Дар иҷрои вазифа бояд масъулиятшинос бошем !

0
2

-Машварати кории назди Раиси ноҳия

Санаи 30-уми августи соли 2022 дар толори хурди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷаласаи назди Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо кормандони комиссарияти ҳарбии ноҳия, сохторҳои қудратӣ ва масъулини соҳаи маорифу тандурустӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа нахуст раиси ноҳия ба ҳозирин оид ба дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, ки санаи 29 уми август дар маркази вилоят баргузор гардида буд расонида иброз дошт, ки дар иҷроиши он бояд дастҷамъона масъулини ноҳия кор бурда баҳри ободии ноҳия ҳисаи арзишманди худро гузоранд. Ҳамчунин дар рафти ҷаласа масъалаи омодагӣ барои сафарбар кардани ҷавонон ба даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта аз масъулини комиссарияти ҳарбии ноҳия пурсиш ба амал оварда шуд. Дар идомаи ҷаласа дигар масъалаҳо, оид ба баррасии муроҷиати шаҳрвандон, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли хониш 2022-2023, омодагӣ ба пешвози ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди ҷамъоварии андоз, воридоти тухмиҳои босифат ба кишоварзон, захираи маводи озуқаворӣ, бетелаф ҷамоварии ҳосили картошка ва дигар зироатҳои полезӣ, зиёд кардани истеҳсоли асал дар ноҳия, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, дури ҷустан аз тақлид ва расму оини бегонапарастӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар охир Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода аз масъулин талаб намуд, ки дар иҷрои вазифаҳои гузошташуда саривақт чораандеши намуда ҳисси арзишманди худро дар ободонии ноҳия гузоранд.

Саидмаҳмад Шодиев