ШАНБЕГӢ ДАР ШАҲРАКИ МЕҲРОН

0
5

Тибқи барқияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 29.07.2022, 466-9/16, субҳи 30-юми июли соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо ҷалби аҳолӣ бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва тозаву озода намудани муҳити зист шанбегии дастаҷамъона доир карда шуд. Ҳашарчиён дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳия кӯчаву роҳравҳо, ҷуйборҳо, маконҳои ҷамъиятӣ, боғу гулгаштҳоро тозаву озода намуданд.

Бадин минвол дар маркази маъмурии ноҳия шаҳраки Меҳрон низ бо ҷалби масъулину фаъолон шанбегӣ гузаронида шуд. Иштирокчиёни шанбегӣ ба таври дастаҷамъӣ боғи Парчам ва Нишони назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, роҳраву кӯчаҳо ва ҷуйҳои атрофи шаҳракро аз ҳаргуна партовҳо тоза намуданд.

Масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ пайваста ба хотири тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, дар ҳудуди ноҳия чунин шанбегиҳоро ташкилу баргузор менамоянд.               «ПАЁМИ КӮҲИСТОН»