Ҷамъоварии ҳосили зардолу дар Кӯҳистон

0
34

Имсол дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ нисбати солҳои қабл ҳосили боғу зироатҳои мардум хеле пурбору бо самар ба назар мерасанд. Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дорои ду ҷамоат яке ҷамоати Лангар, дигари ҷамоати ба номи “Иван-Тоҷик” мебошад. Сокинони ҷамоати Лангар вобаста ба иқлими муосид аксаран ба парвариши картошка машғул буда, сокинони ҷамоати ба номи “Иван-Тоҷик” бошад бештар бо боғдори машғуланд. Айни замон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷамъоварии меваҷот аз ҷумла зардолу ба маром ҷараён дорад. Ҳосили имсола тибқи мушоҳидаҳо басо пурбору самрабахш ба назар мерасад. Шохҳои дархатони зардолу аз пурбори чун шохаи ангур ба суи замин сар хамкардаву аз фаровонҳосилии имсол мужда медиҳанд. Дар баробари ин ҳосили себ низ умедворкунанда дида мешавад. Солҳои охир зардолуи хушк ва себи Кӯҳистон дар бозорҳои мамлакат харидори бештар пайдо карда дили деҳқоқнонро ба парвариш ва омода намудани ин навъи меваҳо бештар ҷалб кардааст. Пештар аз ин, ки ин меваҳо чандон харидор надоштанд, мардум камтар зардолуро парвариш карда, инчунин ҳосили себро майда карда бо чорвояшон медоданд, аммо бо пуррангшудани бозори мева акнун мардуми Кӯҳистон дар баробари парвариши картошка ба парвариши мева ва боғдорӣ низ аҳамияти хоса медиҳанд. Гуфтан ба маврид аст, ки ҳосили себу зардолу дар баробари картошка як василаи муҳими даромади деҳқонони Кӯҳистон гардидааст. Соли гузашта низ ҳосили мева дар Кӯҳистон хуб шуда буд ва ҳатто харидорон дар манзили деҳқон дастранҷашро бо нархҳои хубу дастрас харидорӣ карда буданд. Ин омил боз ҳавасмандии аҳли заҳматро дучанд гардонид, ки имрузҳо сокинони ноҳия маҳсули дастранҷи хеш, аз ҷумла зардолуро бо шуру-шавқ ҷамъварӣ ва бо усули бобои болои санрезаҳо хушк карда истодаанд. Умедворанд, ки имсол низ мисли соли гузашта харидорон омада аз паси дарашон бо нархҳои муносиб харидорӣ мекунанд. Тибқи иттилои бахши кишоварзӣ, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 595 га боғ буда ҳамасола бо бунёди боғҳои нав зиёд мешаванд. Инчунин имсол тибқи дурнамо заҳматкашони ноҳия бо истифода аз имконот ва шароити иқлим дар майдони 2851 га кишти картошка, 137 га ғалладонагиҳо, инчунин дар майдони 55 га замин сабзавотҳо кишт кардаанд, ки ҳосилноки боғот ва зироатҳо нисбати соли гузашта беҳтару хубтар мебошад.                                                                            Саидвоҳиди Қосим