ШУКРИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ БОЯД КАРД

Бо мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони имрӯз ва қудратхоҳиву ҷоҳталабӣ, инчунин шиддат гирифтани ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷои дар олам, амнияту суботи қисме аз давлатҳои олам баҳам задаву дар қисми дигар тақрибам амнияту осоиш номумкин гардидааст. Бо вуҷуди чунин ранг гирифтани вазъ дар олам, шукрона, ки зери сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизи мо Тоҷикистон сулҳу субот побарҷост. Дар баробари ин ҳамурӯза баҳри пешрафту субот дар мамлакат тадбирҳои муҳиме руи дастгирифта шуда, марҳила ба марҳила амали гардида истодаанд. Ҳар фарди тоҷикро зарураст, ки ба қадри ин тинҷию ороми ва суботи сиёсии побарҷои мамлакат бирасад ва онро ҳифз дорад. Чун дар бораи ноамни ва авҷи ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷои гуфтем, дар ин бобат дур намеравем, масалан бубинед кишвари ҳамҷавор ва ҳамзабони мо Афғонистон. Тули як соласт, ки ҳокимияти ин кишвар дар дасти Толибонаст. Ин гуруҳ ки солҳои тулони барои аз байн бурдани давлати қонунии Афғонистон кор кардаву билохира ҳокимиятро гирифтанд. Аммо пас аз гирифтани ҳокимият чи карданд? Ба миллату давлати хеш хиёнат ва зарбаҳои ҷуброннопазири таърихи ворид карданд. Аз сад мушкилот якеро мехоҳем ба барраси кашем. Аз ҷумла масъалаи ҳуқуқи занон ва манъи таҳсили духтарон дар ин кишвар. Дирӯз дар тв “BBC»-и форси гузорише дидам, ки аз вазъи тавалудхонае дар Бадахшони Афғонистон қисса мекард. Гуфта шуд, ки дар ин таваллудхона доруе барои таскини занон вуҷуд надорад. Баъзе занони ҳомила аз шиддати дард то расидан ба бемористон ҳалок шудаву баъзеи дигар фарзандашонро аз даст додаанд. Инчунин гуфта шуд, ки бемористон чандон шароити кофи надорад аммо бо вуҷуди ин пур аз бемор аст, ки аксари занони афғон барасари гуруснаги низ тифлашон дар батни модар нобуд шудааст. Инчунин ҳаводиси дигар ки моҳи августи соли гузашта Толибон Афғонистонро гирифтан мардум аз тарси ҷон рехтан ба фурудгоҳ ва ҳатто аз бими ҷон аз ҳар гушаи ҳавопаймо худро ҷой карданд то дар кишвари худ бираванд, аммо вақти парвоз табиатан аз суръати баланди ҳавопаймо ба замин сарозершуда ҳалок шуданд, ки ин ҳаводис дар таърих чун як ҳодисаи доғ ёддошт хоҳад шуд. Хулоса гузориши телевизиони “BBC»-и форсӣ чунон ҳузнангез буд. Агарчи ба назар ин гузориш дилхарош буд, тасаввур кунед занон ва духтарони ин минтақа чи ранҷҳоеро паси сар мекунанд. Бо умеди хориҷиҳо касе пешрафта нашудааст ва намешавад. То дирӯз Амрико бо неруҳояш ба ном ҳимояи миллати афғон ҳузур дошт. Аммо ҳаминки гуруҳи маддиназараш ҳоким шуд хоки кишварро тарк кард. Ҷаҳон муддате дар фикри ин миллат шуд ки гурусна намонанд, аммо дар ҷаҳон мушкили дигар сар зад мардуми афғон ба гушаи фаромуши супурда шуд. Аз ин маълум мешавад, аз ҳарчи бошад аз худат намон. Мақсад аз ин гуфтаҳо чист? Инаст, ки мо бояд ҳушёр бошем, зирак бошем ва ибрат гирем. Зеро оқибати гуруҳбозию манфиатхоҳии ин ё он шахсият чунин балоеро сари миллат меорад, ки ҷуброннопазир хоҳад буд. Мо бояд атрофи касе бошем, ки дар ғами миллатаст. Мо ҷонибдори касе бошем ки у ғамхори миллатаст. Мо бояд ин шукри неъматҳо?: Сулҳ, Ваҳдат, Истиқлолият, осудаги ва пойдории комили сиёсии мамлакатро ба ҷой орем ва ҳаркуҷое ки бошем дар фикри суботу ороми ва пешрафти ватани азизамон Тоҷикистон бошем. Албатта навиштанҳои мо барои таънаю маломати ҳамсоя нест, балки ҳадафи мо инаст мо бояд донем ва ибрат гирем, ки худхоҳи, беганопарастӣ, хоҷапарастӣ, иғвоангези оқибат ба чи оварда мерасонад. Тоҷикистон азизи мо пас аз пошхурии Иттиҳоди Шӯравии собиқ, имрӯз дар остонаи 31-умин солгарди Истиқлолияти давлати қарор дорад. Беш аз се даҳа аст, ки дар мамлкат сулҳу субот побарҷост. Роҳбари оқиле ба тақдири миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омад Тоҷикистонро пас аз давлати шуҳратёри тоҷикон Сомониёни дар асри даҳ, дубора дар олам шуҳратёру обод кард. Пас мо бояд аз пайрави ба гузаштагон, дар ҳамидилию ҳамрайъи ва пайрави бо Пешвоии муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири ободони ва пешроафту шукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистон ҳамқадаму ҳамроҳ бошем.Миллати сарбаланду бофарҳанги тоҷик зинда бод, “Тоҷикистон ба пеш!”