Рӯзи варзишгарон хотирмон таҷлил шуд

0
3

Санаи 13-августи соли 2022 дар деҳаи Ланглифи ҷамоати Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бахшида ба Рӯзи варзишгарон, инчунин ба истиқболи бошукӯҳи 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаи кушоди вилоятии гуштини миллии гуштингирӣ баргузор гардид. Ин мусобиқа бо ташаббусӣ паҳлавони маъруфи кишвар Усто Устопиров дар ҳамбастаги ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия роҳандози гардид, ки дар ин мусобиқаи варзиши паҳлавонон аз шаҳру навоҳии вилоят аз ҷумла ноҳияи Ҷаббор Расулов,ноҳияи Мастчоҳ ва зодагони Бадахшону шаҳри Ваҳдат гирди ҳам омада буданд. Субҳи имрӯз фазои деҳаи Ланглиф идона ба назар мерасид. Бо вуҷуди ҳавои гарм ва вақти ташвишу корҳои саҳрои пиру барнои деҳа барои пазирои меҳмонон ва бошукӯҳ баргузор намудани чунин як мусобиқаи варзишӣ дар канори масъулин бо як самимияти хос даст ба кор буданд. Мусобиқа дар саҳни мактаби деҳа доир шуд. Дар ин мусобиқаи варзишӣ Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия Аҳмадзода Ҳотам, паҳлавони маъруми мамлакат Усто Устопиров, Толибов Холмуҳаммад намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат ва Сафаров Зайниддин корбаманди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия низ ширкат доштанд. Чорабинии варзиши бо садо додани суруди миллӣ расман оғоз шуд. Дар мусобиқаи кушоди вилояти гуштини миллии гуштангирӣ, ки дар деҳаи Ланглифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ доир шуд, паҳлавонон дар вазнҳои аз 27 то ҷамъи 90 кг байниҳам қувваозмои намуданд. Рафти қувваозмоиҳо тибқи муқаррарот басо ҷолибу дидани сурат гирифтанд. Барои усули беҳтарин ва ба гирандагони ҷойи якум, дуюм ва сеюм туҳфаҳои арзанда таҳия гардида буд. Пас аз анҷоми рақобатҳо чорабини ҷамъбаст гардида, беҳтаринҳо дар ҳар як вазн бо диплому

медалҳо ва туҳфаҳои хотирави қадрдони карда шуданд. Бояд гуфт, ки тули 13 соласт ки бо ташаббуси Устопиров дар ноҳия чунин мусобиқаи варзишӣ гузаронида мешавад.     Саидвоҳиди Қосим