МАШВАРАТИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯ

0
5

Рӯзи 18-августи соли 2022 дар толори биноми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолон машварати кори доир намуд.

Дар кори машварат нахуст дастуру вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари кори ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилоят баён доштанд баррасӣ карда шуд. Гуфта шуд, ки Пешвои миллат зимни машрат бо роҳбарону фаъолони вилоят, ба раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, самаранок истифодабарии  ҳар як ваҷам замин ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ, инчунин ҷамъоварии ҳосил дар давраи тиромаҳ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.Ҳамчунин дар ин машварати кори масъалаҳои дигар аз ҷумла – натиҷагири аз даъвати баҳорӣ ва омодагиҳо ба даъвати тирамоҳии соли 2022, вазъи зимистонгузаронии солҳои 2022-2023, омодагии муассисаҳои таълими ба соли хониши 2022-2023, пешгирии ҷавонон аз шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Оид банатиҷагирии аз рафти иҷрои давъати баҳори муовини якуми Раиси ноҳия Бурҳонзода Иноятулло ба сухан баромад. Зимни баромад қайд кард, ки комиссияи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ кори худро самаранок ба роҳ монда, нақшаи даъватро пеш муҳлат ва дар миқиёсӣ вилоят дуюмин шуда пурра ба иҷро расонид. Зикр шуд, ки бо вуҷуди ин дар рафти даъват аз ҷониби баъзе шаҳрвандон масъулин саҳлангори низ ҷой дошт. Вобаста ба ин Пракурори ноҳия Ҳасанов Аббос ба сухан баромад. Номбурда нахуст доир ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва қонун “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбиро “ муфассал шарҳ дод. У гуфт надонистани қонун аз ҷавобгари озод намекунад. Имрӯз дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ тағйиротҳо ворид шудааст.Барои иҷрои нақшаи даъват ҳамаи мо масъулем. Қонунгузор барои иҷрои нақшаи даъват ба Коиссарият ва ҳайати комиссияи нақшаи даъват ваколатҳо додааст. Дар сурати напазируфтани даъвати шахси масъул ва ҳозир нашудан даъватшаванда ҷарима сипас ба ҷавобгарии ҷинояти кашида мешавад. Аз масъулин хост, ки дар ин бобат дар канор набошанд, дар байни аҳолӣ ҷидди кор кунанд, зеро ин омил метавонад барои як ҷавони наврустае бояд ба шоҳроҳи зиндагӣ равад дар сурати иҷро накардани қарзи шаҳрванди доғдор мешавад. Инчунин оиди қонуну тартибот ва таълимот муфассал суханрони намуд. Сипас масъалаҳои дигари рузномаи маҷлис, зимимстонгузарони ва омодаги ба соли нави хониш муфассал барраси карда шуданд.  Дар охир Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло ба масъулин ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати амали намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни аҳолӣ, инчунин бобати омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ,таъмири муассисаҳои таълими ва омодаги ба соли хониш, таъмини сару либоси ягонаи мактабӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшави ба ҳизбу ҳаркатҳои иртиҷоӣ, корбари ва иҷрои саривақтии даъвати тирмоҳии дар соли 2022, ҷамъоварии беталафи ҳосил дар давраи тирамоҳ ва дигар масъалаҳои мубрам дастуру супоришҳои мушаххас дод.                                                                                                                                                                                                           Саидвоҳиди Қосим