аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳонидани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, ба даст овардани Истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат марҳала ба марҳала амалӣ шуда истодаанд.

Итминони комил дорем, ки ҳар фарди худогоҳ ва бо нангу номуси миллат ба қадри соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа расида ба қадри ободонии Тоҷикистони азиз мерасад, Истиқлолият, озодии сарзамини озодро чун гавҳари бебаҳо ва неъмати азизу муқаддас эҳтиёт мекунад.

Бигзор ормонҳои волои Истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ илҳомбахши ояндаи нек ва зиндагии шоистаи мардуми мо бошанд

Бори дигар куллӣ сокинони ноҳияро ба ифтихори 31 солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо сулҳу оромӣ, рӯзгори осуда, хушбахтиву иқбол ва барору комёбӣ орзумандам.

Ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед, ҳамдиёрони азиз.