Баргузории машварати маорифчиён дар Кӯҳистон

0
5

Санаи 24-уми августи соли 2022 дар маҷлисгоҳи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳия баргузор гардид.

Дар кори машварат Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, намояндаи Раёсати морифи вилояти Суғд Бахтиёр Сарҳадов, муовини Раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова, мудири бахши маорифи ноҳия, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва фаъолону собиқадорони соҳаи мориф ширкат доштанд.

Нахуст мудири бахши морифи ноҳия Сафар Салимов ба сухан баромада доир ба фаъолияти соҳаи маориф дар соли таҳсили 2021-2022 муфассал ҳарф зада нақшаҳо барои соли таҳсили 2022-2023-ро муаррифи намуд. Аз ҷумла гуфт, ки дар зери сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи маориф дар саросари мамлакат рушд карда истодааст. Дар баробари ин дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ ин соҳа бесобиқа рӯ ба рушд мебошад. Ба ҳамагон маълумаст, ки ноҳия дар солҳои аввали таъсисёби аз набудани мутахассисон саркарда то надоштани мактабу мушкилоти ҷойи нишаст дар мактабҳо муаммоҳои зиёде дошт. Хушбахтона ин мушкилиҳо марҳила ба марҳила ҳалли худро ёфта истодаанд. То ба имрӯз бисёре аз муассисаҳо таъмиру бозсозӣ шуда ва ин омил баҳри ҳалли мушкилоти соҳаи маориф дар ноҳия идома дорад.

Ба хусус ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солгаии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайр аз таъмиру сохтани синфхонаҳои иловагӣ 4- муассисаи нави таълимӣ, ки ҳар яке барои 240 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст, дар деҳаҳои Палдорак, Валиғонд, Ярм ва Дашт ба нақша гирифта шудааст, ки алакай қисми зиёди корҳои сохтмонии ин иншоотҳо ба наҷом расонида шудааст. Чунин тадбири созандагӣ дар раванди рушди ноҳия бесобиқа мебошад гуфт мавсуф. Ҳамчунин номбурда иброз дошт, ки  дар ноҳия 36-муассисаи таълимӣ амал мекунад ки дар он 5664 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки нисбати соли гузашта 60-нафар зиёд мебошанд ва аз ин шумора 2755 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Шумораи омӯзгорон 620 нафар буда, 115-нафарашон зан мебошанд. Аз инҳо 460-нафар дорои маълумоти олӣ, 150 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ буда шумораи омӯзгорон нисбати соли қаблӣ 24-нафар зиёд шудааст. Дар идомаи суҳбат доир ба омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш, таъмини муассисаҳо ба маводи сухт барои давраи зимистон, иҷрои Барномаҳои давлатӣ, таъсиси кабинетҳои фаннӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи омӯзгорон, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, омӯзиши фанҳои дақиқ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ муфассал ҳарф зад. Дар идома машаварат омузгори МТМУ №3 Мирзо Давлат ба сухан баромада доир ба рисолати омӯзгор ва роҳҳои омӯзиши илмҳои замони муосир бо истифода аз шароити фароҳамовардаи ҳукумати мамлакат ибрози назар кард. Ҳамчунин намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Сарҳадов Бахтиёр ба сухан баромада нахуст омӯзгоронро аз номи Сардори Раёсати маорифи вилоят бо оғози соли нави хониш табрик кард. Дар аснои суханронӣ таъкид кард, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи Роҳбарияти Олии мамлакат рӯз аз рӯз соҳаи маорифи мамлакат рушд карда истодааст. Бо истифода аз имкониятҳои фароҳамомада аз омӯзгорону масъулон даъват ба амал овард, ки баҳри таълиму тарбия ва рушду омӯзиши илмҳои замони муосир ба хонандагон сидқан корбарӣ намоянд. Дар рафти баргузории машварати августии кормандони соҳаи маориф Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло низ суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ нахуст аз фаъолияти омӯзгорон изҳори қаноъатмандӣ намуда, таъкид кард, ки дар меҳвари сиёсати Пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф яке аз соҳаҳои калидӣ ҳисобида шуда, Роҳбари давлат баҳри рушду тавсеи ин соҳаи муҳим дар кишвар пайваста дастгириву ғамхориҳо зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки сол аз сол муассисаҳои бузурги таълимӣ дар саросари мамлакат ба хусус дар ноҳияи дурдасти Кӯҳистон барои фароҳам овардаи шароити мусоиди таълим сохта шуда истодаанд. Ӯ гуфт, омӯзгорӣ касби пуршараф аст. Бояд омӯзгор бо рафтору одоб дар ҷамъият фарқ ва дар равиши таълимӣ басо сахтгиру ояндабин бошад. Раиси ноҳия таъкид кард, ки замони муосир басо даври ҳасосу пурмуаммо ва бо афзоиши ташкилоту гуруҳҳои ҷиноятӣ, зуҳуротҳои номатлуб терроризму экстремизм ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Мо бояд дастаҷамъона ба ин зуҳуротҳои номатлуб муборизаи беамон бурда, баҳри пешгирии ин амалҳои номатлуб дар байни хонандагон ҷиддан корабрӣ намоем. Ҳамчунин Бобозода Хайрулло ба масъулини соҳаи маорифи ноҳия бобати дар сатҳи баланд ва бо як рӯҳияи хуби идона баргузор намудани Рӯзи дониш яъне оғози соли нави хониши 2022-2023, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳо, захираи маводҳои сӯхт барои давраи зимистон, ташкили кобинетҳои фаннӣ, таъмини барномаҳои давлатӣ ва омузиши технологияи иттилоотӣ, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба равияҳои бегона, таъмини сарулибоси ягонаи мактабӣ, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил ва дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намудани насли наврас даструру супоришҳо дод.

Дар охир чанде аз омӯзгорон ва кормандони фаъоли бахши маорифи ноҳия бо сипосномаҳои Раёсати маорифи вилоят, сипосномаҳои МИҲД-и ноҳия, инчунин чандин хонандагони фаъол барои иштирок ва ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ дар олимпияда ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо диплом ва сипосномаю мукофтҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.                                                                               «Паёми Кӯҳистон»