Се мактаби наву замонавӣ дар оғози соли хониш ба истифода дода мешавад.

0
3

Санаи  25-августи соли 2022 Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи таълимии 12 деҳаи Валиғонди ҷамоати Лангар дидан кард.

То шуруъи соли нави таҳсили 2022-2023 рӯзҳои ба шумор боқӣ мондааст. Тибқи маълумоти бахши маорифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ муассисаҳои таълимии ноҳия барои соли нави таҳсил омода буда, дар ин миён хонандагони деҳаҳои Дашт, Валиғонд ва Палдорак дар оғози соли хониш дар муассисаҳои наву замонавӣ ба дарс хоҳанд рафт.

Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло субҳи имрӯз аз рафти корҳои сохтмони муассисаи таълимии № 12 деҳаи Валиғонди ҷамоати Лангар дидан кард.Бояд гуфт,ки мактаби деҳаи Валиғонд бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо маблағи 4,5 млн сомонӣ бунёд гардидааст. Ин муассиса аз ду ошёна иборат буда, дорои 10-синфхона ва 4-утоқи корӣ барои омӯзгорон пешбинигардида, сохта шудааст. Қисми зиёди корҳои сохтмонӣ алакай ба анҷом расонида шуда, эҳтимолан дар оғози соли нави хониш мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Ҳамчунин дар канори муассисаи таълимӣ толори варзишӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардидааст. Илова бар ин аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳаи Валиғонд як бинои коргоҳи дузандагӣ ва бинои коркарди қурут ва маҳсулотҳои маҳҳалӣ дар арафаи анҷомёби қарор доранд. Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло ҳангоми боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ гуфт, ки ин ҳама аз шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф мебошад. Зеро дар оғози соли нави таҳсил дар ноҳия 3-муасссаи таълимии замонавӣ, ки ҳар яке дорои 240-ҷойи нишаст мебошанд, мавриди истифода қарор мегиранд, ки барои як ноҳияи дурдасте чун Кӯҳистон ободии беназир ва дар таърихи ноҳия камсобиқа мебошад. Ҳангоми боздид Раиси ноҳия ба сохтмончиён дастур дод, корҳои сохтмониро ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд. Бояд гуфт, ки бо қомат афрохтани мактаб бо тарҳу сохти замонавӣ, толори варзиши ва коргоҳи дузандагию коргоҳи коркарди маҳсулоти маҳҳалӣ симои деҳаи Валиғонд аз пештара дида назаррабо гардидааст. Омӯзгорон ва сокинони деҳаи Валиғонд аҳамияти ин иншоотҳои ҷамъиятиро хуб дарк карда дар канори сохтмончиён ба ҳашар баромада барои ҳарчӣ зудтар ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ кор карда истодаанд.                                                                 Паёми Кӯҳистон