ИДИ КАСБӢ МУБОРАК ВОРИСОНИ СИНО

0
10

Паёми табрикии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло ба муносибати Иди касбии кормандони соҳаи тиб.

Ҳамасола дар кишвари азизамон Тоҷикистони биҳиштосо 18-уми август ҳамчун Иди касбии кормандони соҳаи тиб ҷашн гирифта мешавад. Имсол иди касбии кормандони соҳаи тиб ба ду ҷашнвораи муҳими миллӣ, 31 солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми се даҳа соҳибистиқлолии мамлакат ба рушди ҳамаи ҷонибаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар ба хусус соҳаи тандурустӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда, барои табибон шароити арзандаи кори фароҳам овардааст. Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз зумраи ноҳия дурдасти мамлакат ба ҳисоб меравад. Ин ноҳия зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, айни замон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 1 беморхонаи марказӣ, 5 маркази саломатии деҳот ва 12 бунгоҳҳои тиббӣ амал мекунанд. Бо шарофатии соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар ин минтақаи дурдасти кӯҳистон барои табибон ва табобати беморон шароит муҳайё карда шудааст. Умедаст ки табибони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чун табибони дигар минтақаи мамлакат ҳамчун вориси Синои бузург бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида сидқан кор намуда, дар солимии аҳолӣ ҳиссаи арзандаи хешро мегузоранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шумо табибон ва ворисони Синои шуҳратёрро ба муносибати иди касбиятон самимона табрик намуда, бароят сарбаландӣ, умри дароз ва рӯзгори хушро таманно дорам.

Рӯзи иди касбии табибон муборак бошад!