Таҷлили «РӮЗИ ДОНИШ» дар МТМУ 1

0
50

Имрӯз дар баробари дигар шаҳру навоҳии кишвар дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ Рӯзи дониш оғози соли нави таҳсил зери унвони «Дарси сулҳ» бо як шаҳомати хоса истиқбол карда шуд.

Санаи 1-уми сентябри соли 2022 Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло дар оғози соли нави таҳсил аз мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и деҳаи Оббурдон дидан карда омӯзгорон ва хонандагони ин боргоҳи маърифатро ба Рӯзи дониш ва шуруъи соли нави таҳсил табрик намуд. Ҳангоми ироаи паёми табрикоти Раиси ноҳия таъкид кард, ки

-Рушду нумуи соҳаи маориф асоси пешрафти ҷомеа маҳсуб ёфта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ҳамин нуқтаро таъкид ва баҳри ҷорӣ намудани усулҳои нави таълиму тарбия пайваста ғамхорӣ менамоянд. Натиҷаи чунин дастгириву ғамхориҳои Роҳбарияти Олии мамлакат аст, ки имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистон аз ҷумла дар ноҳияи дурдасти Кӯҳистони Мастчоҳ мактабҳои наву замонавӣ сохта шудаву барои беҳтар намудани таълиму тарбия шароити арзанда фароҳам оварда шудааст. Сипас намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мансуров Мирзоалӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи дониш қироат кард.

Дар ин рӯз аз ҷониби Раиси ноҳия ба чанде аз хонандагони ятим ва аз оилаҳои камбизоатбуда сарулибоси мактабӣ лавозимоти хониш, инчунин аз ҳисоби соҳибкорон як адад компютер тақдим карда шуд. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и деҳаи Оббурдон 377 нафар хонанда дорад ва худи имсол 40-нафар ба синфи якум қабул карда шуданд.

Бояд гуфт, ки соли нави хониш ё худ Рӯзи дониш дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо як рӯҳияи болидаву масъулияти баланд истиқбол шуд. Тибқи маълумоти бахши маорифи ноҳия дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия масъулон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ширкат карда паёми табрикотии Раиси ноҳияро ба муносибати Рӯзи дониш ба самъи омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ расонида, инчунин дастаҷамъӣ тариқи телевизион суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ки бахшида ба Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон сурат гирифт тамошо карданд. Ҳамчунин тибқи супориши Раиси ноҳия бо мақсади иҷрои Барномаи компютерикунонии муассисаҳои таълимӣ бо ҷалби соҳибкорон шахсони хайрхоҳ ва падару модарон ба чанде аз муассисаҳои таълимии ноҳия як адади кампютери нав ва ашёи хониш тақдим карда шуд.

Аз рӯи ҳисоботҳои омории бахши маорифи ноҳия дар ҳудуди ноҳия бисту ҳафт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳашт муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ як мактаб- интернат ва ду кӯдакистон амал мекунанд, ки дар онҳо 5664 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шумораи омӯзгорон 620 нафарро ташкил медиҳад. Айни замон дар Донишгоҳ ва Донишкадаҳои Олӣ ва миёнаи махсуси ҷумҳурӣ 879 нафар донишҷӯёни ноҳия аз рӯи ихстисосҳои гуногун таҳсил намуда истодаанд. Дар соли 2022 тариқи Квотаи Президентӣ 19 нафар донишҷӯён аз ҷумла 9 нафар писарон ва 10 нафар духтарон таҳсил менамоянд. Соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия 620 нафар ба синфи якум қабул карда шуданд.                         Саидвоҳиди Қосим