Номаи табрикии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло бахшида ба Рӯзи дониш

0
15

Омӯзгорон ва хонандагони гиромӣ!

Соли равон дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон санаи муҳими таърихӣ, ҷашни миллию муқаддасамон 31 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30- солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Шумо омӯзгорону хонандагони азизро ба ин муносибат ва ба муносибати Рӯзи дониш табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ, хонаи обод, рӯзгори ободу осуда ва дар таълиму тарбияи насли наврас муваффақиятҳо таманно дорам.

Рушду нумуи соҳаи маориф асоси пешрафти ҷомеа маҳсуб ёфта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ҳамин нуқтаро таъкид карда баҳри ҷорӣ намудани усулҳои нави таълиму тарбия пайваста ғамхорӣ менамоянд.

Аз рӯи ҳисоботҳои омории бахши маорифи ноҳия дар ҳудуди ноҳия бисту ҳафт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳашт муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ як мактаб- интернат ва ду кӯдакистон амал мекунанд, ки дар онҳо 5664 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шумораи омӯзгорон 620 нафарро ташкил медиҳад. Айни замон дар Донишгоҳ ва Донишкадаҳои Олӣ ва миёнаи махсуси ҷумҳурӣ 879 нафар донишҷӯёни ноҳия аз рӯи ихстисосҳои гуногун таҳсил намуда истодаанд. Дар соли 2022 тариқи Квотаи Президентӣ 19 нафар донишҷӯён аз ҷумла 9 нафар писарон ва 10 нафар духтарон таҳсил доранд.

Ҳамасола маблағгузории соҳаи маориф зиёд гардида истодааст. Омӯзгоронро зарур аст, ки дар таълиму тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ дода, софдилонаю содиқона ба ватану миллати хеш хизмат намоянд.

Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат бахшида ба 31 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои рушди соҳа аз тамоми воситаю имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумат самаранок истифода намуда, дар ноҳия бунёди мактабҳои нав, таъмири мактабҳои мавҷуда ва таъмини онҳо бо лавозимоти зарурӣ ба роҳ монда шудаст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеъа ва махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Дар Паёми Сарвари давлат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қайд гардид, ки дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омўзгор дар навбати аввал аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди нерўи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад. Аз ҳамин нигоҳ вуҷуди устод муаллим ва омўзгор, ки машъали илму донишро дар пайкари зиндаги фурўзон менамояд, болотар аз пиндор ва дурахшонтар аз таҷлили хуршед аст. Касби омўзгорӣ муқаддастарин пеша ва асоси ободии ҷомеа буда, маҳз ў ба инсон зиндагӣ кардан, дӯст доштан, эҳёгарӣ, эҷодкорӣ ва шинохти оламу одамро меомўзад.

Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки мову Шумо бояд амиқ дарк намоем, ки дар вазъи кунунии бисёр ҳассосу печидаи ҷаҳон сарҷамъу муттаҳид ва зираку ҳушёр бошем, неъмати бузургтарини зиндагии халқамон, яъне Истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем, нагузорем, ки ҳеҷ як фарде ба диёру ватани орому осӯдаамон халал ворид намояд. Падару модарон, омӯзгорон, аҳли зиё ва ҳар як фарди ватандӯсту солимфикрро зарур аст, ки гароиши наврасону ҷавононро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ пешгирӣ намоянд.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар ба ҳамаи омӯзгорону хонандагон Рӯзи дониш ва ҷашни таърихии миллати тоҷик 31- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30- солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрику муборакбод гуфта, ба Шумо саломатӣ, рӯзгори осуда, файзу баракат ва барои аз худкунии илму донишҳои замонавӣ барору комёбӣ орзу менамоям.

Рӯзи дониш муборак омӯзгорону хонандагони азиз!