ВАРЗИШ-ГАРАВИ САЛОМАТӢ

0
6

Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло ба муносибати Рӯзи варзишгарон

Ҳамасола дар саросари мамлакати азизамон Точикистон 10-август ҳамчун Рӯзи варзишгарон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат ҳамаи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи идашон самимона табрик намуда бароятон саломати ва будрбориҳо таманно дорам. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзиш ва оммавӣ гардонии варзиш дар мамлакат аҳамияти хоса медиҳад. Маҳз ҳамин таваҷҷӯҳи хосаи Ҳукумати мамлакат ва Роҳбарияти Олии онаст,ки дар мамлакат ба истиқболи 30- солгии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳазорҳои иншооти варзиши дар гушаву канори мамлакат сохта шуд. Ҳамчунин ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ боз дар ин самт иқдомҳои наҷибе рӯи даст гирифта шудааст. Чунин ғамхориҳо ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат аст, ки солҳои охир варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти сатҳи байналмиллалӣ иштирок, инчунин Парчам ва обрӯву эътибори миллати тоҷикро баланд бардошта, дар саҳифаи таърихи варзишгарони тоҷик ифтихороти наве зам намуда истодаанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи варзишгарони тоҷикро ба муносибати иди касбӣ яъне Рӯзи варзишгарон самимона табрик менамоям.

Рӯзи варзишгарони тоҷик муборак бошад!