Муаррифии раиси нави Суди ноҳия.

0
11

Санаи 29-августи соли 2022 дар маҷлисгоҳи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ раиси нави Суди ноҳия, аз ҷониби Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иноятулло Ғуломзода муаррифӣ карда шуд.

Дар маросими муаррифӣ Иноятулло Ғуломзода, муовини якуми Раиси ноҳия Иноятулло Бурҳонзода ва дигар масъулину фаъолони ноҳия ширкат доштанд.

Нахуст Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иноятулло Ғуломзода ба сухан баромада гуфт, ки – Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.08.2022 № 428, Аҳмадзода Қаҳрамон Тоҳирҷон аз вазифаи муовини якуми суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд озод гардида, Раиси Суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таъин карда шуд. Дар ҷараёни суханрони Иноятулло Ғуломзода Раиси тозатаъини Суди ноҳия Аҳмадзода Қаҳрамонро ҷиҳати сазовор шудан ба боварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ин мақом таъин шуданаш табрик карда, ҷиҳати кору фаъолияти пурсамар ва пойдории адолати судӣ, инчунин ҳимояи қонуну тартибот дар кору фаъолияти судӣ барору комёбиҳо таманно намуд.

Мавриди зикр аст, ки қаблан бо Пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломзода Иноятулло Шарифҷон ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида буд. Бояд гуфт ки Ғуломзода Иноятулло аз 13.08.2012 инҷониб ба ҳайси Раиси Суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ фаъолият мебурд. Номбурда давоми 10-соли корияш бо маҳорату малакаи баланди касбӣ кору фаъолият карда, ҷиҳати татбиқи адолати Судӣ, таҳкими қонуният, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақш гузошта, инчунин барои фаъолияти пурсамараш дар байни мардум ва фаъолони ноҳия соҳибэҳтиром гардид. Ҳамин маҳорати баланди касбӣ ва хислати шоистааш ӯро ба мақомҳои болои расонд. Фаъолони ноҳия дар маросими муаррифӣ Раиси нави Суди ноҳия ва ҳузури Судяи Суди Олиии мамлакат Иноятулло Ғуломзодаро гарму самими истиқбол намуданд. Пас аз муаррифии Раиси Суд, маросими муаррифӣ ба як суҳбати озоду самими сурат гирифт. Чанде аз фаъолон низ суханронӣ намуда аз фаъолияти пурсамар ва ибратбахши Иноятулло Ғуломзода раиси пешини Суди ноҳия сифат карда фаъолияти ӯро намунаи ибрат ва шоистаи таҳсин хонданд. Аз ҷумла фаъолон чунин баён доштанд: — Боиси ифтихори ҳар фаъоли ноҳия мебошад, ки дар миёни кормандони мақомоти судии шаҳру навоҳии мамлакат Раиси Суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ҳайси Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар зимн пеш аз ҳама бовариву эътимоди Роҳбари давлат ба ин гӯшаи дурдасти Кӯҳистон ва кадрҳои лаёқатманди он мебошад. Инчунин маҳорату малакаи касби ва рафтори шоистаи худи Иноятулло Ғуломзода буд, ки ӯро ҳамчун гули сари сабад ба зинаҳои болои кашола кард. Фаъолон ва аҳли нишаст низ Раиси тозатаъини Суди ноҳияро табрик намуда изҳори умед карданд, ки Аҳмадзода Қаҳрамон, чун Раиси собиқи Суди ноҳия яъне Иноятулло Ғуломзода бо маҳорату малакаи касбӣ ва риояи қонуну баробари ва адолати судӣ кору фаъолият менамояд.

Аҳмадзода Қаҳрамон Тоҳирҷон санаи 19-уми декабри соли 1984 дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Соли 2002 МТМУ №1 хатм кардааст. Соли 2008 Донишгоҳи милии Тоҷикистон, факултаи ҳуқуқшиносиро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Аз соли 2005 дар мақомоти Судӣ фаъолият мебарад. Солҳои 2005- 2011 ба сифати котиби маҷлиси судии Суди шаҳри Конибодом кор кардааст. Солҳои 2011-2013 коромӯз- судя дар Суди шаҳри Конибодом. Моҳи августи соли 2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Судяи Суди шаҳри Истаравшан таъин гардида дар ин мақом то соли 2020 кор кардааст. Аз моҳи феврали соли 2020 то 19.08.2022 ҳамчун муовини якуми раиси Суди шаҳри Исфара кор кардааст. Оиладор соҳиби чор фарзанд мебошад ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.08.2022 № 428, Аҳмадзода Қаҳрамон Тоҳирҷон аз вазифаи муовини якуми суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд озод гардида, Раиси Суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таъин карда шуд.                                                                                                                                                 Саидвоҳиди Қосим